Воқеан, тарбияи дурусти фарзанд танҳо таълим нест — ин сохтани инсон аст. Он аз муҳаббат оғоз мешавад, бо намунаи нек идома меёбад ва бо масъулият, сабр ва адолат мукаммал мегардад.
Тарбияи насли ҷавон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад. Бахусус, ҳифзи шуури онҳо аз таъсири ғояҳои бегона, хатарҳои ифротгароӣ ва «маданияти оммавӣ» барои ҷомеа ва волидон вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Яъне моро зарур аст, ки ҷавононро дастҷамъона дар асоси ақидаҳои дурусти исломӣ, дар рӯҳияи ахлоқу одоби ҳамида, бо истифода аз тарғибу ташвиқи ҳадисҳои пайғамбарон ва намунаҳои беҳтарини осори панду ахлоқии ниёгон тарбия кунем.
Бояд гуфт, ки мероси мутафаккирони бузург, чун Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳон Берунӣ, Мирзо Улуғбек, Аҳмад Яссавӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва дигарон бобати таълиму тарбияи наврасон дастурамали муфиду муҳим мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло беш аз 64 фоизи аҳолии мамлакати моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, эътибор ба ҷавонон, ғамхорӣ ба онҳо, дастгирии ташаббусҳои судманди наврасон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар ҳамин маврид нуктаеро набояд фаромӯш кард, ки дар тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама нақши оила муассир мебошад. Агар оила мустаҳкам ва дар фазои он меҳр, муҳаббат, самимият ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор бошад, ҷомеа осоишта, дӯстиву рафоқат устувор, зиндагонии мардум бароҳат хоҳад шуд. Бузургон беҳуда нафармудаанд: «Оила қасрест, ки бо нӯги сӯзан бунёд мегардад».
Бино ба таъкиди ниёи бузурги мо дар тарбияи фарзандон се давра вуҷуд дорад, ки ҳар як марҳала вижагиҳои хосаи худро соҳиб мебошад. Волидонро зарур аст, ки хусусиятҳои ин давраҳоро амиқ дарк намоянд ва ҳангоми муомилаву муносибат бо фарзандон ба онҳо амал кунанд.
Дар ин раванд омӯхтани осори бузургон ва истифодаи пурсамар аз онҳо нақши муҳим дорад.
Файласуфи маъруфи Фаронса, олим ва педагоги машҳур Клод Адриан Гелвесий дар осораш, бахусус дар китоби маъруфи худ «Дар бораи ақл» таъкид мекунад, ки «Фарқи байни одамон аз табиат нест, балки аз тарбия аст». Инчунин, дар ҷойи дигар менависад, ки «Бачаи шер ҳамеша шер мемонад, бачaи хук — хук. Аммо фарзанди инсон тарбияи нодуруст гирад, мумкин аст ҳам ба шер монанд гардад ва ҳам ба хук табдил ёбад».
Воқеан, тарбияи дурусти фарзанд танҳо таълим нест — ин сохтани инсон аст. Он аз муҳаббат оғоз мешавад, бо намунаи нек идома меёбад ва бо масъулият, сабр ва адолат мукаммал мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳангоми тарбияи фарзандон баробари таълими одоби шоиста, омӯхтани ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) низ мувофиқи мақсад мебошад. Зеро, ниёи мо дар радифи илми дунявӣ, асрори улуми диниро низ аз бар карда, қуллаҳои баланди илму хирадро фатҳ намудаанд. Ва фарзанде, ки дар ин рӯҳия таълиму тарбия мегирад, аҳли солеҳ хоҳад шуд. Набояд фаромӯш кард, ки фарзанди солеҳ давлати волидон аст ва он боис мешавад, то падару модар баъди фавт дар қабри худ роҳат ёбанд. Дар ислом омадааст, ки садақаи ҷории фарзанди хуб, аъмоли савоби ӯ, қабри волидонро пурнур ва рӯҳи онҳоро шод мегардонад.
Вақте хулқу одоби ҳамида мегӯем, он як қатор нишонаҳои худро дорад: зиддият накардан ба одамон ҳангоми иҷрои амалҳои хайр; ба ҳиссиёт ва ҳавасҳои беҳуда фирефта нашудан; аз дигарон айб наҷустан; ҳангоми ба гуноҳи худ иқрор шудани шахси айбдор, ӯро афв кардан; ба муҳтоҷон ёрӣ расонидан; ба одамони ниёзманд дасти кӯмак дароз кардан; камбудиҳои худро дарк намудан; одобу ахлоқи хуб доштан, хушмуомила будан ва ғайра.
Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони пуртаҳаввули имрӯз ҳифзи шуури ҷавонон аз таҳдидҳои идеологӣ, ахлоқӣ ва иттилоотӣ вазифаи ҳар як фард ба шумор меравад. Ҳоло бархе аз матбуоти Ғарб таҳти ниқоби «маданияти оммавӣ» бар зидди маънавияти бузурги мо ҷанги мафкуравиро идома медиҳанд. Дар ин қарн, ки асри технологияҳои иттилоотӣ унвон гирифтааст ва аксар ҳаёти худро бидуни компутер ва интернет тасаввур карда наметавонанд, чунин масъалаҳо, яъне таълиму тарбияи шоистаи авлоди ҷавон беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои ҳифзи шуури ҷавонон аз ин таҳдидҳо дар тинати ҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоем, ба онҳо таъриху фарҳанги миллиро омӯзем, бо арзишҳои маънавии халқ бештар ошно кунем. Илова бар ин, ҷавонони мо бояд манбаъҳои боэътимодро аз манбаъҳои бардурӯғ фарқ карда тавонанд. Дар ин раванд, омӯзиши фарҳанги расонаӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ муҳим мебошад.
Ғайр аз ин, набояд аз ёд бурд, ки оила мактаби нахустини тарбия аст. Аз ин рӯ, бояд ба пойдор кардани муҳити солим, муҳаббат ва эҳтиром дар хонавода диққати махсус диҳем. Падару модарон рафтору гуфтори намунавӣ дошта бошанд. Зеро, кӯдак бештар он чизеро меомӯзад, ки мебинад, на он чизе, ки мешунавад.
Ҳамзамон, ҷалби ҷавонон ба корҳои ихтиёрӣ, созандагӣ, илмӣ ва фарҳангӣ низ дар ин ҷода аҳамият дорад ва ин чорабиниҳо барои тақвияти ҳисси масъулият ва худшиносии онҳо мусоидат мекунад.
Бо як сухан, ҳар як инсони оқил бояд аз ин дунёи фонӣ барои дунёи абадии хеш тӯшае омода созад. Дар ин кӯлбори амалҳо баробари фароизу воҷиботи ислом — мисли намозу рӯза, хидмати падару модар, накӯкорӣ ба инсонҳо, хулқи нек, ёрӣ ба бародари мӯъмин ва дигар аъмоли солеҳ, нишон додани роҳи рост ба фарзандон ва тарбияи дурусти онҳо низ аҳамияти ҷудогона дорад.
Худои бузург дини мубини Исломро чароғи ҳидоят ва роҳнамои саодати инсон қарор додааст. Бигзор, Парвардигори меҳрубон ҳар як ҷавони кишварамонро ба ин роҳи нуронӣ ва рост ҳидоят фармояд ва қалбҳояшонро бо имон ва хирад мунаввар созад.
Мӯъҷибалӣ ОТАЕВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Тоҷмаҳал».
Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.