Хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои кластерии вилояти Самарқанд аз 60 ҳазор гектар замин 262 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, шартномаи солонаро дар 45 рӯз иҷро кардаанд.
Дар ғуну чини ҳосил 720 отрядҳои чинакчиён ҷалб гардиданд. 39 фоизи ҳосил бо кумаку ёрии ҳашарчиёни ғайратманд ва 61 фоизи он бо техникаи пуриқтидор ба хирман ирсол шуд.
Имсол дар 1791 хоҷагиҳои фермерӣ пунбадонаи навъи тезпазак ва серҳосили Чин кишту кор ва дар асоси талаботи агротехникӣ парвариш ёфта, хосатан навъи маҳаллии «Бухоро-102», «Султон», «Равнақ-1» ва ғайра ҳосили дилхоҳ додаанд.
Боиси хушнудист, ки аз навъҳои хитоӣ то 50- 60 сентнерӣ хомашёи саноатӣ гирифта шудааст. Гарчанде имсол муаммоҳои об мавҷуд буд, вале усулҳои обёрии қатравӣ хеле муфид гардид.
Дар комёбиҳои назаррас, саҳми ноҳияҳои Пастарғам (54402 тонна), Каттақӯрғон (45238 тонна), Пайариқ (36555 тонна), Пахтачӣ (32427 тонна) ва ғайра лоиқи таҳсину ситоиш аст.
Имрӯзҳо дар тамоми ноҳияҳои пахтакор ба ҳисоби ӯҳдадорӣ фурӯши хомашёи саноатӣ идома дорад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.