Водии Фарғона: иқдомҳои нав дар роҳи ҳамҷиҳатӣ ва рушди устувор

Водии Фарғона дар қалби Осиёи Марказӣ мавқеъ гузидааст. Водӣ имрӯз ҳарчанд ба се давлат: Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим шудааст, аммо риштаҳои таърихи муштарак, робитаи наздики халқҳо ин паҳноро чун минтақаи ягона ба ҳам мепайвандад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз масоиле, ки ба об, замин, сарҳад ва экологияи минтақа иртибот доранд, ҳаллу фасли худро интизоранд. Дар баробари ин, ба туфайли сиёсати ба миён гузоштаи Президент Шавкат Мирзиёев — «Осиёи Марказии нав», бо мурури вақт водии Фарғона ба рамзи ҳамкорию ҳамҷиҳатӣ табдил меёбад. Дар ин ҷараён, ба ҷуз робитаву мулоқотҳои байнидавлатӣ, фаъолияти  институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, хоссатан, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ (СҒҒ) нақши муҳим дорад.

Форуми сулҳи Фарғона — майдони мулоқоту боварӣ

«Форуми сулҳи Фарғона», ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Фарғона баргузор шуд,  дар роҳи ҳамҷиҳатии минтақавӣ қадами муҳим гардид. Дар он беш аз 500 нафар меҳмон ва 300 нафар иштирокчӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Аврупо ва Амрико ширкат варзиданд. Ғояи асосии чорабинӣ ба макони ҳамкорию боварӣ табдил додани водии Фарғона буд.

Ҷиҳати муҳими Фарғона инклюзивӣ будани он гардид. Дар форум, дар баробари мақомоти давлатӣ, ҷавонон, занон, шаҳрвандони маҳалла ва намояндагони ҷамоаи шаҳрвандӣ низ иштирок намуданд. Ин форумро бояд ба майдони воқеии «дипломатияи халқӣ» табдил дод.

Дар чорабинӣ масоили бехатарӣ, ҳамҷиҳатии наздисарҳадӣ, истифодаи пурсамари захираҳои об, таҳким бахшидани ҳамкорӣ ва робитаҳои фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар баёнияи форум таъкид гардид, ки «Водии Фарғона оинаи субот ва консолидатсияи Осиёи Марказӣ» мебошад.

Мазмуну моҳияти муҳокимарониҳо дар баёния ифода гардид. Дастфишории намояндагони вилоятҳои наздисарҳадии Фарғона, Суғд ва Боткен ба гирду атрофиён намунаи ибрат гардид.

Он чиз ҷолибият дошт, ки ба иқдом роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, хоссатан, роҳбари маркази минтақавии Осиёи Марказӣ доир ба дипломатияи  превентивӣ Каха Имнадзе, директори маркази СҲБА  доир ба пешгирии моҷароҳо Кейт Фирон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс ҳамроҳ шуданд.

Созмонҳои ғайридавлатӣ — пули боварию мулоқот

Солҳои охир раванди ислоҳотҳо дар вилояти Фарғона низ натиҷаи матлуб мебахшанд. Барои фаъолияти СҒҒ шароити муносиб фароҳам оварда шуд, фазои имкониятҳо ба ҷалби лоиҳаҳои гранти байналхалқӣ  боз гардид.

Дар ин росто созмонҳои байналхалқӣ, аз қабили Saferworld, GIZ, барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО ҳамкории фаъол доранд. Мисолан, лоиҳаҳое аз қабили «Н2О барои рушди ҷамъият» (Ӯзбекистон), «Иқлим тағйир меёбад — Боткен мутобиқат мекунад» (Қирғизистон) «Об — маншаи сулҳу ҳамкорӣ» (ҳамкории Қирғизистону Ӯзбекистон) ба донишу маърифати аҳолӣ афзуд.

Сайёҳӣ ва ҳамҷиҳатии иқтисодӣ — модели сулҳу субот

Водии Фарғона ба яке аз марказҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва сайёҳии Осиёи Марказӣ табдил ёфта истодааст. Ёдгориҳои таърихие ба мисли Ахсикат, Қува ва Мингтеппа ба рӯйихати «Долони Фарғона-Сирдарё»-и ЮНЕСКО ворид шудаанд. Ин ба рӯйи рушди сайёҳии минтақавӣ дари имкониятҳои навро боз мекунад.

Консепсияи сайёҳӣ бо иштироки ҷамоаҳои маҳаллӣ («community-based tourism») дар таҳкими сулҳ саҳм мегузорад. Масалан, туроператорони Фарғона вақте вориди устохонаҳои Ӯш гардиданд, натанҳо суди иқтисодӣ ба даст оварданд, балки  ба пули фарҳангие низ табдил ёфтанд, ки ду халқро ба ҳам мепайвандад.

Ташаббуси ҷавонон — асоси боварии ҳамҷиҳатӣ

Рушди сармояи инсон ва таъмини иштироки фаъоли ҷавонон кафолати сулҳ ва тараққиёт мебошад. Дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО — «Ҷавонон дар роҳи якдилии иҷтимоӣ» барои хонандагони мактабӣ бино ба шаҳрвандии глобалӣ, саводи медиа ва маданияти сулҳ барномаҳо роҳандозӣ шудаанд.

Форуми «Пулҳои дӯстии водии Фарғона», ки онро Иттифоқи Аврупо дастгирӣ кардааст, барои коркарди лоиҳаҳои муштараки ҷавонони фаъоли се давлат замина фароҳам овард. Лоиҳаи грантие, ки барои рушди мулоқоти гендерӣ бо ҳамкории СҒҒ «Ҳамроҳ»-и Ӯзбекистон ва Маркази медиатсияи назди Донишгоҳи давлатии Ӯш ба амал татбиқ гардид, далели ин гуфта мебошад.

Ин гуна ташаббусҳо, бешубҳа, бовариро дар байни ҷавонон таҳким мебахшанд, ба аз байн рафтани стереотипҳои манфие, ки дар тӯли солҳо ташаккул ёфтаанд, кумак мекунанд ва маданияти ҳамзистии осоиштаро ташаккул медиҳанд...

Водии Фарғона танҳо ҳудуди ҷуғрофӣ нест, балки майдонест, ки сулҳ, дӯстӣ ва рушди устуворро дар Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.

Сайёра Асранова,

сухангӯйи Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: