Аз парвои чорво дар ин дашту ҳомун, ки қисми асосии умри азизаш дар он гузашт, фориғ шуда, ба зодгоҳ кӯч баст падар.
Дилтанги зодгоҳаму айвони қиблагоҳ,
Дунё кунун ба дидаи ман ҷои кӯчакест.
Сафар Абдуллоҳ.
Аз парвои чорво дар ин дашту ҳомун, ки қисми асосии умри азизаш дар он гузашт, фориғ шуда, ба зодгоҳ кӯч баст падар. Дар дашт зуд-зуд доманкӯҳҳо, қуллаҳои баланди онҳо, сою чашмаҳои обашон ҷонбахш, боғҳои дилкушои деҳаи азизаш – Чормағззорро сахт пазмон мешуд. Манзараҳои аҷиби деҳа варо ҳамеша сӯйи худ мехонданд. Аз ин лиҳоз ба деҳа омаду ба боғпарварӣ дил баст.
– Ака, ин ҷою манзили наватон шуморо оқибат рафта-рафта аз норасоии об азоб медиҳад, – мегуфт бародарзодааш. – Шумо, хубтараш дар ҷойи хонаи қадимиамон манзили нав созед.
Ин суханон водор сохтанд, ки ба болооби деҳа кӯч баста, хонаи зисти доимӣ созад ва танҳо дар тобистон ба боғ рафта, бо аҳли байт он ҷо зиндагонӣ кунад.
Роҳҳо тангу тор. Болотар маркаб базӯр роҳ мегардад. Одамон кӯчҳояшонро ба маркабҳо бор карда, ба манзили тобистонии худ мераванд. Аввал туту зардолуву себ, дертар шафтолу, дӯлона, чӯбдона ва ниҳоят чормағз пухта мерасанд. Мардум аз ин меваҳо мехӯранд, шинниву мураббо мепазанд, тутмавиз, қоқи себ хушк карда мегиранд. Аҷаб манзараи дилфиреб дорад кӯҳистон, доманаи он, ки деҳаи Чормағззор* дар он мавқеъ гузидааст. Аз поён то болооб тақрибан панҷ-шаш фарсах роҳ аст.
Мегӯянд, ки мардуми деҳ замоне, ҳангоми қаҳтиву гуруснагӣ, солҳои вазнин, хосса даври Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тавассути роҳи морпечи ағба аз кӯҳ гузашта, аз бозорҳои он ҷо манбаи ризқу рӯзӣ – ғаллаву орд меоварданд. Сафар баъзан ба рӯзҳои сарди сармо рост меомад, ки азоби алим буд...
Аз манзили нав сӯйи боғ раҳсипор мешавам. Пуштаи баландро убур мекунам, роҳҳои каҷу килебро қафо мегузорам.
Падарам дар боғ бо роҳи ҳашар бому айвон бардошт.
Ҳақу ҳамсоя, хешу ақрабо кӯмак расониданд, зеро падарам ҳам, ки як умр ба парвои чорво шуғл дошт, бемузду миннат ба мардум хидмат мекард.
Акнун дар боғ дарахтони чормағзи пӯсидаро бурида, ҳезум мекард. Барои зимистон ғам мехӯрд. Чунон зебо таҳияву ғарам мекард, ки роҳгузарон бо ҳавас менигаристанд. Сипас бо хар ба поён мекашонд, зеро мошин то ба боғ рафта наметавонист. Дар вақтҳои фориғ мо ҳам ба ӯ кумак мерасонидем. Дар назди боғ зиёратгоҳ буд, ҳоло ҳам ҳаст. Зиёратгоҳи Ҳазрати Имомато Бобои Эшон. Аз дуру наздик ҳамдеҳагон, меҳмонон омада, онро зиёрат мекунанд.
Падарам баҳри обод ва сарсабз намудани боғ бисёр меҳнат кард, заҳмат кашид.
Гови сиёҳи пешониаш сафед доштем. Ин «осиёи дари хона»-и мо буд, рӯған, ширу ҷурғотамонро таъмин менамуд. Ман бо мушкилӣ онро ба боғ бурдам. Дар суфача нишаста, ҳамроҳи падар чой нӯшидем. Модарам дар оташдон ош пухт. Кафи дастонаш аз чормағзтозакунӣ сиёҳ шуда буд. Ин доғ дуру дароз боқӣ монд.
Солҳо медаванд, умри одамӣ ҳам ба қавле, дар як мижа задан мегузарад. Бедил барҳақ гуфта, ки:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст...
Ҳоло роҳ то болои деҳа нав шудааст. Алъон роҳи то Бобои Эшонро тахту ҳамвор мекунанд. Техникаҳои роҳсозӣ сангҳои калонро бурида, ба роҳ шағал мерезанд. Асфалт мехобонанд. Деҳа торафт ободтар мешавад. Дар боғҳо хонаҳои меҳмонқабулкунӣ месозанд. Миқдори сайёҳони хориҷӣ меафзояд.
Кору амалҳои неки падари азизро ёд меовараму гоҳе худ ба худ меандешам:
«Кош, ман ҳам мисли падар мебудам, барои бунёди боғ ва кору таҳсили фарзандон ғам мехӯрдам...»
Аз ин рӯ гоҳ-гоҳ ба зиёрати боғи падар меравам. Даме дар зери айвони қиблагоҳ менишинам.
Фазилатҳои неки падарро ба хотир меоварам.
Анорбой Назаров,
вилояти Ҷиззах.
*Чормағззор – бофтаи бадеии номи деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш аст.