«Буҷаи ташаббускор» – роҳи ҳалли мушкилот

Дар вилояти Фарғона бо роҳи ба даст овардани маблағҳои барномаи «Буҷаи ташаббускор» масъалаву муаммоҳои зиёди ҳалношуда ҳаллу фасл мегарданд.

Дар доираи ин лоиҳа дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қумбосди»-и ноҳияи Ӯзбекистон ба масофаи 3 ҳазор метр шабакаи оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд. Анҷоми ин кор 1,3 миллиард сӯмро тақозо намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар медиҳад.

Бо дастгирӣ ва сарпарастии ҳокимияти ноҳия як чоҳи нави об кофта ва як бурҷи обӣ насб гардид, ки акнун сокинони маҳалла аз масофаи 1,5-2 километр ба хонаҳои худ об намекашанд. Ҳоло тақрибан аъзои 250 хонавода аз оби тозаи нӯшокӣ, ки тавассути лӯлаҳо ба ҳавлии онҳо кашида шудааст, истеъмол мекунанд.  

Ҳамчунин муддати се соли охир дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчлик»-и ноҳия дар доираи ҳамин лоиҳа корҳои васеъмиқёси ободонӣ ва инфрасохторӣ анҷом дода шудаанд. Дар ин ҷамоати шаҳрвандон, ки беш аз 4500 нафар аҳолӣ дорад, бо маблағҳои «Буҷаи ташаббускор» дар тӯли солҳои 2022-2024 беш аз даҳуним километр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидааст. Дар доираи ҳамин лоиҳа бо маблағи 1,3 миллиард сӯм беҳтар кардани таъминоти барқ ва чораҳои дигари инфрасохторӣ амалӣ шуданд. Инчунин мактаби таҳсилоти умумии рақами 60-уми он пурра таъмир шуд ва барои мактаби рақами 29 як бинои нави таълимӣ бо 120 ҷойи нишаст сохта шуд. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки омӯзгорону донишомӯзон аз муҳити муосири таълимӣ истифода баранд.

Корҳои ободонӣ дар ҷамоати мазкур идома доранд. Бар асоси лоиҳа бо маблағи 1,5 миллиард сӯм, аз буҷа боз севуним километр роҳҳои маҳалла таъмир ва мумфарш хоҳанд шуд. Кӯчаву хиёбонҳои рустоҳои ин ноҳия намои наву замонавӣ касб менамоянд ва сол аз сол ободу зеботар мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: