Ҷамъияти «Ҳифзи иҷтимоӣ»-и вилояти Намангон соли 2017 бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пиронсолон, маъюбон, пиронсолони танҳо, кӯдакони маъюб, ятимон, оилаҳои камдаромад ва аъзоёни онҳо ташкил шудааст.
Ҷамъият барои дастгирии иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавии онҳо, аз ҷумла, курсҳои омӯзишӣ оид ба ҳунарҳои миллӣ, соҳибкорӣ ва самтҳои гуногуни касбҳо, намудҳои варзиш ва махфилҳои хониш ва қонеъ кардани дигар ниёзҳои моддӣ ва ғайримоддии эҳтиёҷмандон хидмат мекунад.
– Бо дастгирии молиявии Фонди ҷамъияти дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ якчанд лоиҳаҳо татбиқ гардиданд, – мегӯяд раиси ҷамъият Моҳира Муъминова. – Бино ба лоиҳаи «Ҳамаи мо барои барқарор кардани арзишҳои истифодаи оқилонаи об масъулем» дар маҳаллаи Баҳористони ноҳияи Косонсой корҳои муфид ба амал бароварда шуд. Дар хонаводаи 30 оилаи камдаромад ҷиҳозҳои обёрикунӣ насб карда, хандакҳои дохилии 410 метра бо ҷӯйҳои бетонӣ пӯшонида шуд. Дар ин ҳудуд бо маблағи ҷамъият дар асоси лоиҳаи «Макони сабз» дарахтони мевадиҳанда ва манзаранок шинонданд. То ҳол ба шаҳрвандони ниёзманд ва модарони танҳо ба шакли пули нақд ё инки маҳсулотҳои хӯрокворӣ, либосҳои мавсимӣ, ашёҳои рӯзғор кумаки моддӣ мерасонем.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.