Дар бораи таъсис додани ҷоизаи байналмилалии «Мероси оянда»

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Таҳкими пояҳои маънавию маърифатии Ӯзбекистони Нав, ки бо заҳмати содиқонаи халқи мо бунёд мегардад, боло бурдани обрӯ ва эътибори байналмилалии кишварамон дар ин самт, тарғиби фаъолонаи намунаҳои мероси ғании таърихии мо, сарватҳои фарҳангӣ, дастовардҳои илмӣ ва ғояҳои инноватсионӣ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла, илмӣ, адабӣ-бадеӣ ва тасвирӣ, ҳамчунин талош ва ҳаракатҳои амалӣ ҷиҳати табдил додани онҳо ба воситаи таъсирбахше, ки на танҳо ба имрӯз, балки ба рушди фардои кишвар хидмат мекунанд, торафт аҳамияти бештар касб менамояд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии эҷодкорону зиёиёни маҳаллӣ ва хориҷие, ки чунин равандҳои фарогиру густурдаро бо орзуву ормонҳои тамоми халқҳои рӯи Замин, аз ҷумла, мардуми Ӯзбекистон вобаста намуда, дар соҳаҳои адабиёт, фарҳанг, санъат, илму фан, таълим ва технологияҳои рақамӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд, инчунин, ба рушди арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, пешрафти ҷаҳонии фарҳангӣ саҳми муносиб мегузоранд, қарор мекунам:

1. Ҷоизаи байналмилалии «Мероси оянда» (минбаъд — Ҷоизаи байналмилалӣ) таъсис дода шавад.

2. Озмунҳо барои Ҷоизаи байналмилалӣ аз соли 2025 сар карда, ҳар сол дар самтҳои зерин гузаронида шаванд:

а) адабиёт;

б) мероси фарҳангӣ;

в) театр ва кино;

г) мусиқӣ ва рақс;

д) санъати тасвирӣ ва амалӣ;

ж) мӯд ва дизайн;

з) илму фан, таълим ва технологияҳои рақамӣ.

3. Муайян карда шавад, ки:

а) ғолибони ҳар як самти Ҷоизаи байналмилалӣ бо ҳайкалча (статуэтка), диплом ва мукофоти якдафъаина ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз гарданд;

б) Ҷоизаи байналмилалӣ ба ғолибон ба таври тантанавӣ супорида мешавад.

4. Шӯрои Ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” таъсис ёфта, таркиб ва вазифаҳои асосии он мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ гарданд. Вазорати фарҳанг ҳайати кории Шӯро муайян карда шавад.

5. Девони Вазирон дар муҳлати як ҳафта низом дар бораи Ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда”-ро тасдиқ намояд.

6. Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи васеи Ҷоизаи байналмилалӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ ва даъват намудани иштирокдорони хориҷии ғолиб ба Ӯзбекистон кӯмак намояд, инчунин, ба онҳо раводиди вуруд ва дар ҳолатҳои зарурӣ расмияташонро дар фурудгоҳҳои байналмилалии “Тошканд” ва “Самарқанд” таъмин созад.

7. Вазорати фарҳанг якҷо бо Маркази омодасозии контент барои васоити ахбори омма, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Иттиҳоди миллии медиаи Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоотии “Дунё” ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ инъикос намудани Ҷоизаи байналмилалӣ, аҳамияти он ва корҳоеро, ки дар доираи қарор амалӣ мешаванд,  ташкил кунанд.

8. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти марбут ба ташкил ва гузаронидани озмуни Ҷоизаи байналмилалӣ дар соли 2025 аз ҳисоби Фонди захиравии Девони Вазирон маблағгузорӣ мешавад, аз соли 2026 сар карда, дар параметрҳои буҷети давлатӣ пешбинӣ мегардад.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов вогузор карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон                                                                                          
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,

3 ноябри соли 2025.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: