Дар хизмати илму маърифат

Санаҳои муҳими ҳаётӣ на танҳо барои инсон, балки барои ҳамкорону шогирдон низ аҳамияти махсус доранд. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи маориф Ифтихор Раҳимов мебошад, ки бо меҳнати пайваста, муносибати инсондӯстона ва масъулияти баланд миёни ҳамкорон ва ҷомеа мақоми сазовор пайдо кардааст.

Ифтихор Раҳимов фаъолияти касбии худро соли 1988 оғоз намуда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун хидмат кардааст. Солҳои охир ӯ ҳамчун масъули ташкилотчии Иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи вилояти Самарқанд фаъолият дорад. Зери роҳбарии ӯ корҳои зиёде дар самти беҳтар кардани шароити меҳнат, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгор анҷом ёфтаанд.

Ифтихор шахси меҳнатдӯст аст. Ӯ шахсест, ки бо муҳаббати инсонӣ ва диди нек ба мардум муносибат мекунад. Бо садоқат ба Ватан, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ӯ ҳамеша ҷонибдори пешрафт ва навовариҳо мебошад.

Зери роҳбарии ӯ як силсила барномаҳои муҳим дар самти ҳимояи манфиатҳои кормандони маориф, беҳтарсозии шароити меҳнат ва мусоидат ба рушди касбӣ ва маънавии онҳо амалӣ мегарданд. Ҳамеша ҷонибдори навовариҳо ва беҳбудии соҳаи маориф буда, кӯшиш мекунад, ки ҳар як мушкилотро бо таҷриба ва дониш ҳал кунад.

Дар ҳаёти ҳар инсон оила муҳимтарин ва муқаддастарин макон аст, ки ба одам нерӯи зиндагӣ мебахшад. Бо расидан ба синни пурифтихори 60, мо фахр мекунем, ки чунин инсон на танҳо ҳамчун корманди соҳаи маориф ва ҷамъият, балки ҳамчун падар, шавҳар, бобо ва узви барӯманди оила намунаи ибрат аст.

– Хушбахт ҳастем, ки бо кӯмакӣ падарам ба мақсадҳои худ ноил шудем. Падарамро ман падари меҳнатқарину инсондӯст ҳисоб мекунам, – гуфт писари хонадон Фирӯз Раҳимов. – Орзу мекунам, ки саломатиашон ҳамеша устувор, хонаи мо пур аз меҳру муҳаббат  бошад.

Камина низ, ҳамчун келини оилаи Раҳимов, мехоҳам чанд суханро нисбати падарарӯсам – Ифтихор Раҳимов иброз кунам. Рӯзи аввале, ки ба хонаи онҳо омадам, бо меҳрубонӣ падарвор маро қабул кард.

Маҳз бо кӯмаки чунин шахсиятҳои бузург оила ва ҷомеа устувор боқӣ мемонад.

Асалмоҳ Сархатзода.

Вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: