Байни Ӯзбекистон ва Финландия бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расид

Дар анҷоми музокироте, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Финландия Александр Стубб Изҳороти муштарак имзо карданд.

Дар ҳузури пешвоён маросими имзои бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла:

– рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ;

– ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок;

– ҳамкории дар бахшҳои фанҳои геология, ҷустуҷӯи геологӣ, таҳқиқи канданиҳои фоиданок ва обҳои зеризаминӣ, инчунин соҳаи кон;

– кӯмак ба рушди трансформатсияи рақамӣ, инноватсияҳо ва ҳамгироии рақамӣ;

– ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;

– ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозии платформаи таълими рақамӣ ба низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ;

– ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълим, фан ва инноватсия;

– афзунсозии иқтидори илмӣ-таълимӣ дар соҳаҳои рақамисозӣ ва идоракунии захираҳои об;

– ҳамкорӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: