Чароғе дар раҳи фардо...

Омӯзгор шамъест, ки бо нури худ ба қалби шогирдон нур мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Яъне, сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, ба воя расидани шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад.

Вақте сухан дар бораи таълиму тарбияи насли наврас меравад, пеш аз ҳама бояд, хидматҳои шоистаи шахсонеро пеши назар оварем, ки дар давоми умри бобаракати худ монда нашуда, қувваю ғайрат ва заҳмату ҷидду ҷаҳди беқиёси хешро сарфи таълиму тарбия намуда, дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Чунки касби омӯзгорӣ муқаддастарин ва нодиртарин шуғли рӯйи Замин аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ, ташаккули маърифату маънавият, худшиносиву худогоҳии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст.

Омӯзгор шамъест, ки бо нури худ ба қалби шогирдон нур мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Яъне, сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, ба воя расидани шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад.

Омӯзгоре, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ аст, мехонад то биомӯзад, месӯзад то бисозад ва ӯ сазовори номи пуршарафи омӯзгорӣ мегардад.

Омӯзгори соҳибназар, шахси хоксору фурӯтан, ровии забондону ҳофизи хушадо Дилмурод Қӯзиев бо ташкилотчигӣ ва забондонию лутфи хуш на танҳо дар дилу дидаи шогирдону ҳамкорон, балки ба қалби кулли равшанфикрони ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он роҳ ёфтааст. Омӯзгори равшанзамир, ҳарчанд пешааш соҳаи таълими техникӣ аст, вале яке аз афроди варзидаи тарғибгари урфу одат, адабиёт ва забони модарӣ аст, ки дар ташаккули маърифату маънавияти худшиносии мардум саҳм мегирад.

Дилмурод Қӯзиев 20 феврали соли 1965 дар деҳаи Сойхурди кӯҳпояи Нурато, аз оилаи коргар ба дунё омадааст. Овони кӯдакиаш дар ҳамин деҳаи хушманзараи кӯҳистон гузашта, таълиму тарбияро дар мактаби овозадори рақами 43-уми деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато фаро гирифтааст. Он солҳо омӯзгорон хеле сахтгир, вале ҳалиму меҳрубон буданд. Бо падару модарон ҳамкории мустаҳкам доштанд.

– Ман ҳамеша назди устоди устодон Субҳон Рӯзиев, Турсунмурод Султонов ва Тӯра Раҳмонов сар пеш меоварам. Имрӯз низ тааҷҷуб дорам, ки ба хонандагони ду синф дар як вақт дар як синфхона дарс мегузаштанд ва тавонистаанд, ки хишти аввалро каҷ нагузоранд. Зеро:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То сурайё меравад девор каҷ.

Ин ҷо филиали мактаби рақами 43 буд. Баъди хатми синфи чаҳорум таълиму тарбияро дар деҳаи Эҷ идома дод. Аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаву донишманди сахтгир чун Ӯзбекбой Рӯзиев, Бурҳон Ҳайдаров, Даврон Мансуров, Низом Тилабов, Ҳазрат Бакриеву Тоҳир Амонов, Тинглаш Қӯрғонов, Абдуназар Набиеву Салим Ғафуров, Ҳамид Сатторов ва дигарон таълиму тарбия гирифтем. Синфи даҳумро хатм намуда, писарбачаҳо (он солҳо духтарон кам ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат месупориданд) ба донишгоҳҳои Самарқанду Душанбе ҳуҷҷат супоридем. Тақрибан, кулли писарбачаҳо донишгоҳҳоро хатм намуданд. Элмурод Рӯзиеву ман ва Султон Файзиеву Ҷӯрабой Султонов пешаи омӯзгорӣ, Шавкат Ғаффоров соҳаи ҳуқуқшиносӣ, Нурмурод Ғаффоров бойторӣ ва Парда Раҳимов муҳосибиро интихоб намуда, ҳама дар пешаи интихобнамудаи худ комёбиҳоро ноил гардидаанд. Ин ҳамааш натиҷаи заҳмат ва ҷидду ҷаҳди омӯзгорон буд, ки мо ҳамеша аз онҳо миннатдор мебошем, – зимни суҳбат гуфт Дилмурод Қӯзиев.

Зиндагӣ ҳеҷ гоҳ як ранг ҷараён надорад. Он фарозу нишеб, гоҳе шодиву ғам дорад. Ин ҳаводис Дилмуроди ҷавонро низ дар канор нагузошт. Соли дувуми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Душанбе сутуни хонадон – падараш реҳлат намуданд. Дилмурод, ки дар факултаи технологияи институт таҳсил мекард, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибона гузаронид. Дар мактаби зодгоҳ, ки аллакай ба мактаби миёнаи ҳамагонӣ табдил ёфта буд, ба кор даромад. Якҷо бо модараш холаи Бозоргул бори зиндагиро ба дӯш гирифтанд. Се нафар хоҳару ду додарро таълиму тарбия дода, духтаронро ба хонаи бахт гусел намуданд. Додаронро низ соҳиби касбу ҳунар ва хонаву ҷойдор карданд.

Аз ҳамон соли 1988 то имрӯз Дилмурод Қӯзиев дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 30-юм фаъолият дорад. Мусовӣ бо пешаи омӯзгорӣ солҳои 1993-2000 корманди хонаи маданияти ноҳияи Нурато низ буд.

Аз ибтидои фаъолият Дилмурод Қӯзиев тавонист бо забони фасеҳу дониши расо дар дилу дидаи толибилмон ҷо гирад, байни ҷамоаи омӯзгорон ва аҳли деҳа мавқеъ пайдо намояд. Аллакай аз ибтидои фаъолият хусусиятҳои ташкилотчигии омӯзгори ҷавон ба назар мерасад. Ин хусусиятҳои ӯро ба назар гирифта, дар соли 2012 ҷонишини директор оид ба корҳои маънавию маърифатии мактаб таъин намуданд. Дар ин ҷараён низ зуд натанҳо дар мактаб, балки байни мактабҳои ноҳия шӯҳрат пайдо кард. Дилмурод Қӯзиев дар риояи одобу муошират низ намунаи дигарон аст, сухани ҳамсуҳбати худро то охир гӯш мекунад, сухани мусоҳибро ҳеҷ вақт намебурад, худ низ бисёртар бо таҳаммул ва бомулоҳиза ҳарф мезанад. Санъати сухани ӯ барои толибилмон ва ҳамкорону ҳамнишастон як сабақест гӯем, хато намекунем.

Пайи худшиносиву худогоҳии шогирдон пайваста такӯпо дорад. Дар ҳар як ҷамъомад, хоҳ ҳокими ноҳия бошад, хоҳ аз вилоят омада бошанд, талабу дархостҳои ба манфиати мактабиён ва ё мардумро иброз медорад.

Дилмурод Қӯзиев шиору овезаҳои мактабро ба тазйиқи «болоӣ»-ҳо нигоҳ накарда, ба забони модарӣ менависонад. Ин иқдоми Дилмуродро аксар мактабҳои кӯҳпояи Нурато пайравӣ доранд. Намояндагони он мактабҳо назди ӯ меоянд, бо ороиши мактаб шинос шуда, онро ба расм мегиранд ва дар мактаби худ ҷорӣ мекунанд.

Дилмурод Қӯзиев ба шогирдон ва ҳамкорон доим таъкид менамояд, ки аз душворӣ натарсед, ҳама гуна душвориҳо дар пеши саъю кӯшиш, ақли солим ва донишу қудрати одамӣ оҷиз аст. Худ дигаронро намунаву ибрат аст. Пайваста мехонад, меомӯзад, дониш ва маҳорати худро такмил медиҳад.

Воқеан, қаҳрамони мо омӯзгори эҷодкор аст. Мақолаҳояш тариқи рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар» чоп мешавад. Тариқи ин мақолаҳо муаммоҳои кори таълиму тарбияро пешбарӣ менамояд. Дилмурод Қӯзиев аъзои фаъоли раёсати Маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» мебошад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Маҷмӯае тартиб додааст, ки дар он доири ҳаёт ва фаъолияти иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва байналмилалчиёни хоки афғон маводи зиёде ҷамъ намудааст, ки барои муҳаққиқони соҳа метавонад чун сарчашма мавриди истифода қарор ёбад.

Дар вилояти Навоӣ ягон чорабинии сатҳи ноҳиявию вилоятӣ бе иштироки Дилмурод намегузарад. Дар аксарияти ин тадбирҳо ӯ ровӣ, барандаи давра аст. Забони давлатиро хуб фаро гирифтааст. Д. Қӯзиев борҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ширкат варзида, ғолиб омадааст. Ӯ ғолиби озмунҳои «Марҳабо талантлар» ва «Ӯзбекистон ватаним маним» мебошад. Қаҳрамони мо борҳо дар ҷашнвораҳои Дӯстӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ширкат намудааст. Тариқи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ барномаҳои консертӣ додааст.

Оилаи намунавӣ дорад Дилмурод. Бо ҳамсараш Малоҳат ва модари мушфиқаш холаи Бозоргул ду писар ва як духтарро ба воя расонидаанд. Фирдавс Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва Фаррух Донишгоҳи давлатии Навоиро хатм намудаанд. Нозанин бошад, пешаи ҳамширагиро интихоб намудааст.

Д. Қӯзиев барои фаъолияти пурсамар борҳо аз ҷониби ҳокимияти ноҳиявию вилоятӣ, ШТХ ноҳияи Нурато ва Садорати таълими халқи вилоят бо ташаккурномаҳо тақдиронида шудааст. Дилмурод Қӯзиев бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» ва «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Дилмурод Қӯзиев шастсола шуд. Ӯро бо ин санаи шоиста муборакбод намуда, фатҳи қуллаҳои нави меҳнатиро таманно дорем. Бузургон фармудаанд:

Китобу ҳикмату маъно муаллим,

Чароғе дар раҳи фардо муаллим.

Ба нерӯе, ки дорад дар бисоташ,

Ҷаҳонеро кунад зҳё муаллим.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: