Ҳунарманде, ки аз чӯб зебоӣ меофарад

Вақте бори аввал барои суҳбат бо соҳибкор Анварҷон Амонов ба коргоҳи ӯ рафтам, ҳамроҳи ҳамсараш Умеда дар компутер нақшаи кору вазифаҳои ояндаро таҳия мекарданд. Аз ин рӯ, натавонистам бо Анварҷон суҳбат кунам.

Рӯзи дигар боз бо ҳамин мақсад ба коргоҳ рафтам. Ин бор низ соҳибкор саргарми кор буд. Нахостам дубора қафо гардам ва ба ҳамин хотир чун мизоҷ дар навбат истодам. Ӯ чанд дона тахтаи «ДСП»-ро бо андозаи якхела бурид ва бо дастгоҳи дигар онҳоро барои насби ҳалқа сӯрох карду ба фармоишгаре супурд. Вақте навбатам расид, мақсади худро гуфтам ва тавонистам ба чанд саволи худ ҷавоб гирам.

Анварҷон зимни суҳбат нақл кард, ки пас аз хатми синфи IХ бо мақсади такмили дониш ва ҷомаи амал пӯшонидани орзуи  корманди ҳарбӣ шудан, ҳуҷҷатҳои худро ба литсейи ҳарбии шаҳри Фарғона супурд. Лекин бо сабаби бемории чурра (грижа)-и сутунмӯҳра натавонист таҳсилро дар литсей ба анҷом расонад. Пас аз якуним соли таҳсил ба зодгоҳ баргашт. Аз байн чанде гузашта, ӯро ҷарроҳӣ кардаанд ва сиҳатии худро мустаҳкам намудааст.

– Вақте дар синфи VI мехондам, дар назди устои чӯбкор Холмирзо Мусоев асрори ин ҳунар –  ороиши ашёи чӯбин ва истифодаи онҳоро омӯхта будам, – иброз дошт А.Амонов. – Баъди комилан сиҳат гардидан, мустақилона кори устоиро сар кардам. Бо таҷҳизоте, ки дар даст доштам, хонаҳоро пардозу оро медодам. Дар назди устоёни чӯбкор Самеъҷон, Тӯхтамурод ва Музаффар низ маҳорату таҷрибаи худро такмил додам.

Анварҷон дар оғоз барои мардуми деҳа шифтҳои нақшин ва мебели девории ҷевоншакл бунёд кард. Дар ибтидо баъзе корҳои мушкилро бо дастгоҳҳои дуредгарии дигар устоён иҷро менамуд. Дертар бо маслиҳати устои чӯбкор Ғафурҷон Йулдошев ӯ аз бонк кредит гирифта, таҷҳизоти заруриро харид. Аз маҳаллаи Майдон ба маҳаллаи Қалъаи Поён кӯчид. Бо аҳли хонавода дар он ҷо манзилу макон ва ҳам коргоҳи чӯбкорӣ сохта, фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монд. Дар даромадгоҳи он чашм ба шиори тариқати нақшбандия «Дил ба ёру даст ба кор» меафтад, ки онро ҳангоми сафар аз Бухоро оварда, ба тахта кандакорӣ кардааст.

Аз байн чанде гузашта, кори Анварҷон пешрав шуд ва дастгоҳу асбобҳои замонавӣ харида, онҳоро ба кор андохту доираи фаъолияти худро васеътар намуд.

Ҳоло ӯ дар ин коргоҳ навъҳои гуногуни ҷевон барои хона, ошхона, либосовезак, дару тирезаҳо, хонтахта, зинапояҳои хушсифат истеҳсол менамояд. Илова бар ин, фармоишҳои ҷудогонаи мардумро иҷро мекунад. Сокинони деҳаи Варзик, инчунин, мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Намангон, Фарғона ва ҳатто Тошканд харидорони асосии маҳсулоти коргоҳи ӯ мебошанд.

Анҷарҷон дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки аллакай ба берун аз мамлакат низ маҳсулот содир мекунанд. Чанде пеш худи ӯ ба шаҳри Исфараи Тоҷикистон рафта, дар чанд биноҳои ин шаҳр дару тирезаҳои истеҳсолкардаашонро насб кардааст. Зикр кард, ки ҳоло дар корхона 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд ва аз онҳо 3 нафарашон бонувон ҳастанд.

Вақте дар ин бора гуфт, аз нигоҳам ҳайратамро пай бурда, изофа кард, ки бонувон асосан бо рангмолию сайқалдиҳии маснуот машғуланд. Вақте дар бораи нақшаҳои коргоҳ пурсидам, Анварҷон Амонов гуфт:

– Мехоҳам доираи фаъолияти коргоҳро васеътар намуда, шумораи кормандонро ба 10 нафар расонам. Ғайр аз ин, тавсеаи ҷуғрофияи хидматрасонӣ низ дар назар аст.

Вақте ӯ дар бораи дурнамои фаъолият бо боварӣ ва меҳр ҳарф мезад, нафаре занг зад. Анварҷон пас аз суҳбати кӯтоҳ, «хуб, ҳозир мебелро бурда, насб мекунем» гуфт ва узр хоста коргаронро фармуд, то ҳарчӣ зудтар мебелро омода кунанд, ки мизоҷ онҳоро интизор аст. Ин ҳамаро мушоҳида карда, ба худ гуфтам, ки нони соҳибкориро низ хӯрдан осон набудааст.

Ш.МИРЗОЕВ,

деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: