Маросими истиқболи расмии Президенти Финландия баргузор гардид

  • Маросими истиқболи расмии Президенти Финландия баргузор гардид

31 октябр дар қароргоҳи Кӯксарой маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Финландия Александр Стубб, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар майдони назди қароргоҳ парчамҳои ду давлат афрошта шуд, қаровули фахрӣ саф оростанд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол гирифта, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.

Сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Финландия садо доданд. Роҳбарон аз назди сафи қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро ба ҳам шинос карданд.

Пас аз маросими истиқбол, якҷоя акс гирифтанд ва бо иштироки ҳайатҳо музокироти сатҳи олӣ оғоз гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: