Вазъи «Осорхонаи таърихи адабиёти Бухоро» чӣ гуна аст?

Дар Бухоро садҳо шоирони соҳибдевон зиндагиву эҷод кардаанд. Вале кормандони осорхона бо овардани панҷ нафар адибони бухороӣ ва чанд адиби дигар, ки дар ин ҷо зиндагиву эҷод кардаанд, қаноат намудаанд.

 

Нияти сафар ба Бухоро надоштам, зеро аввали соли равон ба зиёрати ин шаҳр рафта будам. Писари калониам Ҷовид, ки аз Амрико ба таътил омада буд, хостан ба ӯ ҳамроҳӣ кунам. Ӯ доктори илмҳои техникӣ бошад ҳам, ба таъриху фарҳанги кишварамон ва тамошои ёдгориҳои таърихӣ шавқу ҳаваси зиёд дорад. Оре, муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад.

Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хидмат кардан аст. Пазмон шудааст Ҷовид Ӯзбекистонро. Ёдгориҳоро ба навор ва акс гирифта ба набераҳо фиристонд.

Ронандаи таксӣ моро ба меҳмонхонаи «Ал-Раҳмон»-и шаҳр расонд. Меҳмонхонаи мо аз ансамбли меъмории Пойи Калон, ки се иншооти таърихӣ: Минораи Калон, Масҷиди Калон ва мадрасаи Мири Арабро муттаҳид мекунад, дар масофаи 50-55 метр воқеъ буд...

Зиёратро аз мақбараи Исмоили Сомонӣ оғоз намудем. Меҳмонон зиёд буданд дар саҳнаи назди мақбара. Гурӯҳ-гурӯҳ бо ҳам ба ҳар забон ҳарф мезаданд. Назди онҳо ман гунгу лол будам. Зеро ғайр аз забони русиву ӯзбекӣ ва забони модариам дигар забонро намедонам. Забон донӣ, ҷаҳон донӣ, гуфтаанд. Маънии ин ҳикматро он ҷо бештар дарк намудам. Ҷовид, ки ба забонҳои англисиву олмонӣ ва итолиёӣ хуб балад аст, бо он сайёҳон озод ҳарф мезад, суҳбат менамуд... Пас аз дидани Чашмаи Аюб, тамошои Аркро ба рӯзи дигар вогузошта, дар Лаби Ҳавз рӯ ба рӯйи Насриддин Афандӣ таом хӯрда,сипас мадраса ва хонақоҳи Девонбегиро тамошо кардем.

Дар куҷое хонда ё шунида будам, ки дар мадрасаи Кӯкалтош растаҳои тиҷоратӣ ва осорхонаи давлатӣ таъсис додаанд. Медонистам, ки устод Садриддин Айнӣ дар ин мадраса солҳои тӯлонӣ зиндагӣ кардааст. Ба мақсади зиёрати ҳуҷраи Устод ба ин ҷо омадем. Чун ба мадраса ворид шудем, бонуе, ки он ҷо буд, гуфт: – Хуш омадед, ба осорхонаи Устод Айнӣ. Дар худ намеғунҷидам аз хурсандӣ. Дар шаҳри Бухоро осорхонаи Устод Айнӣ! Албатта, ин арҷгзорӣ аст ба Устоди бузург. Зеро аллома дар ташаккул, худшиносиву худогоҳӣ ва маънавияту маърифати аҳли Бухоро саҳми назаррас гузоштааст. Устод Садриддин Айнӣ натанҳо асосгузори адабиёти навини тоҷик, балки яке аз поягузорони адабиёти муосири ӯзбек низ мебошад. Бинобар ин, нисбати Устод ҳар қадар арҷгузорӣ кунем, кам аст.

Воқеан, мадрасаи Кӯкалтош (дар баъзе манбаъҳо Кӯкалдош) бузургтарин мадрасаи дуқабатаи натанҳо аморати Бухоро, балки Осиёи Миёна ба шумор меравад. Солҳои 1568-1569 таҳти раёсати яке аз мансабдорони дарбори Абдуллохони шайбонӣ – Қулбобои Кӯкалтошӣ сохта шудааст. Калимаи «кӯкалтош» маънои «бародарони ҳамшир»-ро дорад, яъне Абдуллохон ва Қулбобо шири як модарро макидаанд. Амирону хонҳо ба бародарони ширхораи худ мансаб ва вазифаҳои калонро пешкаш менамуданд. Ин ҳодиса дар зиндагиномаи Алишери Навоӣ ва Ҳусайн Бойқаро низ ба мушоҳида расидааст.

Устод Айнӣ дар «Кӯчидани ман ба мадрасаи Кӯкалтош» (Ёддоштҳо, Душанбе, «Адабиёти бачагона», саҳ. 567-571) ном ҳикояташ оид ба мадрасаи Кӯкалтош маълумоти муфассал додааст. «Мадрасаи Кӯкалтош калонтари мадрасаҳои Бухоро буда, дуошёна ва дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ аст ва ҳуҷраҳои ӯ ҳам нисбат ба ҳуҷраҳои мадрасаҳои дигар дар истиқомат бобтар буданд. Бештарини ҳуҷраҳои ошёнаи якумаш яккаравоқ буда, дар пушти ҷойи нишаст ганҷина дошта, дар вай аз як равзани зери сакфиаш рӯшноӣ медаромад.» (Саҳ. 567).

Ба мадраса ворид шудем. Дар дасти рост гӯшае ташкил намудаанд, ки он ҷо асарҳои солҳои пеш нашршудаи Устод Айнӣ бо ҳуруфоти арабиву лотинӣ ва криллӣ ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ гузошта шудаанд. Дар ибтидои ин гӯша сурати Устод Айниро пас аз 75 дарраи амир гузоштаанд.

Чун аз гӯша гузаштед, ҳуҷраи дуқабатае мавҷуд аст, ки ба гуфтаи бонуи роҳбалад ҳуҷраи Устод Айнӣ будааст. Дар қабати дуюм кӯрпача ва дигар асбобҳои зиндагӣ гузошта шудаанд. Қабати якум ҷойи шустушӯ будааст, қабати  дуюм ҷойи зиндагиву дарсхонӣ. Кас худро дар ин ҷо озод ҳис мекунад. Дар «Ёддоштҳо» омадааст: «Ҳуҷрае, ки ман дар аввали ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчиданам истиқомат мекардам, дар гӯшаи ҷанубӣ, дар ошёнаи дуюм буда, беравоқ, аммо се нишастгоҳ дошт: нишастоҳи якум дар зери гунбази фарохи баланде буда, аз даричае, ки ба тарафи шарқ, ба пушти мадраса кушода мешуд, рӯшноӣ мегирифт; дуюм бар болои роҳрави умумии гӯшаи даромад воқеъ шуда буд, ки сақфи пастак дошт ва аз даричае, ки ба даруни мадраса кушода мешуд, ки ба вай аз нишастгоҳи якум бо чанд поғунда зина баромада мешуд ...» (саҳ. 567-568).

Бонуи роҳбалад ба мо ҳуҷраи Устодро дар ошёнаи якум нишон дод. Баъдтар Айнӣ ба ошёнаи якум кӯч бастааст. Ин нуктаро навиштаҳои ӯ низ тасдиқ мекунанд: «Ҳуҷрае, ки ман дар аввали ба мадраса кӯчиданам  зиндагӣ мекардам», менависад ӯ. Пас маълум мешавад, ки Садриддин Айнӣ баъдтар дар ошёнаи якум ҷой гирифтааст.

Ба ҳуҷраи муқобили ҳуҷраи Устод гузаштем. Он ҷо дар девор аксҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзода гузошта шудаанд. Рӯйи мизҳо, зери оина китобҳои Устод ва Ҷалол Икромӣ ҳастанд.

Симои Устод Рӯдакӣ, ки дар Бухоро зиста, ба адабиёти форсӣ асос гузоштааст, рӯйи гилеми дастбофт бо маҳорати баланд тасвир ёфтааст. Рӯдакӣ аввалин ва беҳтарин қасидаро дар васфи Бухоро навиштаву сурудааст:

Буйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме...

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме...

Номи «Рӯдакӣ» дар гилем сабт ёфтааст, вале доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ маълумоте нест. Дар ин ҳуҷра се акси асосгузори адабиёту маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна Аҳмади Дониш гузошта шудааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти «ситораи тобони» фазои Бухоро маълумоти мухтасар додаанд.

Оид ба фаъолияти Ҷалол Икромӣ чизе нест. Танҳо ду китобашро зери оина гузоштаанд. Сурати нависанда, тарҷумон ва драматурги машҳури тоҷик Сотим Улуғзода низ дар сафи Ҷалол Икромӣ ҳаст.

Дар Бухоро садҳо шоирони соҳибдевон зиндагиву эҷод кардаанд. Вале кормандони осорхона бо овардани панҷ нафар адибони бухороӣ ва чанд адиби дигар, ки дар ин ҷо зиндагиву эҷод кардаанд, қаноат намудаанд. Бояд гуфт, ки танҳо дар нимаи дуюми асри XIX то солҳои 30-юми асри ХХ дар Бухоро даҳҳо нафар адибон ба воя расидаанд, чун Ҳайрат, Савдо, Мунзим, Мирзо Сироҷ, Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон. Хуб мешуд, агар акс ва осори онҳоро низ мегузоштанд.

Масалан, Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933) ҳамагӣ 34 сол умр дид. Дар ҳамин умри кӯтоҳ ӯ тавонист аз худ мероси ғанӣ гузорад. Ӯ низ дар «Осорхонаи таърихи адабиёти Бухоро» ҷой пайдо накардааст.

Пас аз тамошои осорхона баробари хурсандӣ, дилгир ҳам шудем, зеро харобу нокомил аст.

Ҳилола Ғуломова,

омӯзгори мактаби таълими ҳамагонии рақами 25-уми шаҳри Бухоро.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: