Рақамикунонӣ мушкилоти нав ба навро фароҳам овард, ки инҳо мутеият ба гаджетҳо, коҳиш ёфтани сатҳи муомилаи зинда, сарбории ахбор ва паҳншавии маълумоти ғайримуътамад мебошанд. Одамон зуд-зуд дар байни маҷмӯи иттилооти зиёду беохир мемонанд, ки аз байни онҳо ҷудо кардани маълумоти муҳим ва воқеан дуруст хеле мушкил мегардад.
Ҷаҳони кунуниро наметавон бидуни технологияҳо тасаввур кард. Онҳо ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ворид шуда, ба қисми ҷудонопазири ҳаёти ҳамарӯза табдил ёфтаанд. Таъсири технологияҳо, бахусус дар маърифат ва ҷамъият назаррас гардид. Алҳол технологияҳо нафақат иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаро осон мекунанд, балки боз тарзи омӯзиш, тариқи кори моро куллан тағйир медиҳанд, мо ба василаи онҳо муҳити атрофро дарк мекунем, бо он қаробат меҷӯем. Маҳз бинобар ҳамин ҳам мавзӯи таъсири технологияҳо ба маърифат ва ҷамъият аз ҷумлаи мавзӯъҳои рӯзмарратарини даврони мо ба шумор меравад.
Ҳанӯз дар даҳсолаҳои наздиктарини гузашта таълим асосан ба усулҳои анъанавӣ: китобҳои коғазии фаннӣ, маърӯза ва машғулиятҳои рӯ ба рӯ такя мекард. Ҳоло бошад, вазъият куллан тағйир ёфтааст.
Ба шарофати рушди интернет, воситаҳои рақамӣ ва қарорҳои барномавӣ таълим тақрибан барои ҳар як инсон, новобаста аз мавзеи зисту зиндагӣ ва аҳволи иҷтимоиаш дастрас ва осон гардид.
Курсҳои онлайн, маърӯзаҳои видеоӣ, китобхонаҳои электронӣ ва лабораторияҳои виртуалӣ барои пешрафти шахсии донишомӯзон имкониятҳои бузургро боз менамоянд. Технологияҳо таълимро муъҷаз ва касбӣ намуданд, яъне ҳар шахс метавонад ба воситаи онҳо таълим бигирад. Алҳол ҳар як инсон қодир аст суръат, услуб ва самти таълимомӯзии худро интихоб намояд, ҷараёни омӯзишро ба талаботи шахсиаш мувофиқ созад.
Ғайр аз ин технологияҳо ба омӯзиш ҷузвҳои интерактивӣ ва эҷодиро ворид карданд. Барномаҳои таълимие, ки ба геймификатсия, воқеияти виртуалӣ ва иловагӣ асоснок шудаанд, ҷараёни гирифтани донишҳоро беш аз пеш ҷолибтар месозанд. Чунончи, ба шарофати саёҳати виртуалӣ метавон аз синфхона берун нарафта, шаҳрҳои кӯҳнаро «зиёрат» кард, бо кумаки симуляторҳои интерактивӣ баргузор кардани таҷрибаҳои лабораторӣ, бидуни хавфи саҳвкунӣ имконпазир гардид. Ин муносибат ба рушди андешаи танқидӣ, мустақилӣ ва ташаббускории хонандагон мусоидат менамояд, зеро минбаъд онҳо, нафақат шунавандагони оддӣ, балки иштирокдори фаъоли ҷараёни таълим мегарданд.
Бояд гуфт, ки технологияҳо нафақат ба шакли таълим, балки боз ба мазмуну муҳтавои он низ таъсири назаррас мерасонанд.
Алҳол донишҳо нисбати пештара хеле зуд куҳна мешаванд. Зеро касбҳои наве зуҳур мекунанд, ки навгониҳои куллан дигарро тақозо доранд, яъне таълим бояд ба шароитҳои мунтазам тағйирёбанда зуд ва саривақт мувофиқу мутобиқ гардад. Талқини «таълим дар тӯли тамоми ҳаёт» торафт аҳамияти бештар пайдо менамояд.
Дар олами кунунӣ инсон наметавонад танҳо бо таълими мактабӣ ё донишкадаву донишгоҳҳои олӣ маҳдуд монад, ӯро зарур аст, ки дониш ва маҳорати худро куллан ва ҳамеша такмил диҳад, то дар бозори меҳнат харидоргир, яъне рақобатпазир бошад.
Баробари ин технологияҳо ба худи ҷомеа низ таъсири амиқ мерасонанд. Онҳо тарзу воситаҳои муомилаи байни одамонро тағйир доданд, табодули ахборро тезонданд ва ҷаҳонро воқеан ҷаҳонӣ карданд. Имрӯз мо метавонем зуд бо нафаре, ки дар як гӯшаи дигари сайёра қарор дорад, мулоқот ва гуфтугӯ кунем, дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат ҷӯем, бо ғоя ва таҷрибаҳои фарҳангии худ мубодилаи афкор намоем. Ба шарофати ин ҳудуди байни кишварҳо торафт кӯтоҳ мешаванд, маданияти муомила бошад, шаклҳои нав касб менамоянд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷараёни технологӣ танҳо ҷиҳатҳои мусбат надорад. Рақамикунонӣ мушкилоти нав ба навро фароҳам овард, ки инҳо мутеият ба гаджетҳо, коҳиш ёфтани сатҳи муомилаи зинда, сарбории ахбор ва паҳншавии маълумоти ғайримуътамад мебошанд. Одамон зуд-зуд дар байни маҷмӯи иттилооти зиёду беохир мемонанд, ки аз байни онҳо ҷудо кардани маълумоти муҳим ва воқеан дуруст хеле мушкил мегардад. Ин бошад, аз ҷамъият рушди саводнокии рақамӣ ва афкори танқидиро тақозо менамояд, зеро бидуни онҳо дар ҷаҳони кунунӣ бехавфу хатар ва бошуурона зистан ғайриимконпазир аст.
Боз як оқибати муҳими пешрафти технологӣ ин тағйир ёфтани сохтори бозори меҳнат гардид. Автоматикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва роботикунонӣ барои инсон баъзе касбҳоро аз байн мебаранд, вале ҳамзамон самтҳои нави фаъолиятро фароҳам меоваранд. Мутахассисони соҳаҳои барномарезӣ, киберамният, таҳлили маълумот ва идораи низоми рақамӣ ба миён меоянд. Ҳамин тариқ технологияҳо дар як вақт ҳам боиси сар задани таҳдидҳо ва ҳам рағбати инсон ба пешрафт мегарданд. Онҳо одамонро маҷбур мекунанд, ки бо ҷамъият мувофиқ шаванд, навгониҳоро омӯзанд, ҳаллу фасли ғайримеъёриро ҷӯянд, зирак бошанд.
Ҳамчунин бояд нобаробарии иҷтимоиро зикр кард, ки дар натиҷаи дастёбии ғайримусовӣ ба технологияҳо торафт бештар ва шадидтар мегардад. Дар кишварҳои мутараққӣ инфрасохтори рақамӣ ба одамон имкон фароҳам меоварад, ки таълими босифат бигиранд ва иқтидори худро бештару беҳтар татбиқ намоянд. Дар кишварҳои нодору камбағал бошад, набудани интернет ва таҷҳизот имкониятро барои пешрафт маҳдуд менамояд. Ин боиси ба миён омадани мушкилоти ба ном «коҳиши рақамӣ» мегардад, ки паси сар сохтани он аз ҷумлаи вазифаҳои асоситарини ҷамъияти кунунӣ боқӣ мемонад.
Технологияҳо, ҳамчунин ба фарҳанг ва ҷаҳонбинии инсон таъсир мерасонанд. Насли нав дар шароити ҳузури муттасили воситаҳо ва маълумоти рақамӣ ба воя мерасад. Ин бошад, модели нави ахлоқ, пазириш ва афкорро ташаккул медиҳад. Одамон торафт серамал ва бисёрвазифа мешаванд, ба тағйирот зудтар мутобиқ мегарданд, вале баъзан иқтидори худро ба мутобиқшавиву таҳлили амиқи ҷараёнҳо аз даст медиҳанд. Олами технологияҳо аз мо нафақат дониши техникӣ, балки маҳорати ҳифз намудани инсонигарии худ – иқтидори эҳсос ва дарк намудан, дарёфтан ва фикр карданро тақозо менамояд.
Ҳамин тариқ, таъсири технологияҳо ба маърифат ва ҷамъият бузург ва серҷабҳа мебошад. Онҳо дар назди инсоният уфуқҳои навро боз мекунанд, донишҳоро дастрас, муошират ва муомиларо хеле тезу қулай мекунанд. Вале баробари ин дар назди мо таҳдид ва вазифаҳои ҷиддӣ мегузоранд, инҳо зарурияти истифодаи масъулиятшиносона аз захираҳои рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, рушди афкори танқидӣ ва нигоҳ доштани ҳуввиятҳои маънавӣ мебошанд. Технологияҳо воситаҳои пурқуввате мебошанд, ки метавонанд, агар аз он дуруст истифода бурда шавад, ба манфиати инсон хидмат кунанд. Аз ҳама муҳимаш инсон бояд дар роҳи саъю ҳаракат ба азхудкунии навгониҳо худиро гум накунад ва ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки ягон воситаву мошин қудрати табдил додани дил, хирад ва саъю кӯшиши ӯро барои дарки олами атроф надоранд.
Ораш Акабоев,
донишҷӯйи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.