Ин пирамарди нурониро, ки пайроҳаҳои пурпечи ҳаётро бо таҳаммул ва меҳнати пурмашаққат пушти сар кардааст, хурду бузурги деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ бо эҳтиром «бобои Тӯхтамурод» мегӯянд ва ҳар як тӯю сур, маъракаҳои худро бо бисмиллоҳу омини бобо мегузаронанд. Ба шеър, мутолиаи китобу рӯзнома, нақли ҳодисаву воқеа ва саргузаштҳо шавқи зиёд дорад.
Ба суоли нахустини мо, ки чӣ тавр дар ин синну сол чунин завқи баланд ва хотираи қавӣ доред, ҷавоби бобо ин буд:
– Шояд аз ирсият аст. Падарам низ хотираи қавӣ дошт. Ба мутолиаи китобу маҷалла низ аз ҷавонӣ рағбати зиёд доштам. Зиндагӣ ҳаракат аст мегӯянд. Як рӯзашро бе меҳнати ҷисмонӣ тасаввур карда наметавонам. Мисли ин аст, ки меҳнат накунам аз ҳаракат мемонам. Аз ин рӯ, ҳарчанд солам ба ҷое расидааст, фикр мекунам, нисбат ба ҳамсолонам серҳаракатам. Одам бояд ба зиндагӣ, наздикону пайвандон ва ҳамдеҳагон муҳаббат дошта бошад. Бо дилбастагӣ умр ба сар бурдан яке аз сабабҳои дарозумрӣ мебошад. Дар ёд нигоҳ доштани як сухани ҳикматнок ё як байти пурмаъно хотираро қавӣ мегардонад.
Ҳарчанд, ки рангу рӯйи зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро.
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.
Ин рубоии пурмаънои Умари Хайёмро овони мактабхонӣ аз ёд карда будам ва ҳанӯз дар ёдам ҳаст.
Пайроҳаи умр
Тӯхтамурод Тағоев 25 августи соли 1940 дар деҳаи Эҷ дар оилаи деҳқони оддӣ дида ба дунё кушодааст. Баъд аз хатми синфи 7-уми мактаби деҳа таҳсилро дар мактаби рақами 2-юми шаҳри Каттақӯрғон идома додааст. Солҳои 1958-1961 хидмати ҳарбиро дар шаҳри Ленингради Русия ба анҷом расондааст. Хидмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби бузурги ҳаёт аст. Онҳоро ҳамаҷониба обутоб медиҳад, чашмашонро ба ҳаёти мустақилона мекушояд. Дар солҳои 1962-65 даставвал дар факултети агрономӣ-кирмакпарварӣ ва пас аз он дар шуъбаи ғоибонаи техникуми кишоварзии Намангон таҳсил гирифтааст. Соли 1964 фаъолияти кориашро дар корхонаи кирмакпарварии хоҷагии «Нурато» оғоз бахшида, то соли 1982 ҳамчун мудири бахши кирмакпарварии деҳаҳои Симбулоқ, Эҷ ва Сойихурд ифои вазифа намудааст. Он рӯзгор ба соҳаи пиллакорӣ эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Маҳз ба туфайли роҳбари чашмикордон ва ғамхор будани ӯ дар хоҷагӣ нақшаи кирмакпарварӣ барзиёд иҷро мегардид. Т. Тағоев солҳои тӯлонӣ мудири шуъбаи 4-уми ширкат буд.
Падараш Тағоймурод Тӯев иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Модараш Рухсат Тӯева кадбонуи пазандаю дӯзанда ва маслиҳатгари арӯсони худу деҳа буд. Ҳини суҳбат Т. Тағоев аз ҳаёти пур аз шебу фарози волидон қиссаҳои таъсирбахш нақл кард.
– Мардонагию ҷасорат ва меҳнатдӯстӣ ба ман аз падари раҳматиам мерос мондааст, – гуфт ӯ. – Кори имрӯзро ба фардо намегузошт, инсони якқавла буд.
Амаки Тӯхтамурод бо холаи Гулзор 9 нафар писару духтарро дар шароити сангини деҳот ба воя расондаанд. Имрӯз фарзандон яке омӯзгор, дигарон ҳисобчӣ, соҳибкор, усто, шифокор ва пазандаю дӯзанда мебошанд. Пирони бадавлат соҳиби 26 нафар набераву 24 нафар абера ҳастанд.
Ҳукумати кишвар меҳнатҳои Т. Тағоевро муносиб қадрдонӣ намуда, ӯро борҳо бо ифтихорномаҳо сарфароз гардондааст. Холаи Гулзор гӯяндаи таронаҳои мардумӣ мебошад, ки дар онҳо орзуву ормон, меҳнату машаққати занони рустоӣ ифода ёфтаанд.
– Ба хонадоршавии мо 60 сол пур мешавад. Эҳе, дар ин шаст соли ҳаёт бисёр рӯзҳои вазнину шодиҳои зиндагиро бо ҳам дидем. Ба якдигар гоҳ сахт гуфтем, гоҳо такягоҳи ҳам шуда, чархи зиндагиро пеш бурдем. Ба ҷавонони имрӯз гуфтаниям, ки сабур бошанд, оиларо муқаддас донанд, дар тарбияи фарзандон ба саҳлангориҳо роҳ надиҳанд, – гуфт дар идомаи сухан бобои Тӯхтамурод. – Фарзандону набераҳоям дар гӯшаву канори кишварамон фаъолият доранд. Бо кампирам ба тӯю сур, зодрӯз ва хурсандиҳои онҳо шарик шуда, давлати пирӣ меронем. Дуо мекунем, ки ба Ватани ободу зебоямон чашм нарасад!
Оре, Худованд барои ин пири барнодил ҳама чизро ато намудааст: тани солим, табъи латиф, хотираи қавӣ, иродаи матин ва болотар аз ҳама, ифтихори баланди ватандорӣ ва миллӣ. Шоир барҳақ фармудааст:
Як умр давидему давидему давидем,
Ногоҳ бидидем, ки бар марра расидем.
Хуршедсифат субҳ дамидем ба ханда,
Бегоҳ ба ҳайрат тарафи уфқ хамидем.
Аз домани андеша кашидем даме чанд,
Дар ин раҳи кӯтоҳ чӣ дидему надидем?
Тавре бобои Тӯхтамурод иброз дошт, барои ба қалби инсонҳо роҳ ёфтан заҳмати зиёде лозим нест. Танҳо муомилаи хушу чеҳраи кушод, лутфу меҳрубонӣ метавонад шахсро дидадаро ва ба дилҳо ҷо кунад.
Пири дилҷавон
Бале, бобо аз роҳи тайкардаи умр розӣ асту шукргузор. Шукри истиқлол, шукри неъматҳои Худованд, шукри осоиштагиву оромии кишвар мекунад.
– Барои ман синну сол муҳим нест, муҳим таҷрибаест, ки аз рӯзгор андӯхтаем, – гуфт ӯ дар анҷоми суҳбат. – Мо, насли калонсол пеш аз ҳама бояд барои ҷавонон бо кору рафтор ва сухану муомилаи худ намунаи ибрат бошем. Вақте наврасу ҷавонеро мебинам, ки оворагардӣ мекунад, пайи илму дониш талош намеварзад, беҳавсалаву бемасъулият аст, оташин мешавам, ғам мехӯрам. Ман, як пири 85-сола ҳастам, аммо доим китоб хонда, шеърҳо аз ёд мекунам. Пас, чаро онҳо натавонанд дар як ҳафта як китоб хонанд? Метавонанд! Барои ин танҳо хоҳишу завқ ва роҳнамоии мо – калонсолон, волидону устодон лозим аст. Ҷавонон набояд аз ёд бароранд, ки илму дониш ва ҳунару маҳорат касро ба мартабаҳои баланд мерасонад.
Мо низ ба ин пири барнодил, ки кораш, зиндагиномааш, меҳру ихлосаш, лутфу самимияташ барои насли ҷавони имрӯз, бешак, омӯзанда аст, тани сиҳату рӯзгори обод таманно намуда ин мисраъҳоро, ки аз забонаш шунидем, ҳамчун андарзи рӯз барои хонандаи хушзавқи хеш муносиб дарёфтем:
Моҷарои зиндагиро, ҳеч гаҳ охир нест,
Нуктае гӯям азизон, пир нест, тадбир нест...
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».