Тибқи маълумоти СММ, имрӯз дар ҷаҳон 1,1 миллиард нафар дар фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки сатҳи бекории ҷаҳонӣ 5 фоизро ташкил медиҳад, технологияҳои баланд ва зеҳни сунъӣ боиси аз даст рафтани миллионҳо ҷойи кор мешаванд.
Вазъи геосиёӣ ва низоъҳои иқтисодие, ки солҳои охир шиддат ёфтаанд, мушкилиҳои иҷтимоиро боз ҳам душвортар месозанд. Фосилаи байни сатҳи некуаҳволӣ ва камбизоатӣ кам намешавад. Тибқи маълумоти СММ, имрӯз дар ҷаҳон 1,1 миллиард нафар дар фақр зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки сатҳи бекории ҷаҳонӣ 5 фоизро ташкил медиҳад, технологияҳои баланд ва зеҳни сунъӣ боиси аз даст рафтани миллионҳо ҷойи кор мешаванд. Бесаводӣ зиёд мегардад ва зиёни солонаи иқтисодие, ки аз ин ҳолат бармеояд, 1,4 триллион долларро ташкил медиҳад. Ҳуқуқҳои беш аз 300 миллион муҳоҷироне, ки дар кишварҳои дигар кор мекунанд, ҳифз намешавад.
Мақсади баргузории Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар, пас аз танаффуси сисолаи он, ба сатҳи нав баровардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматҳои миллӣ дар роҳи таъмин ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мебошад. Зеро дар саммити аввал, ки соли 1995 дар шаҳри Копенгагени Дания бо иштироки зиёда аз 100 сарварони давлатҳо баргузор шуд, Декларатсияи Копенгаген оид ба рушди иҷтимоӣ қабул гардид. Мафҳуми ҳифзи шаъну шарафи инсон дар маркази ин ҳуҷҷат қарор дошт. Дар доираи иҷрои даҳ уҳдадории асосие, ки дар он зикр шудааст, беш аз як миллиард нафар аз фақр раҳоӣ ёфтанд, низоми тандурустӣ ва маориф такмил дода шуд, имкониятҳои нав барои занону ҷавонон боз гардид.
Аммо солҳои охир адолати иҷтимоӣ коста шуда, тафовути даромадҳо норозигии ҷомеаро меафзояд. Мушкилии бекорӣ, ки ба тағйирёбии иқлим, муҳоҷират, табдили рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ вобаста аст, шиддат гирифта истодааст.
Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Саммити Доҳа бо баррасии ин масъалаҳо зикр намуд, ки дар Ӯзбекистони Нав, ки бар асоси принсипи «Ба хотири шаъну шарафи инсон» амал мекунад, барои таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва бунёди давлати ҳомии табақаҳои осебпазир корҳои бузург амалӣ мешаванд. Махсусан, дар Конститутсияи нави кишвар сиёсати қотеъона дар ҳамин самт муқаррар гардидааст. Яъне, вазифаи асосии давлати иҷтимоӣ – фароҳам овардани шароит барои расидан ба сатҳи шоистаи зиндагии шаҳрвандон тавассути таъмини ҷойи кор, коҳиши камбизоатӣ, инчунин таъмини таҳсилоти босифат, ёрии тиббии баландихтисос, дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳо, кӯдакон, занон ва нафарони имконияташон маҳдуд мебошад.
Боз як тағйироти муҳими дигар: барномаҳои парокандаи ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид шуда, ба тобеияти сохтори ягона – Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ гузаронида шуданд. Ҷолиб аст, ки ин низом то поёнтарин сатҳи ҷомеа – ҳар як хонавода ва ҳар як оиларо фаро гирифтааст. Натиҷа дар омор инъикос ёфтааст: солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвари мо аз 35 фоиз то 6,6 фоиз коҳиш ёфт.
Бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ Президенти Ӯзбекистон пешниҳодҳои муҳимеро оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо камбизоатӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳалли мушкилоти шуғл, инчунин вусъат додани имкониятҳои таҳсил барои ҳама ироа намуд. Ҳамчунин, пешниҳодҳо доир ба ҳифзи низомноки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти иҷтимоӣ баён шуданд.
Албатта, ин пешниҳодҳо сухани хушку холӣ нестанд, зеро онҳо асос ва далелҳои қавӣ доранд. Дар кишвари мо принсипи давлати иҷтимоӣ маҳз дар асоси ҳамин консепсияҳо бунёд ёфта, бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Барои касе пинҳон нест, ки татбиқи модели ӯзбекистонии адолати иҷтимоӣ, ки бар асоси арзишҳо ва ғояҳои инсонпарваронаи мардуми мо таҳия шудааст, имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба ин муносибат пешниҳодҳои Президенти мо бешак ба миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон эҳсоси умеду боварӣ мебахшад ва барои таъмини субот ва шукуфоӣ саҳми босазо мегузорад.
Нигора Лутфуллоева,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.