Дар маҷмааи “Баҳори Бойсун”-и ноҳияи Бойсун ҷашнвораи байналхалқии гастрономии “Сурхони болаззат” баргузор гардид.
Ҷашнвораи мазкур ба мақсади намоиши имкониятҳои бойи гастрономии воҳаи Сурхон, таблиғи васеъи анъанаҳои миллии таомпазӣ ва афзоиши ҷараёни сайёҳон ба минтақа ташкил карда шудааст.
Барномаи ҷашнвора пурмазмун ва рангоранг буда, намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунармандиву савғотиҳо дар павилонҳои шаҳри Тирмиз, чорабиниҳои анъанавии ҷашнии сайри ангур, себ, анор, мусобиқа ва бозиҳои миллӣ ба иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ таассуроти амиқ гузошт.
Гала консерти ҳунармандоне, ки аз пойтахти кишвар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, ба иштирокчиён кайфияти хуш бахшид.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Сурхондарё.