Президенти Ӯзбекистон ба Қатар омад

  • Президенти Ӯзбекистон ба Қатар омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Қатар омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Қатар омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Қатар омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ бо сафари амалӣ ба шаҳри Доҳа ташриф овард.

Сарвари давлати моро муовини Сарвазири Қатар, вазири давлатӣ оид ба корҳои дифоъ Шайх Сауд бин Абдураҳмон Ол Сонӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шайх Ҳамад ба шарафи меҳмони олимақом қаровули фахрӣ саф оростанд ва парчамҳои давлатии ду кишвар афрохта шуданд.
Тибқи барномаи сафар, Президенти Ӯзбекистон 4 ноябр дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ширкат хоҳад кард.
Аз ҷониби Сарвари давлат пешбарӣ гардидани ташаббусҳои муҳим дар бораи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳкими устувории ҷомеаҳо, баланд бардоштани адолати иҷтимоӣ ва фарогирӣ, густариши имкониятҳои таҳсил, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳо дар назар аст.
Ҳамчунин дар доираи саммит гузаронидани музокироти сатҳи олӣ низ пешбинӣ шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: