Дилбастагони китоб муайян шуданд

Бо ташаббус ва ҷонибдории Сарвари давлатамон, аз соли 2019 ин ҷониб дар қаламрави Ӯзбекистон анҷумани бошукӯҳи фарҳангии мухлисони китоб баргузор мешавад.

Дар китобхонаи вилоятии Самарқанд ҷамъбасти навбатии ин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон, китобдорон, омӯзгорони забон ва адабиёт, дӯстдорони каломи бадеъ ва хонандагони мактабу литсейҳо иштирок намуданд.

Моҳҳои август ва сентябри соли равон озмунҳо таҳти шиорҳои «Фарзанди афсонагӯй», «Китобхони аз ҳама фаъол», «Бачагони соҳибистеъдод», «Оилаи китобхон» ва «Китобдори беҳтарин» баргузор шуданд, ки барои ба даст овардани ғолибият 7200 нафар иштироккунанда талош варзиданд.

Дар озмуни «Фарзанди афсонагӯй» ҷойи аввалро хонандаи синфи сеюми мактаби рақами 17-уми шаҳри Каттақӯрғон Машҳура Раҳмонова соҳиб шуд. Дар номинатсияи «Китобхони аз ҳама беҳтарин» бошад, хонандаи синфи 11-уми ҳамин мактаб Одинахон Икромиддинова пирӯз гардид.

Ғолиби озмуни «Ҷавонони соҳибистеъдод» хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 81-уми шаҳри Самарқанд Паризода Тоҳирова гардид. Дар бахши «Оилаи китобхон» оилаи Тоштурдӣ Турсунов аз ноҳияи Иштихон ба шоҳсуфаи фахрӣ баромад.

— Мо дар бахшҳои «Нотиқи беҳтарин», «Истеъдоди намоёни сол», «Китобхони нуктасанҷ» ва дигар номинатсияҳо низ ғолибонро муайян намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз кардем, — гуфт директори китобхонаи вилоятии Самарқанд Гулбаҳор Шарифова. — Зеро ҳадафи асосии мо — дилбастаи адабиёти бадеӣ гардидани насли наврас мебошад.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: