Ӯзбекистон 26 октябри соли 1993 узви ЮНЕСКО гардид ва дар давраи гузашта дар кишвари мо бо ин ташкилоти бонуфузи СММ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
ЮНЕСКО бо масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шуғл варзида, тавре ки дар низоми он қайд гардидааст, ҳадафи асосии ин ташкилот «...саҳм гузоштан ба таҳкими сулҳ ва амният тавассути рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсия ва сайёҳӣ мебошад». Ин созмони байналмилалӣ инчунин дар ҳалли масъалаҳои мубориза бо бесаводии оммавӣ, рушди низоми маориф, омӯзиши фарҳангҳои миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Тақрибан 400 созмон ва бунёдҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ, иттиҳодияҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ бо ЮНЕСКО ҳамкорӣ мекунанд. Буҷаи ЮНЕСКО аз саҳм (пардохт)-и кишварҳои узв ташаккул меёбад.
Ӯзбекистон 26 октябри соли 1993 узви ЮНЕСКО гардид ва дар давраи гузашта дар кишвари мо бо ин ташкилоти бонуфузи СММ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Конфронси генералӣ мақомоти олии ЮНЕСКО буда, ҷамъомадҳои он дар ду сол як маротиба баргузор мешаванд. Дар тӯли 80 соли таърихи ин созмон ҷаласаҳои Конфронси генералӣ танҳо як маротиба — соли 1985 дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шудааст. Ҳамаи ҷаласаҳои дигар бошад, дар Париж — қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор мегарданд.
Соли 2023 ЮНЕСКО оиди дар соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор намудани иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии навбатӣ қарордоди махсус қабул кард. Қарори таърихии мазкур аз ҷониби 194 кишвари узви созмон қабул гардида, бешубҳа ба ҷараёни ислоҳотҳои васеъмиқёсе баҳои баланд мебошад, ки ҳоло дар кишвари мо амалӣ мегарданд.
Бесабаб шаҳри Самарқанд ҳамчун қароргоҳ интихоб нагардид: ин шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавон ҳамавақт маркази вохӯриҳои таърихӣ ва муколамаи тамаддунҳо буд. Дар ин ҷо фарҳангҳои гуногун бо ҳам вохӯрда, якдигарро пурра ва ғанӣ гардонидаанд.
Дар доираи иҷлосияи конфронси ЮНЕСКО иқтидори фарҳангӣ, таърихӣ, илмӣ-маърифӣ ва сайёҳии Ӯзбекистон, инчунин саҳми назарраси он ба тамаддуни ҷомеаи ҷаҳон намоиш дода мешавад.
Дар Самарқанд баргузор гардидани конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ: гузаштаи муштарак ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ барои рушди устувор ва шукуфоӣ» (соли 2017), Форуми Осиё ва форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон (солҳои 2018 ва 2020 ), Саммити роҳбарони давлатҳои СҲШ (соли 2022), инчунин, пас аз як соли он баргузор гардидани иҷлосияи 25-уми Сарассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) собит намуд, ки Самарқанд маркази конфронсҳои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Баргузор гардидани иҷлосияи 43-юми Конференсияи Генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд на танҳо барои мамлакати мо, балки дар таърихи созмони мазкур низ воқеаи оламшумул мебошад. Дар он баробари ҳайати намояндагони бонуфузи ҳамаи давлатҳои узви ЮНЕСКО тамоми котиботи ташкилот иштирок намуда, мақсад ва вазифаҳои барномавии миёнамуҳлати ЮНЕСКО, буҷаи ташкилоти мазкур барои солҳои 2026-2027, таҷлили 80-солагии ЮНЕСКО, тасдиқи номзадии Директори нави генералӣ ва як қатор масъалаҳои марбут ба ваколатҳои созмон баррасӣ хоҳанд шуд.
ЮНЕСКО ба гузаштаи ғании таърихӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, тавре ки таъкид гардид, бо иштироки кишвари мо барномаву лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намудааст. Ба сифати самараи аввалини ҳамкориҳои дуҷониба китоби «Таърихи тамаддунҳои Осиёи Марказӣ»-ро номбар кардан мумкин аст.
Ин китоб, ки аз 6 ҷилд иборат аст, як рӯйдоди ҷаҳонӣ буда, аз соли 1992 то 2001 аз ҷониби ЮНЕСКО нашр гардидааст. Дар нашри ин китоб, ки таърихи тамаддунҳои Осиёи Марказиро аз замони қадим то асри ХХ инъикос мекунад, дар баробари олимони даҳҳо кишвари ҷаҳон, муаррихону бостоншиносони ӯзбекистонӣ низ фаъолона иштирок карданд.
Кишвари мо аз қатори мамлакатҳое ҷой гирифтааст, ки шаҳру мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои қадимаи зиёд дорад, олимону донишмандони он дар инкишофи илмҳои ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, комёб гаштаанд. Ҷашни солгарди шаҳрҳои таърихии Бухоро, Хева, Тирмиз, Шаҳрисабз, Самарқанд, Марғелон, Тошканд, солгарди донишмандон чун Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мӯсо ал-Хоразмӣ, Имом ал-Бухорӣ, Аҳмад ал-Фарғонӣ, Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Камолиддини Беҳзод, инчунин 1000-солагии достони мардумии «Алпомиш» дар соли 1999, 2700-солагии «Авесто» дар соли 2001 ва 1000-солагии таъсиси Академияи Маъмуни Хоразм дар соли 2005 таҳти роҳбарии ЮНЕСКО васеъ таҷлил карда шуданд.
Фестивалҳои ҳунарии «Таронаҳои Шарқ», «Баҳори Бойсун», санъати ҳунармандӣ ва мақому бахшигӣ, ки таҳти ЮНЕСКО баргузор мегарданд, натанҳо эътирофи фарҳангу санъати волои халқи мо гардид, балки дар рушду тавсеъа ва дастгирии ин навъҳои фарҳангу санъат низ мавқеи пешсафро ишғол намуд.
Аз Рӯйхати намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО 15 унсури мероси фарҳангии ғайримоддии мардуми мо, аз ҷумла Шашмақом, анъанаҳои фарҳангии Бойсун, Катта ашула, аския, фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба палав, анъанаҳои ҷашни Наврӯз, ҳунарҳои дастии Марғелон, технологияҳои анъанавии тайёр кардани атлас ва адрас, лазгӣ, санъати миниатюра, бахшигӣ, санъати анъанавии бофандагии абрешим, ҳикояҳои анъанавӣ дар бораи Хоҷа Насриддин, кулолгарӣ, санъати иллюминатсия — наққошӣ, инчунин сохтан ва навохтани рубоб ҷой гирифтааст.
Ҳафт макони ёдгории кишвари мо, аз ҷумла маҷмааи Ичан қалъа дар Хева, марказҳои таърихии шаҳрҳои Бухоро ва Шаҳрисабз, «Самарқанд – дар чорроҳаи фарҳангҳо», «Тяншани Ғарбӣ», «Даштҳои Турон» ва «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шудаанд.
Ғайр аз ин дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Ҷоизаи байналхалқии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ барои ҳавасмандгардонии муколамаи илмӣ тавассути таблиғи одобу ахлоқ дар соҳаи зеҳни сунъӣ таъсис дода, дар рӯзҳои наздик бо ин ҷоиза рағбатнок гардонидани ғолибони аввалини он ба нақша гирифта шудааст.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».