Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии рангтасвирии дотсенти Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод, рассоми маъруф Чорӣ Бекмиров таҳти номи «Лавҳаи дил» баргузор гардид.
Рассом дар корҳои эҷодиаш анъанаҳои миллиро бо услуби муосири баён пайваста, манзараҳои табиӣ, муносибати инсон ва муҳити зистро дар як тафсири эстетикии нав инъикос кардааст. Асарҳои ӯ дар якчанд жанр: таърихӣ, маишӣ, портрет, манзара ва натюрморт офарида шудаанд.
Чорӣ Бекмиров дар расмҳои худ бештар ба офаридани манзараҳо таваҷҷуҳ дорад.
– Ҳангоми баррасии манзараҳо эҳсос кардан мумкин аст, ки рассом ҳар як асарро дар ҳолати таносуб, оромӣ, тафаккур ва хомӯшӣ эҷод кардааст, – таъкид мекунад санъатшинос Г. Амонхӯҷаева. – Хусусияти дигари эҷодиёти рассом дар он аст, ки ӯ одатан кӯшиш мекунад симои одамро дар миёни манзара тасвир кунад. Ӯ табиат ва инсонро дар маҷмӯъ, яъне ҷузъи ҷудонашавандаи табиат шарҳ доданро дӯст медорад.
Дар намоишгоҳ асарҳои «Баҳор», «Рақобат», «Зимистони Оҳангарон», «Баҳор дар кӯҳ», «Манзараи кӯҳ», «Субҳ дар кӯҳи Бӯстонлиқ», «Шоми кӯҳсор», «Аввали тирамоҳ», «Карвон», «Акси садо», «Боғбони паркентӣ», «Амударё», «Тирамоҳи Оқтош», «Кӯҳи Хумсон», «Портрети пири солхӯрда», «Портрети Зоҳид Ҳақназаров» гузошта шудааст, ки тамошобинон ва ҷавононро ба эҷодкорӣ ва андеша даъват мекунад.
Фаъолияти эҷодии Чорӣ Бекмиров ва саҳми арзандааш дар рушди санъати миллӣ қадрдонӣ гардида, ба ӯ нишони сарисинагии «Ходими Академияи Бадеии Ӯзбекистон» супорида шуд.
Ин ҷоизаи олӣ қадрдонии шоистаи заҳмати якумраи рассом ба эҷодкорӣ, зебоӣ ва инсондӯстӣ буда, рамзи идомаи мактаби наққошии миллӣ ва анъанаи устоду шогирд мебошад.
Ҳасан Абдуназаров.