Хадамоти дафтари ҳокимияти вилояти Навоӣ хабар медиҳад, ки пахтакорони вилоят нақшаи шартномавии пахтасупориро барзиёд иҷро намуданд.
Деҳқонон ва фермерҳои фидокор сарфи назар аз ноустувории обу ҳаво аз ҳар гектар замини пахта, ки дар 24 ҳазору 730 гектар замин кишт гардидааст, 42,5 сентнерӣ ҳосил ғундошта, ба масканҳои қабули пахта беш аз 105 ҳазору 130 тонна ашёи хоми сифатнок супориданд.
Татбиқи таҷрибаи пешқадами пахтакорони хориҷӣ, таъсиси кластерҳои пахта – бофандагӣ, эътибори ху ба парвариши ниҳолҳо ва ба соҳаи даромадноки деҳқонону фермерҳо табдил ёфтани соҳа, имконият фароҳам меорад, ки сол аз сол самаранокии меҳнат афзун гардад.
Барои сари вақт ва босифат ғунучин намудани ҳосил дар вилоят 757 гурӯҳҳои пахтачинӣ ташкил карда шудааст. Барои ба шохобчаҳои қабул расонидани ҳосил 253 трактор ва 1041 техникаи боркашон сафарбар гардидаанд.
Ҳоло дар саҳро ҳосил зиёд ва пахтачинӣ давом дорад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти Навоӣ.