Дар самти «Остона — Самарқанд — Остона» парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад

Ширкати ҳавопаймоии қазоқистонӣ Qazaq Air дар бораи ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами мустақим дар самти «Остона — Самарқанд — Остона» хабар дод, ки иҷрои онҳо аз 7 ноябри соли ҷорӣ оғоз меёбад.

Ин самти нав барои осон кардани сафарҳо байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон, инчунин барои рушди робитаҳои сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар нигаронда шудааст.

Парвозҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзи ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд.

Ба роҳ мондани ин хатсайр иртиботи ҳавоиро миёни давлатҳои ҳамсоя тақвият бахшида, барои мусофирон, соҳибкорон ва донишҷӯён имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Ин иқдом ҳамчунин такони наве ба рушди сайёҳӣ, тиҷорат, инчунин ташаббусҳои таълимӣ ва фарҳангӣ мебахшад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: