Дар Ургут китобхонаи адиб боз гардид

  • Дар Ургут китобхонаи адиб боз гардид
  • Дар Ургут китобхонаи адиб боз гардид
  • Дар Ургут китобхонаи адиб боз гардид
  • Дар Ургут китобхонаи адиб боз гардид

Дар маркази маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Ургут китобхонаи оммавии аз ҷониби мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Агентии ахбори миллӣ (ӮзА), нависанда, шоир ва журналист Абдусаид Кӯчимов бунёд гардида, ба истифодабарӣ супурда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мутантани қасри хушсохту замонавии фарҳангӣ  ҷонишини ҳокими вилоят Ҳусан Тухтаев, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, сенатор Рустам Холмуродов, сармуҳаррири  рӯзномаи «Халқ сӯзи» Ӯткур Раҳмат, доктори фанҳои педагогӣ, профессор Қозоқбой Юлдошев  ва дигарон таъкид намуданд, ки китобхона барои соҳиби илму маърифат шудани мардуми деҳот, хосатан насли наврас аҳамияти бузург дорад.

– Абдусаид Кӯчимов на танҳо журналист ва адиби соҳибэҳтиром аст, балки шахси хайрхоҳу нексиришт, маърифатпарвар низ ҳаст, – гуфт ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов. – Дар зодгоҳаш таъсис додани китобхонаи оммавӣ далели раднопазири ин гуфтаҳост.

– Дар ноҳияи Ургут  шоирону нависандагони машҳур чун Барот Бойқобилов, Асад Дилмуродов, Абдусаид Кӯчимов, Карим Баҳриев, Маматқул Ҳазратқулов, Абдувалӣ Қутбиддин, Дилором Исмоилова ва даҳҳо нафар дигар таваллуд шуда, дар пешрафти адабиёти муосир саҳми арзанда гузоштаанд ва мегузоранд, – гуфт роҳбари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Тошпӯлод Тугалов.

– Бовар дорем, ки мардуми маҳаллаи Деҳқонобод ва умуман ноҳияи Ургут аз ин китобхонаи оммавӣ баҳраманд мешаванд.

Воқеан, Абдусаид Кӯчимов инсони хоксор, дилёбу дарёдил ва байналмилали ҳақиқӣ аст. Мо бо ӯ ошноӣ дорем. Ҳар гоҳе вохӯрем, албатта доир ба матбуоти даврӣ, хосатан рӯзномаи «Овози тоҷик» низ мубодилаи афкор мекунем.

Умед дорем, ки шахсони тадбиркору сарватманд аз устод Абдусаид Кӯчимов ибрат гирифта, дар деҳот, гузару маҳаллаҳо барои бунёди чунин қасрҳои маърифат саҳм мегиранд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: