Дар ҳашт соли охир дар кишвари мо эътибор ба рушди соҳаи таълиму тарбия зиёд шуд. Баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии омӯзгорону мураббиён аз афзалиятҳои муҳими ислоҳоти соҳа гардиданд.
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташрифаш ба ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд бо як гурӯҳ муаллимон доир ба рушди соҳа мулоқот кард, ки дар он тавассути иртиботи видео беш аз 40 ҳазор омӯзгору мураббиёни ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад оид ба тамоми зинаҳои таълим, аз ҷумла, фароҳам овардани имконият барои ҷавонон ва омӯзгорони ҷавон сухан рафт. Сарвари давлат дар табрики идонаи худ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ин мулоқоти кушодро таърихӣ номид. Мулоқоти Президент дар муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Мо дар зер фикру мулоҳизаҳои чанде аз алоқамандони соҳаро ба муштариёни рӯзнома пешкаш мекунем.
– Мо мазмун ва моҳияти мулоқоти Сарвари кишварро вобаста ба ҳар як навгонии соҳаи таълими томактабӣ дар ҷамоа муҳокима намудем, – мегӯяд мудири кӯдакистони рақами 2-юми ноҳияи Бӯстонлиқ Раъно Хайруллоева. – Тавре ки Президент дар ҷамъомад таъкид кард, дар ҷумҳурӣ соли 2017-ум дар беш аз 4 ҳазор маҳалла ягон кӯдакистон набуд, фарогирӣ бо таълими томактабӣ ҳамагӣ 27 фоизро ташкил медод, имрӯз шумораи онҳо аз 38 ҳазор гузашт ва фарогирӣ ба 78 фоиз расидааст. Солҳои наздик ба шарофати имтиёз ва имкониятҳо ягон маҳалла бе муассисаи таълими томактабӣ намемонад. Фарогирӣ аз 80 фоиз кам нахоҳад шуд.
Музди меҳнати мураббиён дар кӯдакистонҳо ба маоши муаллимони мактаб баробар карда мешавад. Минбаъд роҳбарони кӯдакистонҳо низ баробари муовини директори мактаб моҳона мегиранд. Солҳои охир музди меҳнати роҳбарон ва тарбиятгарони муассисаҳои томактабӣ қариб ду баробар зиёд шуд. Айни замон дар зиёда аз 7000 кӯдакистони давлатӣ тақрибан 120 ҳазор мураббиён кор мекунанд ва танҳо 34 фоизи онҳо маълумоти олӣ доранд. Акнун мураббиёни ин муассисаҳои давлатӣ ва хусусии томактабӣ метавонанд бидуни қатъи фаъолият таҳсилоти олиро идома диҳанд. Боз як навигарии дигар, ки боиси хушнудист, ин чун Мактабҳои президентӣ дар ҳар як вилоят таъсис додани кӯдакистонҳои шакли «Янги авлод» аст, ки дар онҳо мураббиён технологияҳои пешқадами педагогиро меомӯзанд. Муҳимтар аз ҳама, барои омӯзиши усулҳои нав, дари ин муассисаҳо ҳамеша барои мураббиёни кӯдакистонҳои хусусӣ боз хоҳад буд.
Дар мулоқот қайд шуд, ки тӯли ҳашт соли охир дар соҳаи таълим ва тарбия корҳое анҷом дода шудаанд, ки ба даҳсолаҳо баробар буда, натиҷаву дастовардҳояшон назаррасанд. Дар ин давра иқтисодиёти мамлакат 2 баробар афзуд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то охири сол 130 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.Иқтисодиёти кишвар босуръат меафзояд, захираҳои кофӣ мавҷуданд, ки ба сохтани кӯдакистон, мактаб, техникум, донишкада ва донишгоҳҳо, барои он харидани таҷҳизоти зарурии замонавӣ, аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд кардани омӯзгорону мураббиён кафолат медиҳад.
– «Ояндаи мардуми мо аз мактаб вобаста аст, зеро тӯлонитарин ва дар ҳолати зарурӣ марҳилаи ҳалкунандаи таъмини дониш ва таҳсили фарзандонамон таҳсилоти мактабӣ аст» - гуфт Президенти кишвар, ки дуруст аст, – иброз дошт муаллими фанни маданияти мусиқии мактаби таълими умумии рақами 2-юми шаҳри Ғазалкенти ноҳияи Бӯстонлиқ, омӯзгори тоифаи олӣ Улуғбек Мирзаҳмедов. – Дар тӯли 34 соли охир аҳолии кишвар ду баробар афзуда, аз 38 миллион гузашт. Алҳол дар мактабҳо 6,5 миллион донишомӯз таҳсил мекунанд. Дар ҳоле, ки имсол тақрибан 400 ҳазор донишомӯз мактабро хатм карданд, 720 ҳазор хонанда ба синфи 1-ум қабул шуданд. Ҳамин тариқ, дар ҳашт соли охир, баробари васеъшавии мактабҳои мавҷуда, тақрибан 500 мактаби нав сохта шуд. Ин имкон дод, боз 1 миллион донишомӯз фаро гирифта шавад. Таъсис додани иншооти бузург барои мактабҳои хусусӣ ба волидон имконияти интихобро фароҳам овард. Имрӯз, зиёда аз 200 ҳазор писарон ва духтарони мо дар мактабҳои хусусӣ таҳсил мекунанд.
Дар мулоқот қайд шуд, ки ба таҳсилоти мактабӣ як қатор тағйироти ҷиддӣ ворид карда мешаванд. Аз соли нави хониш дар давраи таҳсил имтиҳони ягонаи давлатӣ барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 вобаста ба қобилияти онҳо барои гузидан ба таҳсилоти касбӣ ё олӣ ҷорӣ карда мешавад. Ба шарофати ин, тақрибан 400 ҳазор хатмкунандаи синфи 9 таҳсилро дар техникумҳо идома медиҳанд. Онҳое, ки таҳсилро дар мактаб давом дода, ният доранд ба донишгоҳҳо дохил шаванд, фанҳои интихобкардаи худро амиқтар меомӯзанд. Ҳар сол даҳҳо ҳазор донишомӯзон соҳиби сертификатҳои байналмилалии забонӣ ва фаннӣ мегарданд. Ин сертификатҳо ҳангоми имтиҳони ниҳоӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Сарвари давлат ба масъалаи таҳсилоти касбӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Соли 2026 – Соли таълимии касбҳои муосир ба ҷавонон эълон гардид. Ба ин мақсад Агентии таҳсилоти касбӣ таъсис дода мешавад. Вазифаи асосии он – ҷорӣ намудани муҳити нави таълимӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамаи 598 техникум мебошад. Дар давоми як сол дар 100 техникум ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Олмон, Швейтсария, Чин, Куриё ва Британияи Кабир ба роҳ монда шуда, барномаҳои пешқадами омӯзиши касбии онҳо татбиқ мегарданд. Ғайр аз ин, ҳар довталабе, ки малакаҳои касбӣ дорад, метавонад дар ин техникумҳо тибқи низомҳои хориҷии баҳогузорӣ ба ихтисос имтиҳон супурда, сертификати байналмилалӣ ба даст оварад.
Мутобиқи қарори Президент дар мактабҳо вазифаи мушовир ҷорӣ мегардад. Ибтидо аз синфи 7-ум хонандагонро бо назардошти пешрафт ва шавқу завқи касбӣ хоста мегирад ва хатмкунандагони синфи 9-умро барои идомаи таҳсил ба техникумҳо равона мекунанд. 200 ҳазор хатмкунандаи синфи 11-ум, ки имсол ба донишгоҳҳо дохил шуда натавонистаанд, дар техникумҳо аз рӯйи барномаҳои кӯтоҳмуддати 3-6 моҳа таҳсилоти касбӣ мегиранд. Албатта, ин ташаббусҳои Президент ба манфиати падару модарон ҳам ҳаст. Зеро фарзандашон соҳиби касб шуда, даромад ба даст меоранд, дар оилаҳо фаровонӣ, дар маҳаллаҳо ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ ба миён меояд.
Сарвари давлат инчунин ташаббусҳои навро оид ба баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва устодони донишкадаҳои техникӣ, мавқеи онҳоро дар ҷомеа пешбарӣ намуд. Аз ҷумла, низоми сертификатсияи касбии омӯзгорон ва устодони техникумҳо ба монанди school ҷорӣ карда мешавад. Туфайли он, ба омӯзгорони фанҳои техникӣ барои сертификати миллӣ дар ҳаҷми 30 фоизи моҳонаи онҳо ва барои сертификати байналмилалӣ дар ҳаҷми 50 фоизи маошашон маблағи иловагӣ пардохта мешавад.
– Солҳои охир аз ҷониби давлат чун дар дигар зинаҳои таълим – ба таълими олӣ низ эътибори махсус зоҳир мегардад. Ин нукта дар мулоқоти Президент бо муаллимон ва мураббиён ва ҳам дар табрик ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён таъкид гардид,–мегӯяд муовини роҳбари раёсати таълимӣ ва услубии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқ Раимбердӣ Ҳаитметов. – Дар ҳашт соли охир шумораи донишгоҳҳо аз 77 ба 202 адад расид ва миқдори умумии донишҷӯен аз 250 ҳазор ба 1,5 миллион нафар афзоиш ёфт. Ҷавонон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ имконияти интихоб пайдо карданд. Дар мулоқот таъкид шуд, ки минбаъд ба илмҳои дақиқ ва табиӣ диққати бештар дода мешавад. Ба наздикӣ қарор дар бораи кушодани филиали Донишгоҳи Бауман дар Институти давлатии техникии Олмалиқ Тоштех ба имзо расид. Дар Хоразм санги пойдевори Донишгоҳи Ал–Хоразмӣ гузошта шуд. Дар дигар минтақаҳо низ филиалҳо ташкил мешаванд. Дар мамлакати мо захираи бузурги сарватҳои зеризаминӣ мавҷуд аст. Дар ҷаҳон талабот ба минералҳои технологӣ, ба монанди теллур, литий, селен, графит, молибден якчанд маротиба меафзояд. Мувофиқи таҳлилҳои гузаронидашуда, 10-15 фоизи захираҳои ҷаҳонии волфрам, молибден, синк ва титан ба минтақаи мо рост меояд.
«Мо пеш аз ҳама ба илм, дониш ва навоварӣ ниёз дорем, то ин захираҳои азимро ба маҳсулоти арзиши иловагӣ табдил диҳем. Ман шодам, ки қисми зиёди олимони мо, ки дар кашфи натиҷаҳои баланд мебошанд, профессорҳоанд»,– гуфт Президенти кишвар дар ҷамъомад.
Чунончи, 25 фоизи кори самараноки 25 фоизи «таҷҳизоти рақамии тозакунии обҳои ношоям», ки аз ҷониби омӯзгори Донишгоҳи обёрӣ Эъзозбек Озодов ихтироъ шудааст, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Айни замон барои ин таҷҳизот фармоишҳои зиёде аз корхонаҳои бузурги ИМА расидаанд.
Профессори Донишгоҳи нақлиёт Зиёда Одилова низоми гибридии локомотивҳоро ихтироъ кард, ки аз генератори дизелӣ ва муҳаррики барқӣ иборат аст. Ширкати «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» ба татбиқи лоиҳа шурӯъ кард.
«Бубинед, олимони мактаби олии мо таҳаввулоти бузурги илмӣ доранд, лоиҳаҳои онҳо иқтисодиёти моро рушд медиҳанд,»– гуфт бо ифтихор Сарвари давлат ва тамоми олимони мактабҳои олиро рӯҳбаланд кард.
Соли гузашта дар мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои муҳандисӣ ташаббуси баргузории озмун байни ихтироъкорон пешниҳод шуда шуд. Ғолибони озмун бинобар 9 самт бо автомобилҳои барқӣ мукофотонида шуданд. Сазоворони ҷойи дуюм барои таҷрибаомӯзӣ ба хориҷа мераванд ва барандагони ҷойи сеюм бо ҷоизаҳои пулӣ тақдир карда мешаванд.
Минбаъд мусобиқаҳо дар тамоми самтҳои таҳсилоти олӣ, байни омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида мешаванд.
Донишгоҳҳое, ки шумораи зиёди ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро ба даст овардаанд, барои хариди озмоишгоҳҳои муосир, адабиёти илмӣ ва дигар таҷҳизот ба миқдори муайяни маблағ мегиранд.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти олӣ табдил додани Ӯзбекистон ба маркази минтақавии маориф ва илм мебошад. Масалан, айни замон дар ҷаҳон 4 топ-100 мавҷуданд. Дар солҳои оянда шумораи онҳо то 10 адад зиёд карда мешавад. Илова бар ин, филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ, ки ба топ-100 дохил мешаванд, кушода хоҳад шуд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо соли оянда форуми байналмилалии Таълимии Осиёи Марказӣ бо иштироки зиёда аз 10 ташкилоти байналмилалӣ, 500 ректори донишгоҳҳои бонуфуз ва зиёда аз 1 ҳазор коршиноси байналмилалӣ баргузор мегардад.
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ 5 маротиба зиёд шуда, содироти хизматрасониҳои таълимӣ ба 200 миллион доллар мерасад.
Президент ташаббусҳои навро барои дастгирии минбаъдаи омӯзгорон пешниҳод кард. Аз соли нав ба омӯзгорони дараҷаи олӣ, ки собиқаи кории на камтар аз 15-сол доранд, 25 фоизи пардохти аввалияи ипотекӣ пардохта мешавад. Ба фарзандони омӯзгороне, ки соли хониши оянда ба донишгоҳҳои давлатӣ дохил мешаванд, 30 фоизи маблағи шартнома сабукӣ дода мешавад. Барои хариди компутерҳо то 10 миллион доллар қарзи имтиёзнок ҷудо карда хоҳад шуд, то муаллимон аз технологияҳои нави таълимӣ васеъ истифода баранд. Аз соли оянда музди хизматҳои давлатӣ барои кормандони соҳаи маориф 2 баробар кам карда мешавад. Системаи миллии сертификатсияи муаллимони таҳсилоти ибтидоӣ ба монанди муаллимони синфҳои болоӣ ҷорӣ мегардад.
«Имрӯз, бо оғози кори бузург ва шарафмандона барои бунёди таҳкурсии Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистони Нав, мо пеш аз ҳама ба шумо – омӯзгорони азиз ва донишҷӯёни болаёқат такя хоҳем кард. Ман бовар дорам, агар мо бо шумо самимона амал кунем, метавонем муъҷизаи пешрафти Ӯзбекистони Навро амалӣ кунем. Мо ба он ҳадафҳои баланде, ки дар назди худ гузоштаем, албатта ноил хоҳем шуд!» гуфтани Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳамаи мо – устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ қувва ва илҳоми нав мебахшад.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».