Чеҳраи мондагори устод Шакурӣ

Дар таърихи илму адаб ва фарҳангу маънавиёти тоҷикии нимаи дувуми садаи ХХ ва оғози садаи ХХI устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки (1926-2012) аз олимони камназир ва фарҳехта аст, наздик ба 70 сол фаъолияти пурсамар дошт.

Кору фаъолияти эшон барҳақ дар ҷӯяндагию ибтикороти илмӣ ва миллатгароӣ аз табори абармардоне чун устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Устод Шакурӣ дар риштаҳои мухталифи илми сухансанҷиву ҷомеашиносӣ – нақди адабӣ, адабиётшиносӣ, пажӯҳиши адабиёти классик ва осори мардумӣ, равобити адабӣ, назарияи адабиёт, забон ва ҳусни баён, фарҳангнигорӣ, тарҷумаи адабӣ, бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, масоили худшиносӣ ва давлати миллӣ, мактабу маориф ва арзишҳои моддиву маънавии мардум пажӯҳишҳои ҷиддии бунёдӣ, роҳнамокунанда ва фикркушо анҷом дода, самти рушду нумув ва таҳқиқи минбаъдаи онҳоро муайян сохтааст...

То ин замон оид ба масъалаҳои адабиёти ба истилоҳ шӯравии тоҷик ба ҷуз аз чанд рисола ва мақолаҳои ҷудогонаи устод Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Нарзуллоҳи Бектош, Абдуғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Сотим Улуғзода, Баҳриддин Азизӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ғанӣ Абдулло, Холиқ Мирзозода дигар чизи зиёду муҳимме таълиф нашуда буд. Зиёда аз он, ибтидо аз ними солҳои сиюм ва баъди ҷанг дар нақди адабиёт қазовати иделожӣ хеле роиҷ гардид ва имкони дар интиқод даст ёфтан ба меъёрҳои асили арзишдиҳӣ ба осори адабӣ коре басо мушкил буд...

Нахустин пажӯҳиши батафсили устод Шакурӣ ба таҳқиқи яке аз ҷараёнҳои мураккабу пурзиддияти адабиёти тоҷикии ибтидои садаи ХХ – «наҳзати ҷадидия» ва шарҳи ҳолу эҷодиёти яке аз намояндагони барҷастаи он Сиддиқии Аҷзӣ бахшида шуда буд. Дар замоне, ки ин пажӯҳиши устод анҷом ёфт, муносибат ба наҳзати миллии ҷадидия дар Тоҷикистон ва умуман шӯравии собиқ хеле мураккаб ва аксаран манфӣ буд. Вале олими ҳанӯз ҷавон бо раҳнамоии адабиётшиноси пуркор Холиқ Мирзозода, дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёд ва ҷиддӣ дар бойгониҳо, рӯзномаҷот ва кутобхонаҳои Осиёи Марказӣ бо назари тоза ва одилонаву беғараз вориди қазия шуда, собит карда буд, ки ҷадидия ҷараёни мураккабу дар асл пешқадам аст ва Аҷзӣ аз намояндагони пешрави он ба шумор меояд. Таълифи  рисолаи мазкур, ки «Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ» ном дошт ва аз 440 саҳфа иборат буд, соли 1952 анҷом ёфт. Дар он замон  ҳаёти адабӣ, зиндагӣ, мавзӯъ ва мундариҷа, хусусиятҳои жанру услуб, маҳорати адабӣ ва забони навиштаҳои Аҷзӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҳошияи он хеле аз асарҳои ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо тахаллусҳои мустаори Гумном, Шарора, Тир навиштаву пароканда мондаи  ӯ низ илова шуда буд. Аммо ин тадқиқ пурмӯҳтаво аз сиёсатзадагии замон ва низоъҳои шахсии уламои давр лағв гардид ва меҳнати наздик ба панҷсолаи олими ҷавон ба ҳеч бароварда шуд.

Аммо устод Шакурӣ ба рағми ин ҳама бо ҷаҳду талоши беш аз пеш  ба таҳқиқ пардохт ва дар натиҷа дар як муддати кӯтоҳ ду китоби аввали асари бузурги устод Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро аз назари ғоявию ҳунарӣ (1954) мавриди пажӯҳиш қарор дод.  Баъдтар  ин тадқиқот хеле такмил дида, дар шакли монографияи пурвусъате бо номи «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (1966) ба табъ расид. Асари мазкур аз нуқтаи назари мундариҷа ва шакл, нишон додани маҳорати нависанда, пажӯҳиши санъати инсоншиносии ӯ, аз ҷиҳати дар занҷираи умумии таърихи инкишофи адабиёти гузаштаву имрӯзаи форсии тоҷикӣ ва пайвандҳои адабии муосир баррасӣ кардани як асари алоҳида, бешубҳа, рисолаи нахустин ва беҳтарин дар адабиётшиносии тоҷик ба шумор меояд.

Зиёда аз ин, баъд аз тадқиқоти мазкур айнишиносӣ яке аз риштаҳои муҳимми фаъолияти илмии М. Шакурӣ гардид. Аз ин баъд кору осори Айнӣ дар аксари тадқиқотҳои эшон ба сифати намунаи адабиёти нави тоҷикӣ ва чун меъёри баҳо ба  барору нокомиҳои адибони дигари тоҷикӣ қарор гирифт... Бар иловаи силсилаи мақолаҳо, устод чанд асари ҷудогонаи худ – «Садриддин Айнӣ» (1978, бо ҳуруфоти арабӣ) ва «Насри реалистӣ ва таҳаввулоти шуури эстетикӣ» (1986), «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон» (2000), «Равшангари бузург» (2006)-ро куллан ба пажӯҳиши эҷодиёти устод Айнӣ бахшидааст. Дар рисолаҳои мазкур масоиле чун сарчашмаҳои реализми Айнӣ, камолоти ҳунари воқеънигоронаи ӯ, роҳи мураккабу ибратбахши эҷодӣ ва ҷустуҷӯҳои нависандаи бузург ҷиддӣ ва мӯшикофона таҳқиқ шудааст. Зиёда аз ин, эҷодиёти устод Айниро дар заминаи (контексти) идомаи суннатҳои миллӣ, инкишофи адабиёти муосири тоҷик ва пайвандҳои самарабахш бо адабиётҳои собиқ шӯравӣ аз назар мегузаронад ва онро дар иртибот бо таҳаввул ва сифати нав гирифтани диди эстетикии халқ шарҳу тавзеҳ мекунад. Дар кулл кӯшиш шудааст, ки Айниро ба сифати «падари миллати тоҷик» (тавсиф аз Бобоҷон Ғафуров) ва ҳамчунин ҷойгоҳи ӯро дар адабу фарҳанги форсизабонон (дар шаклгирии насри воқеъгаро ва зуҳури шеъри нав) муайян карда бошад.

Жарфназарӣ дар пажӯҳиши эҷодиёти устод Айнӣ рӯшан намуд, ки воқеан адабиёт зодаи табъи шахсиятҳои алоҳидаи адабӣ буда, рангу тароват ва имконоту тавоноии вай вобаста ба он аст, ки чӣ истеъдодҳое тозаназар ва қолибшикану навовар дар он қаламкашӣ мекунанд. Аз ин ҷо яке аз бахшҳои пажӯҳиши устод Шакуриро нақду баррасии шахсиятҳои адабӣ, хосса, шогирдони Айнӣ ташкил намудааст.

Эшон тавассути амиқ сар фурӯ бурдан ба муаммову тамоюлҳои эҷодиёти устод Айнӣ ва шогирдони вай (масалан, дар рисолаҳои «Сотим Улуғзода» (1961), «Раҳим Ҷалил» (1959), бо ҳамқаламии А. Сайфуллоев; «Насри Ҷалол Икромӣ» (1979), бо ҳамқаламии Л. Н. Демидчик) ва насри равонию андешапарвари Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Саттор Турсун ва дигарон ба ин натиҷа расид, ки яке аз нишонаҳои тавонмандӣ ва афзудани имконоти адабиёти нави тоҷикӣ иборат аз зуҳури ғанои услубист. Устод дар рисолаи «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973, 2006) маҳз масъалаҳое чун услуби фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ, аносири сабксоз, маншаъ ва омилҳои шаклгирии онҳо, таносуби сабк бо забону тарзи баёнро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки аз ҳайси масоили таҳқиқ ва натиҷаҳои пажӯҳиш як тадқиқоти марҳилавию бунёдӣ дар адабиётшиносии тоҷик ба шумор меояд. Устод сабки адибони шинохтаи тоҷик, амсоли устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, умумият ва тафовутҳои эшонро дар мақулаҳое чун «услуби фардӣ» (сабки Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Муҳаммадиев) ва «тамоюли услубӣ» (услуби романтикӣ ва реализми сирф) мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон ба падидаву омилҳои шаклдиҳандаи сабк дар ҷустуҷӯҳои адабии нависандагони миёнсолу нисбатан ҷавон низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд...

Бояд бигӯем, ки дар асарҳои устод Шакурӣ аз баррасии мақолаҳои иҷтимоӣ низ сарфи назар нашудааст, вале эшон ба онҳо афзалияти бештар доданро низ аз рӯйи адолати илмӣ надонистааст. Ба ин маънӣ таъйин кардани сифати нави адабиёти тоҷик, хасоиси миллӣ ва бахусус баҳрабардориҳои байналмилалӣ, ки аз тақозоҳои диди бадеии адабиёти замони шӯравӣ ба шумор меомад, ба ҳамаи пажӯҳишҳои устод хос буда, бавижа дар рисолаҳои «Пайванди замонҳо ва халқҳо» (1982), «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1986), «Таҷаддуд. Насри муосири тоҷик» («Обновление», М: Сов. писатель,1987) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Воқеан, рисолаи «Таҷаддуд» тадқиқоти аввалини як ноқид ва  адабиётшиноси тоҷик аст, ки дар нашрияи марказии шӯравӣ ба табъ расида буд. Агар дар ин маврид мақолаҳои эшонро, ки дар саҳифаҳои маҷмӯаҳо ва рӯзномаву маҷаллоти муътабари он даврон амсоли «Вопросы литературы», «Дружба народов», «Литературная газета», «Советская культура» ва ғайраҳо нашр шудаанд, ба ёд оварем, пас тавассути онҳо сифат ва сатҳи интишори адабиётшиносиву нақди адабии тоҷик ва саҳми устодро дар миқёси умумишӯравӣ қиёс кардан мумкин аст.

Баҳои устод ба асари адабиёт ҳамеша баҳои мукаммал аст. Барои эшон муайян кардани ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам камбудиҳои раванди адабӣ муҳим буд. Аммо ӯ мекӯшад, то ки пеш аз ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва пурқуввати асари адабӣ ё эҷодиёти ин ё он нависандаро ошкор намоянд ва баъд дар ин замина сабабҳои ба комёбии ҳунарӣ даст наёфтан ва то ба охир амалӣ нашудани нияти бадеӣ ва куллан ҳунари ӯро нишон дода бошанд.

Сабаби бештар маъқул афтидани нақдҳои Муҳаммадҷони Шакуриро дар заминаи устувори илмӣ доштани онҳо бояд ҷуст. На нақди хушк ва гоҳо дурушти мафкураӣ ва на нақди тавсифкоронаи зеҳнӣ, балки танҳо нақди бар асосҳои илми адабиётшиносӣ ва назарияи ҳунарӣ асосёфта метавонад ҳам воситаи қазовати солими асари алоҳидаву эҷодиёти нависандаи ҷудогона ва қувваи фаъоли мутаҳаррики ҷараёни адабӣ бошад. Ҳамин тавр ҳам ҳаст ва ба ҳам табииву мантиқӣ пайванд хӯрдани ҷанбаҳои адабиётшиносӣ ва интиқодӣ дар навиштаҳои устод Шакурӣ ҷиҳати муҳимми онҳо ба шумор меояд. Беҳтарин ва ҷиддитарин мақолаҳо дар бораи маҳорати устод Турсунзода, нақди румони «Восеъ»-и устод Улуғзода, таърихнигории Ҷалол Икромӣ, навангезиҳои ҳунарии Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев, ҷустуҷӯҳои тоза ва самарабахши Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Юсуф Акобиров, Абдуҳамид Самадов, Темур Зулфиқоров, Баҳманёр, Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ ва бисёр дигарон, мурурҳое бар шебу фарози шеъри ғиноии тоҷик, дастовардҳои ҳунарӣ дар ашъори Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, падидаҳое чун шеъри нав, насри равонӣ ва андешагаро, тамоюлҳое мисли таърихнигорӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳофизаи таърихӣ, ки ҳатто номбар карданашон дар ин ҷо ғайриимкон аст, ба қалами эшон тааллуқ дорад.

Ҳиссаи устод дар дигар бахшҳои илми забоншиносӣ, аз ҷумла истилоҳгузинӣ ва сохтани луғатшиносӣ низ бузург аст. Дар воқеъ, Муҳаммадҷони Шакурӣ яке аз муаллифони «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1964, 1966) мебошад, дар таҳриру танзими луғати дуҷилдаи пураҳамияте чун «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) саҳми асосӣ дошт ва дар таҳияву таҳрири луғатҳои истилоҳоти соҳавӣ додааст.

Метавон гуфт, ки фаъолияти устод Шакурӣ дар замони бозсозиҳои Горбачёв (перестройка) дар замони шӯравӣ (1987) ва хосса пас аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон ба марҳалаи тозае ворид мешавад. Акнун устод дониши амиқи илмиро бо паҳнои андешаву муҳокимаҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маънавӣ пайваста, аз доираи як олими тавоно ба мартабаи як марди иҷтимоъ боло меравад ва ба сифати маорифпарвар ва назарияпардози масоили худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии мардуми тоҷик намоён мешавад. Агар то ин замон дар таъкид ва тасдиқи забону адабиёт ва илму фарҳанги миллӣ кӯшишҳои бисёре ба харҷ дода буд, пас минбаъд таълифоти зиёде ба сифати дастуру барномаи сохтмони ояндаи кишвари мустақил пешниҳод намуд, на танҳо чун олим, балки ба сифати як фарди иҷтимоӣ дар рӯшангарии ҷомеа, ташхисдиҳандаи маънавият ва такмилу шаклгирии худшиносии миллӣ он кор гирифт, ки ин андешаҳои эшон дар асарҳои гаронқадре амсоли «Хуросон аст ин ҷо» (1996 ба ҳуруфи арабӣ, ба кирилӣ соли 1997) ва «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» (1999) ифода ёфтаанд.

Нахустин ва хубтарин мақолаҳои ӯ дар бораи навназарӣ ба адабиёти замони шӯравӣ дар маҷмӯаи «Нигоҳе ба адабиёти садаи бист» (2006) гирд омадаанд. Ва дар ҳамин силсила китобҳое амсоли «Равшангари бузург» (2001, 2006), «Ҷусторҳо» – Теҳрон, 1382/2003) мақолаву тадқиқот дар бораи Сиддиқии Аҷзӣ, Садри Зиё, Абдурауфи Фитрат ба миён омаданд. Ҳамчунин устод тазкираи арзишманди Садри Зиё «Тазкори ашъор»-ро бо такмилу тавзеҳ ва пешгуфтор бо ҳуруфи форсӣ (Теҳрон, 1380/2001) аз чоп баровард. Зимни он устод ба он сарсухане илова карда, дар бораи ақоиди зебоишинохтӣ ва назари Садри Зиё ба шеъри замони худ (охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ) ва зуҳури мафҳуме чун «шеъри нав»-и бо сабку муҳтавои тоза сухан ба миён меоварад. Китоби дигари ӯ бо номи «Садри Бухоро» (Теҳрон, 1380/2002) дар бораи Садри Зиё ва муборизаи «ҷадиду қадим» ва шарҳи воқеии ин зиддият, ки аз дасти душманони мардуми тоҷик ба хотири тафриқа андохтани байни қавму маҳалҳои он эҷод гашта, ба ин васила мардумро зулм ва дар торикиву ғафлат нигоҳ доштан мехостанд, баҳс мекунад.

Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба тағйирот дар ҷомеа ва расидан ба истиқлоли кишвар устод Шакурӣ сисилаи мақолаҳоеро дар бораи забони миллӣ, забони давлатӣ ва шароити амали дузабонӣ, забон ва ҳастии маънавии халқ таълиф намуд, ки дар маҷмӯаи «Забони мо – ҳастии мост» (1991) гирд омадаанд. Устод, бешубҳа, чун аз аввалқадамҳо, чи мустақим ва чи тавассути таълифи мақолаҳо дар дарки дурусти масъалаҳои муҳимме чун забони давлатӣ ва ба ин мақом расидани забони тоҷикӣ саҳми муассире гирифт. Оре, яке аз аввалинҳо. Устод худро дар ин масъала, чунонки баъзе гумон доранд, шахси аввалин ва қаҳрамон эълом накардааст. Аммо дар амалияи қазияи масъалаи муҳим ва шарҳу тафсири асосноки он саҳми муассир гирифтааст. Асли мубоҳисаҳо дар ин мавзӯъ бо мақолаи устод таҳти унвони «Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад» (рӯз. «Литературная газета», 14 декабри 1988), оғоз шуд. Зиёда аз он, вай аз муаллифони пешнависи Қонуни забони тоҷикӣ буд.

Дигар аз масъалаҳое, ки диққати Муҳаммадҷони Шакуриро аз аввали фаъолияташ мутваҷҷеҳ дошта буд, вазъи умумӣ ва беҳбудии таълими забону адабиёти тоҷик дар мактаби мутавассита мебошад, ки дар замони истиқлол хеле муҳим гардид. Ӯ дар ин масъала на танҳо дастурҳои методӣ, асарҳои илмӣ-оммавӣ навиштааст, балки муаллифи чандин китобҳои дарсӣ низ мебошад.

Инак, аз ҳамин як гузориши мухтасар пайдост, ки Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дарвоқеъ яке аз бузургони илму фарҳанги нави тоҷик, марди хирад, инсони шарифу асил буд, ки кору зиндагиаш ибратомӯз аст. Устод Шакурӣ боиси ифтихори миллати тоҷик ва шоистаи эҳтиром ва намунаи ибрат барои мо, ҳамзамонону ояндагон аст. Бузургдошту қадршиносии ӯ аз қарзҳои инсонии мост!

Абдухолиқи НАБАВӢ,

адабиётшинос

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: