Дар Самарқанд баргузор гардидани Конфронси генералии ЮНЕСКО далели таҳкими муносибатҳои байни ЮНЕСКО ва Ӯзбекистон аст.
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дар ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз иштирокдорони пешсаф ба шумор меравад. Ин барои аксар аён аст. Зеро Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди байналмилалӣ якчанд ташаббуси муштаракро пешбарӣ намудааст, ки сабти ном гардидани чандин номинаи унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ ин кишвар дар Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО аз ин ҷумлаанд.
Тӯли чанд соли охир таҳкими робитаҳои Ӯзбекистон бо доираҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба марҳилаи нави рушд баромад ва ин ифодаи воқеӣ ва муҳими дастгирии низоми СММ ва ЮНЕСКО мебошад. Албатта, мо ба чунин дастгирӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ниёз дорем. Зеро ҳеч як давлат наметавонад роҳи ҳалли мушкилотеро, ки бо он мувоҷеҳ шудааст, танҳо пайдо кунад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки талошҳои Ӯзбекистон барои ба ҳам овардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Самарқанд шоёни таҳсин аст. Чунки Самарқанд дар дили Роҳи бузурги абрешим ҷойгир аст ва тӯли асрҳо, ҳатто ҳазорсолаҳо чун рамзи ҳамкории байналмилалӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ хидмат кардааст.
ЮНЕСКО аввалин ва то ҳол созмони ягонаи ҷаҳонӣ аст, ки дар бораи этикаи зеҳни сунъӣ ҳуҷҷати глобалиро қабул кардааст. Ин санад соли 2021 қабул шуд ва он ҳамчун манбаи асосии роҳнамо барои ҳукуматҳо оид ба зеҳни сунъӣ хидмат мекунад. То ҳол беш аз 70 давлати ҷаҳон барои идроки амиқтар ва қабул кардани сиёсати зеҳни сунъӣ дар асоси ин барномаи ЮНЕСКО кор мебаранд. Рӯзҳои наздик, дақиқтараш, ҳафтаи оянда, мо аввалин ҳуҷҷати меъёрии байналмилалиро дар бораи ахлоқи нейротехнология қабул хоҳем кард. Ин ҳуҷҷат масъалаҳоеро чун тарзи муносибати мағзи инсон бо компутер ё экранҳо, роҳҳои беҳтар намудан ва ё бетағйир гузоштани қобилиятҳои мағзи сар ва дигар масоилро фаро мегирад.
Ин ҳама дар ЮНЕСКО анҷом дода мешавад. Мо садҳо мисол дорем, ки на танҳо ба сиёсати ҷаҳонӣ ё миллӣ, балки ба ҳаёти ҷамоатҳои маҳаллӣ низ таъсири мустақими амалӣ доранд.
Бояд гуфт, ки ҳам СММ ва ҳам ЮНЕСКО маҳз барои ҳифзи сулҳ ва хидмат ба рушди башарият таъсис ёфтаанд. Мо дар ин ҷода ҳамарӯза кор мекунем ва минбаъд низ идома хоҳем дод.
Матю ГАВЕЛ,
директори ЮНЕСКО оид ба коммуникатсияҳо