Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд

  • Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд
  • Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд
  • Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд
  • Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд
  • Олимони ватаниву хориҷӣ дар Самарқанд масъалаҳои омӯзиши осори Беҳбудиро баррасӣ карданд

29 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов таҳти мавзӯи “Масъалаҳои мубрами омӯзиши мероси Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва ҳаракати ҷадидия” конфронси илмиву амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Президенти мамлакат “Дар бораи бошукӯҳ ҷашн гирифтани 150-солагии зодрӯзи асосгузори ҳаракати ҷадидия дар Туркистон, нависандаи барҷаста, арбоби ҷамъиятӣ, ношир ва омӯзгор Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ” баргузор гардид, олимони беҳбудишинос, забоншиносон, муаррихон аз давлатҳои Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо, инчунин, профессор-устодон ва муҳаққиқони муассисаҳои таълими олии кишвар иштирок карданд.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Рустам Холмуродов ифтитоҳ бахшида, дар бораи рӯзгор ва осори Беҳбудӣ, хидматҳои ин мутафаккири бузург дар таъсиси мактабҳои замонавӣ, омода кардани китобҳои дарсӣ, роҳандозии фаъолияти нашриёт ва театрҳо ҳарф зад.

– Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ ҳамчун намояндаи барҷастаи ҳаракати миллии озодихоҳӣ, умри худро барои рушди илм, маорифу тарбия, адабиёту ҳунар, матбуот, эҳёи худшиносӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинии мардум бахшидааст, – иброз дошт Р.Холмуродов. – Як қатор асарҳои дурахшон офарида, дар масъалаҳои муҳими замони худ зиёда аз 200 мақола навиштааст. Дар баробари ин ҳама, рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина»-ро таъсис додааст. Соли 1914 дар театри «Турон»  песаи «Падаркуш»-и ӯ ба саҳна гузошта шуд, ки ин оғози рушди санъати театрӣ дар кишвари мо гардид. Аз ин рӯ, рӯзгору осори ин мутафаккири бузургро чӣ қадар омӯзем, шахсияти ӯро арҷ гузорем, кам аст.

Зикр гашт, ки дар солҳои истиқлолият ҷиҳати абадӣ гардондани хотира, амиқ омӯхтани ҳаёт ва фаъолият, васеъ оммавӣ намудани асарҳои илмӣ ва адабии Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ корҳои шоёни таҳсин амалӣ мешаванд.

Гузоштани ҳайкал дар хиёбони адибони Тошканд, таъсиси хона-музей дар Самарқанд, муқаррар карда шудани ҷоизаи ба номи Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ дар соҳаи драматургия аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои муҳим ба шумор мераванд.

Сипас, конфронси байналмилалӣ кори худро дар шуъбаҳои “Масъалаҳои омӯзиши мероси таърихӣ ва адабии Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ”, “Пешрафти ҷавонон ва равнақи миллат дар тафаккури Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ”, “Нигоҳҳои адабӣ ва лисонии Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ”, “Мавқеи ҷадидони Самарқанд дар равияи маърифатпарварии Туркистон” ва “Матбуот ва театри ҷадидони Туркистон” идома дод.

Профессор-устодон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯоти гуногун баромад карданд ва роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни рӯзгору осори Беҳбудӣ, фаъолияти сиёсии арбоби ҷамъиятӣ, саҳми ӯ дар рушди матбуоти миллӣ ва санъати театр, инчунин, мулоҳизаҳои интиқодии нависандаи барҷаста бо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, қазоқӣ, русӣ ва англисӣ ҳарф заданд.

Ёдовар мекунем, ки мақолаҳои ба конфронси байналмилалӣ ирсолшуда дар шакли маҷмӯаи алоҳидаи мақолаҳо чоп хоҳад шуд.

Нуралӣ ҲАМИДОВ,

муовини директори Донишкадаи забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии назди донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: