Муҳтарам ҷаноби Раис!
Азуле хонуми гиромӣ!
Сарварони муҳтарами ҳайатҳо!
Шуморо дар сарзамини зебои Ӯзбекистон, ки садсолаҳо боз дар чорроҳаи тамаддуну фарҳангҳои гуногун қарор дорад, бо самимият хайрамақдам мегӯям.
Бори аввал дар тӯли 40 соли охир сессияи мо берун аз қароргоҳи марказии ЮНЕСКО — дар шаҳри бостониву ҳамешаҷавони Самарқанд баргузор мегардад. Ин, бешубҳа, боиси ифтихори бузурги мост.
Аз фурсат истифода бурда, ба Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Сербия, муҳтарам Александр Вучич, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Словакия, муҳтарам Петер Пеллегрини, Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва тамоми ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор миннатдории амиқи худро баён менамоям.
Баргузории чунин форуми бонуфуз дар кишвари мо нишонаи эътимоди баланди давлатҳои узви Созмон ба ислоҳоти фарогир ва босуръат дар Ӯзбекистони Нав мебошад.
ЮНЕСКО, ки имсол 80-солагии таъсисашро ҷашн мегирад, дар тӯли ин солҳо ба як муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои таълим, илм, фарҳанг, санъат ва иттилоот, инчунин ба рамзи эътимоду ҳамбастагии умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Нақш ва аҳамияти ин Созмон дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси фарҳангии халқҳои ҷаҳон, таҳкими муколама байни дин ва тамаддунҳо пайваста меафзояд.
Хеле рамзист, ки форуми мо дар Самарқанд, ки ба таърихи башар ҳамчун маркази донишҳои нодир, муколамаи байнитамаддунӣ ва ғояҳои инсонпарварӣ ворид шудааст, баргузор мегардад.
Ин сарзамин аз қадим гаҳвораи кашфиётҳои бузурги инсоният буда, шаҳрест, ки дар он илм, адабиёт ва фарҳанг шукуфон буданд. Танҳо як мисол меорам. Зери гунбазҳои расадхонаи азим, ки ҳокими донишманд ва олими барҷаста Мирзо Улуғбек бунёд кардааст, ҷадвали нодири ситораҳо таҳия гардид. Аз таърих аён аст, ки ҳамин ҷадвал баъдан ба кашфиётҳои илмии олимони бузург, мисли Коперник ва Кеплер таъсири муҳим расонд.
Хуш омадед, ба Самарқанд — гавҳари Роҳи бузурги абрешим, шаҳри дорои таърихи сеҳазорсола, шаҳри сулҳ ва дӯстии халқҳо!
Хонумон ва ҷанобони муҳтарам!
Мо ҳама, бешак, аз суст гардидани механизмҳои консенсуси ҷаҳонӣ ва ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи инсонгароӣ дар ҷаҳоне, ки босуръат тағйир меёбад, сахт дар ташвишем.
Дар натиҷаи танишҳои геосиёсӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона, ки дар сайёра идома доранд, ба ёдгориҳои нодир, ҷойҳои муқаддас ва мероси гаронбаҳои фарҳангӣ зарари ҷиддӣ мерасад.
Миёни давлатҳо фарқ дар сатҳи дастрасӣ ба дониш ва технологияҳо, инчунин захираҳои рақамӣ афзун мегардад. Дар натиҷа, нобаробарии имкониятҳо ва сатҳи камбизоатӣ бештар мешавад. Ин вазъияти мураккаб моро водор месозад, ки барои татбиқи пурраи ҳадафҳои асосии ЮНЕСКО боз ҳам муттаҳидтар бошем.
Мо бори дигар пайравии қатъии худро ба ҳадафҳои олӣ ва инсонпарваронаи ЮНЕСКО таъкид менамоем. Кишвари мо ҳамеша омода аст, ки пули миёни Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб, майдони ҳамкории кушода, созанда ва фарогир бошад.
Солҳои охир Ӯзбекистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ЮНЕСКО қадамҳои устувор бардошта, кӯшиш дорад ҳамкориро бо Созмон ба марҳилаи сифатан нав барорад. Аз ҷумла, барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ то соли 2027 бомуваффақият амалӣ мегардад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашни солгарди бузургон ва фарзандони обрӯманди мо — Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Амир Темур, Алӣ Қушчӣ, Камолиддин Беҳзод, инчунин санаҳои муҳими таърихии чунин муассисаҳои илмӣ, мисли Академияи Маъмун ва ёдгориҳои адабӣ, аз қабили достони «Алпомиш» васеъ таҷлил гардиданд.
Ба сафи шаҳрҳои Хива, Бухоро, Шаҳрисабз ва Самарқанд, ки ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд, ҳамчунин ёдгориҳои бебаҳои самти Зарафшон – Қароқум илова шуданд. Манзараҳои табиии Тян-Шани Ғарбӣ ва биёбонҳои Тӯрон, ки низ аз ин рӯйхат ҷой гирифтаанд, гуногунрангии беназири биологии минтақаро равшан нишон медиҳанд.
Ҳамзамон, тақрибан 20 навъи мероси ғайримоддии Ӯзбекистон, аз қабили Шашмақом, Катта ашула, рақси «Лазгӣ», аския, кулолгарӣ, санъати миниатюра, ҷашни Наврӯз, суннати истеҳсоли атлас ва адрас ба таври шоиста аз ҷониби мардуми ҷаҳон эътироф шудаанд.
Зери сарпарастии ЮНЕСКО дар кишвар мунтазам ҷашнвораҳои «Таронаҳои Шарқ», «Санъати мақом», бахшичигӣ, ҳунармандӣ ва этноспорт баргузор мегарданд.
Бо ташаббуси Ӯзбекистон як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ — қатъномаи «Раванди Хива: густариши ҳамкории байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ» (соли 2021), Эъломияи Тошканд оид ба тарбия ва таҳсилоти кӯдакони синни томактабӣ ва Эъломияи Тошканд ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастрасии озод ба иттилоот (соли 2023) қабул шудаанд.
Дар ҷумҳурӣ ҳоло 8 кафедра ва 24 мактабе фаъолият доранд, ки шарикони расмии ЮНЕСКО мебошанд.
Шаҳрҳои Тошканд ва Фарғона ба Шабакаи ҷаҳонии шаҳрҳои омӯзандаи ЮНЕСКО шомил шудаанд. Ғайр аз ин, садҳо ёдгории фарҳангӣ бо истифода аз технологияи пешрафта ва меъёрҳои байналмилалӣ барқарор карда шудаанд.
Дӯстони муҳтарам!
Дар доираи Конфронси генералии Самарқанд дар кишвар як қатор чорабиниҳои иловагӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, дар шаҳри бостонии Бухоро нахустин биенналеи санъати муосир баргузор мешавад, дар пойтахт таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Маркази минтақавии рушди таҳсилоти томактабӣ ифтитоҳ мегардад, маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии ЮНЕСКО – Ӯзбекистон ба номи Абурайҳони Берунӣ гузаронида мешавад, ҳамчунин конфронси байналмилалӣ бахшида ба нақш ва аҳамияти зеҳни сунъӣ дар фаъолияти осорхонаҳо доир мегардад. Ғайр аз ин, мо ба Конвенсияи ҷаҳонӣ оид ба эътирофи ихтисосҳои таҳсилоти олӣ ҳамроҳ хоҳем шуд.
Ба ҳамаи давлатҳои узви ЮНЕСКО барои пуштибонии комил аз ташаббусҳои Ӯзбекистон ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои байналмилалии мо миннатдории хоса баён мекунам.
Меҳмонони азиз!
Замони имрӯза тақозо мекунад, ки мо ба ҳадафҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ноил шавем ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи худро ба сатҳи нав барорем.
Мехоҳам оид ба масъалаҳои асосии рӯзномаи сессия як қатор пешниҳодҳоро ироа намоям.
Якум, инкишофи соҳаи таҳсилоти фарогир ва татбиқи васеи технологияҳои зеҳни сунъӣ вазифаҳои муҳими рӯз ба шумор мераванд.
Ниҳоят муҳим аст, ки ба ҳар як кӯдак, новобаста аз хусусиятҳои ҷисмонӣ ва иҷтимоии ӯ, имкониятҳои баробар барои гирифтани таълим фароҳам оварда шаванд. Аз ин ҷиҳат, мо таъсис додани Платформаи ЮНЕСКО оид ба рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсусро мувофиқи мақсад медонем.
Мо умед дорем, ки шумо нақшаи моро оид ба баргузории Саммити ҷаҳонии таҳсилоти касбӣ дастгирӣ мекунед, ки ҳадаф аз он ташкил кардани муколамаи байналмилалӣ оид ба мубодилаи дониш ва таҷриба дар соҳаи маориф мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосии мо тарбияи насли навест, ки озодона аз технологияҳои иттилоотӣ истифода намуда, андешаи эҷодкорона дошта бошанд. Бо мақсади татбиқи васеи зеҳни сунъӣ ба низоми таҳсилот, мо омодаем, ки бо иштироки ЮНЕСКО лоиҳаи «Зеҳни сунъӣ – мактаб»-ро дар кишвари худ амалӣ намоем.
Ҳамзамон, пешниҳод менамоем, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Форуми байналмилалии коршиносон оид ба этикаи зеҳни сунъӣ бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои пешсаф, муассисаҳои педагогӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон баргузор гардад.
Дуюм, барои ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон, ки дороии бебаҳои инсоният аст, таҳкими ҳамкории муштарак зарур аст.
Мо аз рушди Барномаи ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон”, ки бо мақсади ҳифз ва дастрасии осори нодир – эҷодиёти даҳонӣ, дастнавис, бойгонӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии арзишманд таъсис ёфтааст, манфиатдорем.
Пешниҳод менамоем, ки 19 ноябр, рӯзи таъсиси ин барнома, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мероси ҳуҷҷатӣ» эълон гардида, дар сохтори ЮНЕСКО Донишкадаи байналмилалии мероси рақамӣ таъсис дода шавад.
Тавре маълум аст, шаҳри қадимаи Бухоро аз рӯи ҳунармандӣ ба Шабакаи шаҳрҳои эҷодии ЮНЕСКО шомил шудааст. Мо дар соли 2027 дар ин ҷо барои қабули Конгресси байналмилалӣ оид ба ин мавзӯъ омодаем.
Сеюм, барои рушди қобилиятҳои роҳбарӣ ва салоҳияти занон татбиқи фаъолони барномаҳои ҷаҳонӣ муҳим аст.
Тибқи маълумоти Донишкадаи омори ЮНЕСКО, дар ҷаҳон 25 фоизи роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, 30 фоизи роҳбарони соҳаи маориф ва 33 фоизи пажӯҳишгаронро занон ташкил медиҳанд. Ин нишон медиҳад, ки мутаассифона, то ҳол нобаробарӣ дар таъмини ҳуқуқи занон боқӣ мемонад.
Бо назардошти он ки таъмини баробарии гендерӣ яке аз ҳадафҳои асосии ЮНЕСКО аст ва ҳамаи ташаббусҳои созмон бо ин ҳадаф ҳамоҳанг карда мешаванд, мо пешниҳод менамоем, ки Академияи ЮНЕСКО оид ба роҳбарии занон барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мубодилаи дониш миёни давлатҳои узв таъсис дода шавад.
Ҳамчунин пешниҳод менамоем, ки дар шаҳри Самарқанд Форуми ҷаҳонии занон дар соҳаи таълим, фарҳанг ва илм бо иштироки тадқиқотчиёни маъруф, намояндагони санъат, омӯзгорон ва ихтироъкорони тамоми қитъаҳо баргузор гардад.
Чорум, масъалаи муборизаи самарабахш бо бӯҳрони иқлим низ аҳамияти бузург дорад.
Баландшавии ҳарорати миёна, обшавии яхбандҳо, биёбоншавӣ, эрозияи хок ва афзоиши урбанизатсия ба ҳолати ёдгориҳои фарҳангӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Мо ташаббуси ҷаҳонии «Пойтахти экологии ЮНЕСКО»-ро пеш мегузорем, ки ҳадафи он эътироф ва ҳавасманд кардани шаҳрҳоест, ки нисбат ба муҳити зист муносибати масъулона доранд ва барномаҳои «сабз»-ро бомуваффақият татбиқ менамоянд. Илова бар ин, мо ҷонибдори таҳияи Қатъномаи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО “Дар бораи таҳкими чораҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлим” мебошем. Мо омодаем, ки симпозиуми байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Хива баргузор гардад.
Панҷум, барои пешгирӣ аз паҳншавии иттилооти нодуруст, манипулятсия бо афкори ҷомеа ва табъиз дар фазои маҷозӣ андешидани чораҳои муштарак ва муассир зарур аст.
Мо ташаббуси баргузор намудани Фестивали байналмилалии муҳтавои фарҳангии кӯдакон барои мубодилаи беҳтарин корҳои эҷодии насли ҷавон ва ғояҳои мултимедиявиро пешбарӣ менамоем.
Бо ҳадафи рушди маҳорати таҳлилии ҷавонон, муҳофизати онҳо аз манипулятсия ва таъмини шаффофияти иттилоот пешниҳод менамоем, ки Стратегияи ҳамаҷонибаи ЮНЕСКО оид ба рушди саводнокии расонаӣ таҳия карда шавад.
Боз як масъалаи дигар. Дар шароити кунунӣ, ки низоъҳои байнимазҳабӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбанд, фаъолона пеш бурдани арзишҳои умумибашарӣ, чун таҳаммулпазирӣ, фаҳмиши мутақобил ва ҳамзистӣ беш аз ҳарвақта муҳим мебошанд.
Бо тавсеаи фаҳмиши аслии фарҳанг ва маърифати исломӣ метавон бо радикализм ва исломҳаросӣ самаранок мубориза бурд. Аз ин рӯ, мо даъват менамоем, ки аз иқтидори лоиҳаҳои нодир, ки дар Ӯзбекистон татбиқ шудаанд, аз ҷумла Маркази тамаддуни исломӣ, Марказҳои тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ, Имом Тирмизӣ ва Баҳовуддин Нақшбанд истифодаи муштарак сурат гирад.
Дӯстони азиз!
Бовар дорам, ки форуми имрӯза дар муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, таҳкими эътимоди мутақобила ва тақвияти механизмҳои ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи рушди устувор қадами муҳим хоҳад шуд.
Бешак, “Рӯҳи Самарқанд”, ки аз анъана ва арзишҳои ҷовидонии ЮНЕСКО нерӯ мегирад, моро ба сӯи ҳамбастагии минбаъда дар пешрафти умумӣ раҳнамоӣ хоҳад кард.
Ба ҳамаи шумо дар ин роҳи пуршараф омад ва комёбиҳо, дар кори сессияи ЮНЕСКО муваффақият таманно дорам.