Дар Самарқанд боғи ЮНЕСКО бунёд мегардад

Имрӯзҳо дар шаҳри Самарқанд сессияи 43-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба таълим, фан ва маданият – ЮНЕСКО идома дорад.

Дар доираи чорабинии байналмилалӣ ғайр аз тадбирҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ бунёди боғу бӯстони ЮНЕСКО дар Самарқанд пешбинӣ шудааст. Бинобар ҳамин дар минтақаи Қаросув ва Маркази байналмилалии сайёҳии "Роҳи абрешим" бунёди боғи ЮНЕСКО оғоз ёфт. Имрӯзҳо бо кумаку ёрии идораи ҷангали вилояти Самарқанд дар минтақаи Қаросув дар қариб 5 гектар майдон ва дар «шаҳри абадӣ» шинондани ниҳолҳои гуногуни меванок ва манзаравӣ муташаккилона идома дорад.

– Дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» беш аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ сабзониданро ба нақша гирифта, дар ин кори неку хайр ғайр аз ҳашарчиёни ғайратманд меҳмонони олиқадру ҳимматбаланд саҳми арзанда мегузоранд, – гуфт роҳбари идораи ҷангали вилояти Самарқанд Илҳомҷон Ӯткуров, – таърих гувоҳ аст, ки Соҳибқирон Амир Темур дар Самарқанд 14 боғу бӯстон бунёд карда буд, ки дар «шаҳри абадӣ» нусхаҳои муъҷази он бо номҳои Боғи баланд, Боғи Фирӯза, Боғи майдон, Боғи дилкушо ва ғайра нашъунамо хоҳад ёфт.

Умедворӣ дорем, ки Боғи ЮНЕСКО низ дар олам маълуму машҳур хоҳад шуд.

Зоҳир Ҳасанзода.

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: