Аз Хартанг то Сиёб: боздидҳои фараҳбахшу гуворо

Дар ҳошияи сессияи 43-юми ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Самарқанд мегузарад, дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон барои як гурӯҳ журналистон сафари матбуотӣ баргузор намуд.

Давраи ниҳоии бунёдкориҳо дар маҷмааи Имом Бухорӣ

Сафари мо бо боздиди маҷмааи Имом Бухорӣ, воқеъ дар деҳаи Хартанги ноҳияи Пайариқ оғоз ёфт. Маҷмаа куллан аз нав эъмор гардида, корҳои сохтмониву ороишӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар ҳақиқат, қаламрави маҷмаа хеле васеъ гардида, масоҳати умумии он ба 44 гектар расидааст. Корҳои сохтмонӣ дар мақбара, масҷид барои 10 ҳазор нафар, бинои маъмурӣ, осорхона, айвонҳои даромаду баромад тақрибан анҷом ёфтаанд. Дар чор гӯшаи зиёратгоҳ манораҳои 75-метра сохта шудаанд, ки аз дур низ ба чашм мерасанд. Хусусан, сутунҳои айвони дарозу бошукӯҳи масҷид ва сақфи он бо усули меъмории шарқона сохта шудаанд, ки шояд шабеҳи он дар ҷои дигар вуҷуд надошта бошад.

Дар маҷмааи нав осорхонаи инноватсионӣ низ таъсис ёфтааст. Он ҷо маводу маълумоти фаровон дар бораи ҳаёт ва мероси илмии Имом Бухорӣ гузошта шудаанд. Дар ҷаҳони ислом ӯро ҳамчун «Султони ҳадис» эътироф мекунанд. Аз маводи осорхона баръало маълум мешавад, ки Имом Бухорӣ то чӣ андоза дар рушди маърифати исломӣ саҳм гузоштааст.

Ба гуфтаи доктори улуми ҳадисшиносӣ, мудири шуъбаи Маркази байналмилалии илмиву таҳқиқотии Имом Бухорӣ Шукрулло Умаров ин марказ барои мусоидат ба омӯзиши амиқ ва густариши мероси маънавии Имом ал-Бухорӣ таъсис ёфтааст.

– Аз соли 2000 инҷониб Марказ маҷаллаи маънавӣ ва таълимии «Сабақҳои Имом Бухорӣ»-ро нашр мекунад. Китобҳои ал-Бухорӣ дар мадраса ва донишгоҳҳои исломӣ ҳамчун китоби дарсии асосӣ барои омӯзиши суннати муқаддаси Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) истифода мешаванд. Дар ин гӯшаи осорхона маълумот дар бораи таърихи 25 пайғамбаре, ки номашон дар Қуръони Карим зикр шудааст, шаҷараномаи Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.), ҳаёти ӯ дар Макка ва Мадина, инчунин ҳадисҳои навишта ва ҷамъовардаи ӯ нигоҳ дошта мешаванд, — иброз дошт Ш. Умаров.

Маълум шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи Имом Бухорӣ ҳанӯз пурра анҷом наёфтаанд. Бинобар ин, боздид ва зиёрати он барои меҳмонон ва сайёҳон муваққатан мамнӯъ аст. Интизор меравад, ки маросими ифтитоҳи маҷмаа моҳи марти соли оянда баргузор гардад.

Ба таври истисноӣ барои як гурӯҳ журналистон имконият фароҳам шуд, ки бо раванди корҳои сохтмониву ободонӣ ошно гарданд.

«Ин обида симои комилан нав гирифта, ба маҷмааи “Тоҷмаҳал” шабоҳат пайдо мекунад ва хеле зебову назаррабост», — таъкид мекарданд аксари рӯзноманигорон. Тамошои маҷмаа барои онҳо яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири сафари матбуотӣ буд.

– Ин барои ман як бозёфти хеле нодир аст, – гуфт журналисти озарбойҷонӣ Гулу Козимов. – Ӯзбекистони Нав таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев тавонистааст монанди “Тоҷмаҳал”, ҳатто зеботар аз он як иншооти бузургро бунёд намояд. Бовар дорам, ки баъди ифтитоҳи расмӣ миллионҳо нафар сайёҳон махсус барои тамошои он ба Самарқанд меоянд.

Ёдовар мешавем, ки Абӯ Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил Бухорӣ фалсафашиноси маъруф, муҳаддиси бузург ва муаллифи дувумин китоби муҳимтарини мусалмонӣ пас аз Қуръон — «Ал-Ҷомеъ ас-Саҳеҳ» мебошад.

Мақбараи ӯ, ки дар меҳвари марказии маҷмаа ҷойгир аст, як призмаи росткунҷа бо пояи чоркунҷа ба андозаи 9х9 метр ва баландии 17 метр мебошад. Гунбази дуошёна бо сафолҳои кабуд оро ёфтааст. Деворҳо бо мозаика, майолика, гачкорӣ, оникс ва гранит, ки ҳар кадом бо нақшҳои гулдор ва геометрӣ зинат ёфтаанд, сохта шудаанд. Дар марказ санги қабри рамзии ӯ ҷойгир аст.

Дар тарафи чапи ҳавлӣ масҷид, хонақоҳ ва галерея дар масоҳати 786 метри мураббаъ ҷой гирифтааст, ки дар як вақт то 1500 намозгузорро ҷой дода метавонад. Дар тарафи рост китобхона ва осорхона ҷойгир аст. Он дорои дастнавис ва литографияҳои нодир оид ба илоҳиётшиносии исломӣ, инчунин тӯҳфаҳои мақомоти давлатии кишварҳои гуногун мебошад. Дар байни онҳо порчае аз рӯйпӯши Каъба — «кисво» — низ ҳаст, ки аз ҷониби подшоҳи Арабистони Саудӣ тақдим шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаҳо ва иншооти хизматрасонии зиёратгоҳ низ ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд. Дар атрофи маҷмаа як меҳмонхонаи чорситорадор, ду меҳмонхонаи сеситорадор ва 22 меҳмонхонаи оилавӣ бунёд шудаанд.

Ҳар ҷо биравӣ — саре ба бозору мазораш бизанӣ

Ҳар як сафар ба шаҳри бостонии Самарқанд барои аксари меҳмонон бо боздид аз растаҳои ҷаззоби бозор ва харидани нону ҳалвои пашмаку дигар шириниҳо анҷом меёбад. Мо низ чун одат ба бозор ворид шудем ва ба анбӯҳи одамоне, ки аз шаҳр ва ноҳияҳои атроф омадаанд, ҳамроҳ гардидем. Зеро бозори Сиёби Самарқанд яке аз бузургтарин ва қадимтарин бозорҳои Осиёи Марказӣ буда, дар Роҳи таърихии бузурги абрешим ҷойгир аст.

– Масоҳати бозор ҳафт гектарро ташкил медиҳад, – гуфт сарвари ҶММ «Бозори деҳқонии Сиёб» Шоҳрух Алибеков. – Ҳамарӯза дар қатори мардуми маҳаллӣ сайёҳони зиёд низ ба ин ҷо меоянд. Ба пешвози Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷойҳои зиёди бозорро бо харҷи беш аз як миллиард сӯм навсозӣ намудем. Тавре мебинед, роҳҳоро пурра мумфарш ва растаҳоро таъмир кардем, то намои беҳтар касб кунад.

Маълум шуд, ки вай чанде пеш ба ин вазифа таъин шудааст. Роҳбарияти вилояти Самарқанд ба таҳкими кадрҳои ҷавон ва босалоҳият аҳамияти вижа медиҳад. Ш. Алибеков ҳам масъалаҳои рушди инфрасохтор ва беҳтарсозии шароити бозорро дар авлавият гузоштааст.

Тибқи ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев фаъолияти ҶММ «Бозори деҳқонии Сиёб» ба талаботи замон мутобиқ гардонида мешавад. Дар доираи корҳое, ки анҷом ёфт, шабакаи обёрӣ беҳтар карда шуд, 290 метр рӯйпӯшҳои бетонӣ болои ҷӯйборҳо насб гардиданд.

– Талош мекунем, ки бозор ба иншооти муосир табдил ёбад, – иброз дошт Ш.Алибеков. – Қисмати фасади иншооти тиҷоратии ниёзманд ба таъмир тармим шуд. Мағозаҳои сабуксохтор ва дастгоҳҳои худсарона насбшуда бардошта шуданд. Ҳама намуди таблиғот ва баннерҳо тафтиш ва ба қонун мутобиқ гардиданд.

Вай афзуд, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ павилонҳои маҳсулоти лӯбиёгӣ, меваҳои хушк ва зироатҳо пурра таъмир карда шуданд. Дар зинапояҳо перилаҳои металлӣ насб гардиданд. Объектҳои тиҷоратие, ки дар ҳолати носоз қарор доштанд, куллан нав шуданд.

Ба гуфтаи роҳбари бозор, дӯконҳои «Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроквории арзон» мутобиқ ба талаботи ҷорӣ аз нав ташкил гардиданд. Барои амнияти бозор нозири махсуси корҳои дохилӣ фаъолият мекунад. Дар бозор барои пешгирии бандшавии нақлиёт камера ва аломатҳои роҳ насб шудаанд. Дар ҳудуд чанд банкомат барои хидматрасонӣ ба сокинон фаъол аст.

Дар минтақаи ҳамшафати бозор гузаргоҳи зеризаминӣ низ сохта шудааст, ки сокинон аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Мирасрор ФАРҒОНӢ,

мухбири “Овози тоҷик”.

Тошканд – Самарқанд – Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: