Ҳар як инсон дар зиндагии худ, бешубҳа, орзуи баргузор кардани тӯйи зебо ва хотирмонро дорад. Тӯй аз рӯзҳои муҳими зиндагии инсон аст.
Аммо, мутаассифона, дар замони ҳозира бисёр тӯйҳо бо харҷу тантанаҳои аз ҳад зиёд мегузаранд. Дар аксар маврид мо урфу одатҳои миллиамонро фаромӯш карда, тӯйҳоро дар пояи маданияти Ғарб мегузаронем. Дар хаёли баъзеҳо танҳо як фикр: «Тӯйи ман бояд аз тӯйи дигарон пуровозатару пурдабдабатар гузарад».
Оё ин дуруст аст?
Албатта, нодуруст. Чунки ин маъракаро ҳама аз рӯи имконаш мегузаронад, лекин ин маънои онро надорад, ки ба исрофгарию дабдабабозӣ роҳ диҳад. Балки бояд ба меъёрҳои маъмул амал намояд.
Дар замони ҳозира баъзеҳо моҳияти аслии тӯйро гӯё намефаҳманд, танҳо барои обрӯи худ онро бо исрофгарию дабдаба мегузаронанд. Ба бахти ҷавонон, ҳаёти баъд аз тӯйи онҳо эътибор намедиҳанд.
Тӯй рӯзи шодӣ, оғози зиндагии нав дар ҳаёти инсон аст. Ҳоло дар бисёр ҷойҳо он ба воситаи намоишкорӣ, исрофгарӣ ва сохтакорӣ табдил ёфтааст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ба воситаи тӯйи боҳашамат дар байни мардум обрӯ пайдо менамоянд.
Боз як масъалаи ҷиддӣ ин аст, ки ҷониби домод аз ҷониби хонаводаи арӯс ҳамчун ҷиҳоз овардани мебелҳои қиматбаҳоро талаб мекунанд. Охир, ин шармандагӣ нест?! Ғурури миллии мо куҷост? Ин куллан нодуруст аст ва ба андешаи мо бояд ба он барҳам диҳем.
Ҳукумат ҳам ба масъалаи тӯй ва гузаронидани он эътибори ҷиддӣ медиҳад. 14 сентябри соли 2019 Сенати Олий Маҷлиси ҷумҳурӣ дар ин хусус қарор қабул карда буд, ки он аз соли 2020-ум ҷорӣ гардид. Мувофиқи низом бояд акнун дар тӯйҳо ҷамъан 200 нафар иштирок кунанд ва тамоми расму оинҳое, ки пеш аз тӯй гузаронида мешаванд, мебоист дар як рӯз гузаронида шаванд.
Хулоса, бояд дар хотир дошта бошем, ки хушбахтӣ дар дабдабаву намоишҳои манманӣ нест. Ҳар як тӯй бояд бо дарк ва эҳсоси муҳаббат, эҳтирому андеша гузаронида шавад, то ки шодӣ ба ғам, хушбахтӣ ба ранҷу бадбахтӣ табдил наёбад, яъне хурсандии якрӯза боиси ғавғои садрӯза нашавад!
Муаттар Абдуева,
магистранти курси якуми Донишгоҳи давлатии педагогии Ҷиззах.