Аз ибтидои биенналеи Бухоро, ки нафақат дар таърихи кишвари мо, балки дар Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида мешавад, чиҳил рӯз сипарӣ шуд.
Бухоро тӯли асрҳо маркази пуриқтидори илм, ҳунар ва фарҳанг буд, имрӯз низ ин шаҳри куҳан эътибори тамоми ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд. Биенналеи санъати ҳозиразамони байналмилалии Бухоро дар пешбурди мероси фарҳангии Ӯзбекистон аҳамияти хоса дорад.
Аз ибтидои биенналеи Бухоро, ки нафақат дар таърихи кишвари мо, балки дар Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида мешавад, чиҳил рӯз сипарӣ шуд. Тӯли ин вақт лоиҳа худро ба сифати ташаббуси бисёрҷанбаи бузурги фарҳангӣ, ки санъат, ҳунармандӣ ва таомҳои куҳан ва замонавиро муттаҳид месозад, муаррифӣ кард.
Намоишгоҳе, ки аз ҷониби Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ташкил карда шуданд, ба ёдгориҳои қадима рӯҳи махсус мебахшанд. Осор дар пояи технологияҳои интерактивӣ бинандагонро мунтазам ба ҳайрат меоваранд.
Дар ин ҷо метавон мусиқа шунид, аз тамошои асарҳои рассомон илҳом бурд, дар коргоҳи эҷодкорон ширкат варзид. Ҳамчунин аз тариқи биеннале санъати Эбру, ки дар воҳа дар асри XVI васеъ паҳн шуда буд ва бинобар сабабҳои муайян дар ҳудуди гумшавӣ қарор дошт, оммавӣ карда мешавад.
– Ҳунарнамоӣ оид ба расмкашӣ дар об на фақат миёни сайёҳон, балки дар байни тамошобиноне, ки ба дидани ин ҳунар омада буданд, рағбати зиёд бедор кард, – мегӯяд рассом Давлат Тошев. – Онҳоро он чиз ба ҳайрат меоварад, ки чаро рангҳо ғарқ намешаванд ва шакли худро нигоҳ медоранд, ин ҳамоҳангии рангҳо чи гуна даст медиҳад. Ҳар як нафар метавонад он чиро, ки ба хаёлаш омадааст, бо дарназардошти ҳолати рӯҳии худ бикашад, ин расмҳо ҳеч гоҳ такрор намешаванд. Табиият ва сабукии ҷараён ба дарёфти ҳа-моҳангӣ мусоидат мекунад, баробари ин он ҳолати хеле рағбатнок мебошад.
Боиси зикр аст, ки биенналеи Бухоро дар ҳудуди ёдгориҳои зиёди ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохилкардашуда ташкил гардидааст. Ҳамзамон баъзеи онҳо тӯли солҳои зиёд бори аввал барои сайёҳон дари худро боз карданд. Барои он ки меҳмонон рӯҳи таърихро идрок кунанд, аз биноҳо ва осорхонаҳои куҳан сурудҳои шашмақоми Бухоро садо медиҳанд.
– Дар доираи биеннале якчанд барномаҳои консертӣ созмон дода шуданд, – мегӯяд овозхон Меҳринисо Самиева. – Мо асарҳои фолкорӣ, яъне сурудҳои халқиро бо усули «Бухороча» иҷро мекунем. Хориҷиён онҳоро бо хушҳоливу қаноатмандӣ мешунаванд.
Ҳар кадом осори намоишгоҳи байналмилалӣ бо моҳияти хос ва рамзии худ эътибори ҳозиронро ҷалб менамояд. Зиёда аз он биенналеи Бухоро ҳамчунин ба сифати майдони мулоқоти рассомон, ҳунармандон, ороишгарон, артистоне, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон омадаанд, хидмат менамояд.
– Асарҳои санъат, ки дар ин ҷо гузошта шудаанд, касро ба ҳайрат меоваранд, – мегӯяд сайёҳ аз Ҷумҳурии Куриё Ким Кидук. – Бухоро мавзеи муъҷизавии таърихист, ман ба ин ҷо омада, гумон доштам, ки танҳо ёдгориҳои меъмориро тамошо мекунам, вале шаҳр маро бо баргузор кардани биенналеи санъати замонавӣ тасхир намуд.
Биеннале дар 14 иншооти қадимии Бухоро ташкил карда шуд, вале он тақрибан зиёда аз 500 ёдгориҳоро муҷассам намуд. Метавон бо эътимод изҳор дошт, ин ҷашни санъат, ки боз зиёда аз як моҳ давом меёбад, ба минбаъд баланд шудани шуҳрати шаҳри куҳан хидмат хоҳад кард.
Зариф Комилов, хабарнигори ӮзА.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).