Чанде пеш рӯнамоии китоби доктори улуми фалсафа, профессор Ҳақназар Қурбонмамадов «Экологическая культура и экологические проблемы Центральной Азии» («Фарҳанги экологӣ ва мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ») баргузор гардид.
Ба наздикӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Китоб ва китобхон» бо ҳамкории Маркази маданияти тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» ва Ҳаракати экологии Ӯзбекистон рӯнамоии китоби доктори улуми фалсафа, профессор Ҳақназар Қурбонмамадов «Экологическая культура и экологические проблемы Центральной Азии» («Фарҳанги экологӣ ва мушкилоти экологии Осиёи Марказӣ»), ки дар нашриёти «Донишманд зиёси»-и шаҳри Тошканд аз чоп баромадааст, баргузор гардид.
Фарҳанги экологӣ чист? Маъно ва мундариҷаи он аз чӣ иборат аст? Фарқи фарҳанги экологӣ аз дигар намудҳои фарҳанг, ба монанди сиёсӣ, бадеӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғайра дар чист? Муаллиф дар муқаддимаи китоб чунин саволҳоро пеш мегузорад ва ҷавобан менависад, ки «... маъно ва мундариҷаи мафҳуми «фарҳанги экологӣ» равшан аст ва ба тавзеҳоти махсус ниёз надорад...».
Ва муаллиф дар ҳафт боби китоб, ки ба масъалаҳои шуури экологӣ ва вазифаҳои он, табиат дар таърихи фарҳанги экологии халқҳои Шарқ, вазъияти экологӣ дар Осиёи Марказӣ ва роҳҳои ҳамоҳангсозии он, чаҳор нуқтаи заифи экологияи Осиёи Марказӣ, нақши созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии экологӣ дар рушд ва баланд бардоштани маданияти экологӣ, экология ва зебошиносӣ, ягонагии халқҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили мушкилоти бӯҳронҳои экологӣ, фарҳанги экологӣ дар низоми муосири байнифарҳангӣ бахшида шудааст, мавзӯъҳоро ба дараҷаи бояду шояд тавзеҳ додааст.
– Муаллиф, ки 85-солагии худро моҳи октябри соли ҷорӣ ҷашн гирифт, 5 соли умри худро барои навиштани ин китоб сарф кард ва дар натиҷа китоби мукаммале, ки ҳамчун китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ хидмат хоҳад кард, рӯйи чопро дид, – гуфт раиси маркази маданияти тоҷикони шаҳри Тошканд Тоҷибой Икромов. – Муаллиф хонандагонро бо муносибати халқҳои қадимаи Ҳиндустон, Чин, Эрон ва Осиёи Марказӣ ба табиат, инчунин аҳамияти пиряхҳои Тяншон ва Помир барои халқҳои Осиёи Марказӣ шинос мекунад. Ман итминон дорам, ки ин китоб дар замоне, ки роҳҳои ҳалли ҷиддии мушкилоти экологӣ ҷустуҷӯ мешаванд, ба китоби рӯйимизии ҳар як хонанда табдил хоҳад ёфт.
– Ман зебоишиносиро, бахусус фарҳанги эстетикии Шарқ ва суфизмро амиқ омӯхтам ва баъдтар, бо дарки он ки фарҳанги экологӣ қисми муҳим ва ҷудонашавандаи фарҳанги эстетикӣ аст, ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намудам, – гуфт муаллифи китоб Ҳақназар Қурбонмамадов. – Дар табиат қонунҳо вуҷуд надоранд, дар он равандҳо мавҷуданд. Инсон набояд ба ин равандҳо дахолат кунад. Мо инчунин насли ояндаро бояд дар ҳамоҳангӣ бо табиат ва дар руҳияи эҳтироми он тарбия кунем. Мегӯянд, ки инсон аз худ бояд номи нек, боғи хубе боқӣ гузорад. Номи ман низ дар ин «боғ» – китобе, ки ман чанд соли умри худро ба он бахшидаам, сабт хоҳад шуд.
Муаллифи сарсухани китоби мазкур, доктори илмҳои таърих, профессор Эркин Охунҷонов аз овони бачагии худ ёдовар шуда гуфт, ки ҳама ба модар табиат меҳру муҳаббати беандоза доштанд. Об чунон соф ва зулол буд, ки оби равони ҷӯйборҳо ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мешуд. Тозагии гирду атроф, ҳосилдории томарқа ва дарахтон дар мадди назари калонсолон буд, ки ин як намуди тарбияи экологии насли наврас будааст.
– Мушкилоти экологӣ, ки аз миёнаҳои асри гузашта як-як ба назар мерасиданд, имрӯз ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Чунин мушкилот аз таъсири манфии инсон ба табиат бармеоянд. Мисли тамоми ҷаҳон, дар кишвари мо низ мушкилоти марбут ба ҳифзи табиат рӯз аз рӯз муҳимтар мегарданд. Пеш аз ҳама бояд таъкид намуд, ки ҳалли онҳо аз баланд бардоштани фарҳанги экологӣ дар байни аҳолӣ вобаста аст, – гуфт Э. Охунҷонов.
Инчунин, ташкилотчиёни чорабинӣ ба роҳбари корхонаи хусусии «Истаравшан» Мурод Махсудов, ки дар нашри китоб кумаки моддии худро дареғ надоштааст, изҳори сипос карданд ва таъкид карданд, ки тарҷумаи ин китоб дар оянда ба забони халқҳои бародар аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Набия Нодирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Аксбардор: Т. Ховарӣ.