Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ корхонаҳои нав, биноҳои истиқомативу хидмати маишӣ бунёд мегардад.
Аҳолии ноҳия афзуда, талабот ва эҳтиёҷ ба барқ низ зиёд мешавад. Барои таъмини ин эҳтиёҷоту талабот бунёди манбаъҳои нави истеҳсоли барқ зарур аст.
Ба ин мақсад дар ҳудуди ноҳия лоиҳае аз ҷониби ширкати «China Energy investment Corporation»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин татбиқ мегардад, ки дар ҳалли мушкилоти номбурда аҳамияти калон дорад.
Чанде пеш сохмони неругоҳи барқии «сабз», яъне неругоҳи офтобӣ оғоз ёфт. Неругоҳ дорои иқтидори истеҳсоли 300 мегаватт (MВт) буда, метавонад 150 MВт-ро захира нигоҳ дорад.
Ҳокими ноҳия Азамат Файзиев якҷо бо намояндагони ширкати Чин бо корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои сохтмончиён шинос шуд. Таъкид гардид, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ 1600 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мегарданд. Баъд аз анҷоми сохтмон ва оғози истеҳсоли неруи барқ 60 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Неругоҳ соле 1,7 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад. Ин рақам ба истеъмоли энергияи барқии солонаи 700 ҳазор хонадон баробар аст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 515 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, партоби 714 тонна моддаҳои ба атмосфера зараррасон пешгирӣ мешавад.
Бунёди неругоҳи нави «сабз» иқтидори истеҳсоли неруи барқи ҷумҳуриро афзун намуда, барқарорӣ ва тозагии муҳити экологиро таъмин хоҳад кард.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.