Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо баробари дигар соҳаҳои муҳим, бахши нигаҳдории тандурустӣ низ самти асосии сиёсати иҷтимоии ҳукумат дониста шудааст ва таҳти таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи сарвари давлатамон мебошад.
Дар ин бобат ҷаҳиши бузург ба назар мерасад, хосатан муассисаҳои табобатӣ бо биноҳои хушсохту замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони соҳибтаҷриба ва соҳибтахассус пурра таъмин гардидаанд, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Дар заминаи қарору фармонҳои Президенти мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ, пешгирии бемориҳо, тарғибу ташвиқоти ташаккули тарзи ҳаёти солим на танҳо дар маркази шаҳру вилоятҳо, балки дар ноҳияҳои дурдаст низ диққату эътибори махсус зоҳир карда мешаванд.
Маҷмӯаи бисёрсоҳавии терапияи ноҳияи Самарқанд, ки дар минтақаи Янгиариқ ҷойгир буда, ба хотири дар бинои собиқ донишкадаи умумииттифоқии илмию тадқиқотии қарокулпарварӣ манзил гирифтанаш бо номи «ВНИК» машҳур аст, шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ мубориза бурда, намунаи баланди ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва хосатан садоқат ба савганди Ҳиппократро дар амал зоҳир мекунад.
Бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари беморхона, марди донишманду дарёдил Фаррух Обидов шифокорон ба табобати беморон машғуланд. Мудирони шуъбаҳо Гулҷаҳон Хоҷаева, Шаҳзода Абдуллаева, Мартаба Абдусаломова, Фармон Очилдиев ва дигарон бо кори неку ташхиси аълои худ ном бароварда, ба миҷозон хизмати шоиста мерасонанд.
– Ман аз деҳаи Равонак омадам, – гуфт яке аз корафтодагон Зокир Расулов, – аз сабаби вайрон шудани гардиши хун дар майнаи сар дар вуҷудам тағйироти ҷиддӣ рух дод. Хушбахтона, табибони соҳибтаҷриба маро аз чанголи марг раҳо карданд, ҳоло аҳволам беҳтар аст. Аз фурсат истифода бурда, ба шифокорон миннатдорӣ изҳор мекунам.
Мо чунин арзи сипос ва табрикоти самимонаро ба муносибати Рӯзи ходимони тиб аз дигар корафтодагон низ шунидем.
– Пири комили мо, алломаи Шарқ Абӯалии Ибни Сино дар асарҳои безаволаш – «Ал-қонун» ва ғайра нисбати илми табобат ва тиб зиёд навиштаанд, – мегӯяд Фаррух Обидов. – Итминони комил дорам, ки табибони ҷамоаи аҳлу тифоқи маҷмӯаи мо ҳамчун ворисони ҳақиқии ин аллома кору пайкори ӯро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ барои ҳарчи беҳтару хубтар гардидани сиҳҳатию некӯаҳволии мардум саҳми арзанда мегузоранд. Шифокорон Нигина Сулаймонова, Лола Ғаффорова, ҳамшираҳои шафқат Назира Меликова, Азиза Ҳакимова, Дилдора Зоҳидова таҳти роҳбарии ҳамшираи калон Тозагул Аҳадова дар атрофи беморон парвона ҳастанд.
– Дар бораи нақшаҳои оянда чанд сухан мегуфтед...
– Ҳоло мо шуъбаҳои кардиология, терапия, неврология ва боз лаборатория, яъне хонаи ташхис дорем, ки дар он бемориҳоро муайян ва сипас ба муолиҷа машғул мешавем. Дар маҷмӯаи мо 160 кати табобатӣ ҳаст, вале аз сабаби мунтазам зиёд шудани корафтодагон биноҳои хушсохту замонавии иловагӣ бунёд карда, ба мардум хизмати шоиста мерасонем.
Ҳамчунин ташкил кардани шуъбаҳои навро ба нақша гирифтаем.
Мо дар табобат аз рустаниҳои шифобахш ва хушкмева, шарбати онҳо низ истифода мебарем.
Умуман, нақшаҳои оянда зиёданд, мувофиқи қарору фармонҳои Президенти мамлакат тиббиёти Самарқанд боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳад ёфт.
– Таманнои шумо, ба ҳамкорон...
– Фарорасии Рӯзи кормандони тиб имконият медиҳад, ки тавассути рӯзномаи дӯстдоштаамон «Овози тоҷик» тамоми ҳамкасбонро самимона табрик гуфта, ба онҳо хонаободӣ, сиҳҳату саломатӣ ва дар фаъолияти пуршарафашон барору комёбӣ орзу кунам.
Собирҷон Бурҳонов,
муҳаррири калони бахши тоҷикии ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.