Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо

  • Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо
  • Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо
  • Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо
  • Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо
  • Намангон – Иваново: марҳалаи нави ҳамкориҳо

Сафари ҳайати намояндагони Намангон бо роҳбарии ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов ба Федератсияи Русия пурсамар гардид.

Сафар бо мақсади рушди соҳаи саноат, иқтидори содиротии вилоят ва ба ҳудуд ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ташкил карда шуд.

Ҳокими вилоят дар доираи сафар ба вилояти Иваново бо роҳбари корхонаи «ОТК Производство» Артур Аракелян мулоқот кард.

Қаблан ин сармоягузор дар ноҳияи Тӯрақӯрғон ду корхонаи нассоҷии «Рунамтекс»-ро таъсис дода буд. Ин корхонаҳо бомуваффақият фаъолият карда, дар онҳо зиёда аз 800 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Корхона моҳе ба маблағи 2-3 млн. доллар маҳсулот содир мекунад.

Дар доираи мулоқот аз рӯйи бунёди фабрикаи сеюм дар ноҳияи Тӯрақӯрғон бо ҷалби 50 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ба мувофиқа расиданд. Пас аз анҷоми корхонаи  сеюм дар вилоят 1500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ҳаҷми содироти солона ба 35-40 миллион доллар хоҳад расид.

Ҳайати намояндагон дар шаҳри Москва инчунин аз корхонаи «Ant Yapi Ticaret Sirketi» боздид ба амал оварданд.

«Ant Yapi Ticaret Sirketi» ширкати сохтмонӣ ва рушди туркӣ аст, ки чандин лоиҳаҳои бузургро дар ҳудудҳои Русия амалӣ кардааст. Ҳоло 20 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, аз ҷумла тақрибан ҳазор коргар аз вилояти Намангон дар ин ҷо кор мекунанд.

Дар мулоқоте, ки дар ҳудуди маҷмааи истиқоматии «Остров»-и ширкат дар Москва баргузор шуд, ҳокими вилояти Намангон бо зиёда аз 50 нафар ҳамватанон суҳбат карда, аз шароит ва имкониятҳои кории онҳо воқиф гардид. Мушкилот ва масъалаҳое, ки аз тарафи ҳамдиёрон гуфта шуд, ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, Дилшода Ҳакимова аз ҳокими вилоят хоҳиш кард, ки дар ҳалли мушкилоти манзилаш кумаки амалӣ расонад. Ҳокими вилоят ба масъулони дахлдор вазифа дод, то масъаларо ҳал кунанд.

Иштироки ҳайати намояндагони вилояти Намангон дар  Шӯрои II минтақаҳои Федаратсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пурсамар гузашт.

Дар доираи чорабинии байналмилалӣ, ки дар пойтахти Русия баргузор гардид, ҳоким бо губернатори вилояти Самара Вячеслав Федоришев мулоқот анҷом дод.

Вилояти Самара аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле рушд ёфтааст, дар бахшҳои саноати нафту газ, коркарди металл, мошинсозӣ ва ҳавопаймоӣ пешқадам аст. Роҳбарони ҳар ду вилоят барои таҳким бахшидани робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкорӣ мекунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ шартнома имзо карданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: