Пахтакорони ҳимматбаланди вилояти Бухоро нақшаи шартномавии соли ҷориро сарбаландона иҷро карданд. Ба пунктҳои қабул бештар аз 372 ҳазору 300 тонна ашёи хоми сифатнок супорида шуд.
Қисми зиёди ҳосилро навъҳои воло ташкил мекунад. Ин комёбӣ натиҷаи ислоҳоти соҳа, ғамхориҳои сарвари давлат, меҳнати фидокоронаи деҳқонон, таҷрибаи бисёрсола ва самараи ташкили оқилонаи мавсими ғунучини ҳосил аст.
Бо вуҷуди мураккабии обу ҳаво, норасоии об деҳқонони пуртаҷриба имсол низ ҳосили фаровон рӯёнданд. Онҳо баҳори соли ҷорӣ (3 ҳазору 246-то хоҷагиҳои фермерӣ) дар 85 ҳазор гектар майдон пахтаи навъҳои «Бухоро-6», «Бухоро-8», «Бухоро-10», «Бухоро-102», инчунин навъи чинии «Шинҷон Уйғур» корида, ба орзуяшон расиданд. Пахтаи навъҳои «Xin Lu Zuo 57» (таҷрибаи «Шинҷон Уйғур»-и Чин) ду қатор зери пардаи сунъӣ кишт ёфта, бо усули «чакраоб» нашъунамо меёбад, то 70 сентнер ҳосил дода метавонад. Имсол дар вилоят дар 21,5 ҳазор гектар майдон ин навъҳо аз таҷриба гузаронида шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар давоми сол ҳангоми парвариши ниҳолҳо аз усулҳои нав аз қабили усули инноватсионии обёрӣ, бо қубурҳои хамшаванда истифода бурда шуд. Бо мақсади нашъунамои ниҳолҳо ва 3-5 сентнер афзоиш додани ҳосилнокӣ моддаҳои фаъоли биологӣ – биостимулятор татбиқ гардид. Сари вақт дефолиатсия карда шудани майдонҳои пахта имконият дод, ки қисми асосии ҳосил дар шароити мӯътадил ва беборишии обу ҳаво ҷамъ оварда шавад. Дар ҷараёни ҳосилғундорӣ 2 ҳазору 310-то отряди пахтачинӣ, 2 ҳазору 520-то трактор, 3 ҳазору 270-то присеп, инчунин бештар аз 120-то мошинҳои пахтачинӣ иштирок кард. Таъминоти боэътимоди сӯзишворӣ, равғанҳои техникии молиданӣ, чорабиниҳои пешгирии сӯхтор, бехатарии техникӣ боиси пешравии кор шуд.
Пахта сарвати бебаҳост. Коркарди босифат, содироти пахта ё истеҳсоли маҳсулот аз он, бешубҳа, боиси болоравии буҷа ва фаровонии мардум мегардад. Аз ин рӯ пахтакорони дурандеши вилоят мехоҳанд, ки то граммҳои охирин ҳосилро ҷамъ оварда, ба пунктҳои қабул супоранд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.