СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ УМУМИҶАҲОНӢ ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ

Волоҳазрат хонуми муҳтарам Раис!

Волоҳазрат ҷаноби муҳтарам Котиби генералӣ!
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо!
Ба дӯсти азизам, Аълоҳазрат Амири Қатар Шайх Тамим Ал Сонӣ барои меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҳамоиши умумиҷаҳонӣ миннатдории амиқи худро изҳор менамоям.
Мехоҳам ба Аълоҳазрат Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Антониу Гутерриш барои саҳми бузурги шахсиаш дар баргузории ҳамоиши мазкур миннатдории махсус изҳор намоям.
Хеле рамзист, ҳамоише, ки соҳати муҳими рушди ҷаҳонии иҷтимоӣ ба шумор меравад, маҳз дар Доҳа баргузор мегардад.
Солҳои охир Давлати Қатар маркази ҷаҳонии инклюзивии иҷтимоӣ ва рушди муттасил мегардад. Ман халқи Қатарро бо чунин дастоварди азим самимона муборакбод менамоям.
Он чиз боиси эътибор мебошад, ки ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳон ва ҳокимиятҳои миллӣ бобати таъмин сохтани некӯҳолии иҷтимоӣ ва беҳтар намудани ҳаёти аҳолӣ муштаракона амал мекунанд.
Ӯзбекистон тамоми шакл ва ташаббусҳои ҳамкории байналхалқиеро, ки ба рушди устувор нигаронида шудаанд, мунтазам дастгирӣ мекунад.
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав мо ҷамъиятеро бунёд мекунем, ки дар он раванди бартариноки «Барои шаъну шарафи инсон» татбиқ мегардад, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи самарабахши аҳолии эҳтиёҷманд таъмин карда мешавад. Дар Сарқонуни навшуда мавқеи қатъии мо дар ин роҳ зикр шудааст, мақоми кишвари мо ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон гардидааст.
Барномаҳои қаблан парокандаи ҳифзи иҷтимоӣ дар низоми ягонаи Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид карда шуданд. Шакли нави ҳифзи иҷтимоӣ ҳама ибтидо аз зинаи поёнии ҷомеа – маҳалла, ҳар кадом хона ва ҳар як оиларо дар бар мегирад.
Тӯли солҳои охир мо тавонистем сатҳи нодориро аз 35 то ба 6,6 фоиз коҳиш диҳем. Мо ислоҳотро дар самти мазкур идома медиҳем.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Дар шароити ҷараёнҳои мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар олам ба вуқӯъ меоянд, ман мехоҳам як қатор таклифҳоро пеш гузорам.
Якум, бояд ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза нисбати нодорӣ ба сатҳи нав бардошта шавад.
Бинобар маълумоти Созмони Милали Муттаҳид алҳол 1 миллиарду 100 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон дар фақирӣ зисту зиндагӣ доранд.
Ба фикри мо, замони созмон додани тарҳи нави молиявии мубориза ба муқобили нодорӣ расидааст, ки захираҳоро ба барномаи иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ҷалб менамояд.
Бо ин мақсад, барои расондани кумаки амалӣ дар коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ ва мубориза бо нодорӣ мо таклиф мекунем, ки Бунёди ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ таъсис дода шавад.
Дуюм, ба кор гузоштани механизмҳои нави замонавӣ дар ҳаллу фасли самарабахши масоили шуғл аҳамияти рӯзмарра хоҳад дошт.
Мувофиқи ҳисоботи Созмони байналмилалии меҳнат соли 2024-ум сатҳи бекорӣ дар ҷаҳон 5 фоизро ташкил дод. Ҳарчи бештар ҷорӣ гардидани технологияҳои олӣ, интеллекти сунъӣ боиси аз байн рафтани миллионҳо ҷойҳои корӣ дар тамоми ҷаҳон мегардад.
Дар чунин вазъ ҳукуматҳо ва тиҷорат ҳамчун шарикони иҷтимоӣ бояд ба дастгирии ходимон эътибори бештар диҳанд. Бовар дорам, ки шумо ин пешниҳоди моро дар коркарди Ташаббуси ҷаҳонӣ оид ба масъулияти иҷтимоӣ ва кори мувофиқ дастгирӣ менамоед.
Сеюм, аз тариқи вусъат додани имкониятҳои таълим барои ҳама метавон ҳаллу фасли самараноки мушкилоти иҷтимоиро дарёфт.
Алҳол зарари ҳарсолаи иқтисодӣ аз бесаводӣ 1,4 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои насли ҷавон ин ҷиҳат дарёфти ҷойи худро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва бозори меҳнат душвор менамояд, боиси қатъиян афзудани нобаробарӣ мегардад.
Мо қарори дар мулоқоти аввалини дирӯзаи Иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба мубориза ба муқобили гуруснагӣ ва нодорӣ қабулшударо куллан дастгирӣ менамоем. Пешниҳод мекунем, ки яке аз ҳамоишҳои пешистодаи он дар Ӯзбекистон гузаронида, масъалаи таълим мавзӯи асосии рӯзномаи он муайян карда шавад.
Чаҳорум, зарурияти ҳифзи мунтазами муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо меафзояд.
Ҳоли ҳозир дар тамоми ҷаҳон беш аз 300 миллион муҳоҷирон дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд. Мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон шудани ҳуқуқи онҳо хеле зиёд аст.
Пешниҳод мекунам, ки соли  оянда дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқии меҳнат ва муҳоҷират Анҷумани байналмилалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи муҳоҷирон ва оилаи онҳо дар Ӯзбекистон гузаронида шавад ва Барномаи ҷаҳонӣ қабул гардад.
Панҷум, мо таъсири тағйироти иқлимро ба ҳаёти ҷомеа торафт бештар эҳсос менамоем.
Обу ҳавои ғайриодӣ, саҳрошавӣ ва коҳиш ёфтани гуногунрангии биологӣ, пеш аз ҳама, ба ҳаёти гурӯҳҳои ночори аҳолӣ, фермерон, коркунони мавсимӣ ва сокинони минтақаҳои вазъи экологиашон мураккаб таъсири нохуш мерасонанд.
Қабул намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба ҳамоҳангии мубориза бо тағйироти иқлим бо барномаҳои шуғл вазифаи бағоят рӯзмарра аст. Вобаста ба ин мо ният дорем модели нави рушди иҷтимоиву иқтисодиро дар минтақаи Наздиарал, ки мувофиқи қарори Созмони Милали Муттаҳид минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон шудааст, ба роҳ монем. Мо омода ҳастем дар самти мазкур бо ҷомеаи байналхалқӣ мубодилаи таҷриба кунем.
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Қарорҳое, ки мо имрӯз қабул мекунем, бидуни шубҳа, ба миллионҳо нафар одамони тамоми ҷаҳон эътимод ва умед мебахшанд, дар таъминсозии эътидол ва фарвонҳолӣ саҳми бузург мегузоранд.
Вазифаи асосии мо барқарор намудани ҳамдилии ҷамъиятӣ дар роҳи рушди байналхалқӣ, созмон додани сатҳи сазовори ҳаёт барои ҳар кадом инсон аст.
Аз ин нуқтаи назар Изҳороти сиёсии Доҳаро, ки имрӯз қабул карда мешавад, куллан дастгирӣ менамоем. Тайёрем равандҳои дар он зикршударо пурра ба ҳаёт татбиқ созем. Бешубҳа, ин Изҳороти таърихӣ саъю кӯшишҳои муштараки моро бобати муваффақ шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мустаҳкам мекунад.
Дар анҷом ба ҳамаи шумо дар кори пурмаҳсули Ҳамоиши умумиҷаҳонӣ комёбиҳо орзу мекунам.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: