Таълими инфиродӣ: афзалият ва мушкилот

Пеш аз он ки дар бораи мафҳум ва моҳияти таълими инфиродӣ маълумот пайдо намоем, зарур аст, ки аввал худи таълими индувидуалиро хуб сарфаҳм равем. Калимаи «индивидуалӣ» аз вожаи лотинии «individualis» гирифта шуда, маънояш «шахсӣ, ҷудогона, фардӣ» мебошад.

 

Имрӯзҳо дар кишвари соҳибихтиёри мо баробари тараққиёти босуръати техникӣ, соҳаҳои дигар низ дуруст ба роҳ монда шудаанд, ки боиси шодмонӣ аст. Танҳо дар соҳаи таълим ҳама гуна ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба он нигаронида шудаанд, ки имрӯзи зебо ва ояндаи дурахшон бояд дар саросари кишвар таъмин гардад. Дар ҳамин замина, имрӯзҳо тавассути оинаи нилгун ва матбуоти даврӣ гуфта мешавад, ки дар соҳаи таълим навгониҳои зиёд зуҳур мекунанд ва ин ҳама барои босаводу маърифатнок кардани хонандагон, умуман аҳли ҷомеа нигаронида шудаанд.

Солҳои охир, дар барномаҳои муассисоти таълими олӣ ғайр аз кашф шудани усулҳои нави таълимӣ, методҳои навин, самтҳои тозаи таълимӣ ҷорӣ карда мешаванд. Яке аз ин гуна самтҳо – таълими инфиродӣ (индивидуалӣ) мебошад, ки аз самтҳои муҳими низоми муосири таълим ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон ба тарафи рушди технология, инноватсия ва озодандешӣ ҳаракат дорад, муносибати якхела ба хонандагон дигар натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ҳар як шахс қобилият, шавқ, таҷриба ва сатҳи дарку фаҳмиши хоси худро дорад. Аз ин рӯ, таълими индивидуалӣ ба омӯзиш ва тарбия дар асоси хислатҳои шахсӣ ва имкониятҳои инфиродии хонандагон равона карда мешавад.

Пеш аз он ки дар бораи мафҳум ва моҳияти таълими инфиродӣ маълумот пайдо намоем, зарур аст, ки аввал худи таълими индувидуалиро хуб сарфаҳм равем. Калимаи «индивидуалӣ» аз вожаи лотинии «individualis» гирифта шуда, маънояш «шахсӣ, ҷудогона, фардӣ» мебошад.

Таълими индивидуалӣ — ин низоми таълимиест, ки дар он тамоми равандҳои омӯзиш, тарбия ва рушди хонанда  ё донишҷӯ бо назардошти хусусиятҳои шахсӣ, қобилият, шавқу завқ, суръати дарк ва сатҳи дониш ба роҳ монда мешаванд. Ба ибораи дигар, таълими индивидуалӣ чунин усули таълим мебошад, ки ба хусусиятҳои равонӣ ва зеҳнии ҳар як шахс такя карда, имкони пешрафти шахсӣ ва мустақилонаи донишҷӯёнро таъмин менамояд. Гузашта аз ин, масъулият ва фаъолияти мустақилонаи хонандаро зиёд мекунад.

Пойдевори асосҳои назариявии таълими индивидуалиро дар таълим олимон ва педагогҳои маъруф гузоштаанд. Аз ҷумла Я.А. Коменский дар нигоштаҳои худ пешниҳод менамояд, ки таълим бояд «ба табиати хонанда мувофиқ» бошад. Яъне, донишҷӯ минбаъд худ ҳуқуқи интихоби ягон соҳаро дорад. Вай аз рӯйи завқу шавқ ва иштиёқи табииву ботинии худ ягон соҳаи таълимиро пеш мегирад.

Дар ҳамин замина педагоги машҳур К.Д. Ушинский зарурати ба эътибор гирифтани хусусиятҳои равонӣ ва зеҳнии кӯдакро таъкид мекунад. Вай ба ҳамин маънӣ иброз медорад, ки таълими табиӣ, яъне омӯзиши илме, ки аз рӯйи завқу шавқ ба роҳ монда шудааст, албатта самараи нек медиҳад.

Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки педагоги машҳури рус Л.С. Виготский мафҳуми «минтақаи рушди наздик» (зона ближайшего развития)-ро пешниҳод намуд, ки асоси педагогикаи фардӣ маҳсуб мешавад.

Ин гуна ғояҳои пешниҳодкардаи олимони соҳа боис гардид, ки имрӯзҳо ба масъалаи таълими инфиродӣ ҳусни таваҷҷуҳ афзояд.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таълими индивидуалӣ бояд ҳадаф ва вазифаҳои он низ дурусту бехато интихоб шаванд. Таъмини рушди ҳамаҷонибаи шахсият бо назардошти имконият ва қобилияти инфиродӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи малакаҳои худомӯзӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин ҷост, ки ин намуди таълим вазифаҳои зиёд, аз ҷумла омӯхтани хусусиятҳои равонӣ ва зеҳнии ҳар як хонанда, танзими суръат ва мундариҷаи таълим мутобиқи қобилият, фаъол гардондани донишҷӯён дар равандҳои худомӯзӣ ва эҷодӣ, дастгирии хонандагони қобилиятнок ва онҳоеро, ки ба кумак ниёз доранд, ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди таълимӣ барои ҳамагонро дар назар медорад.

Бояд қайд намуд, ки таълими фардӣ дар шаклҳои зерин амалӣ хоҳад шуд:

1. Таълими инфиродӣ (як ба як). Омӯзгор бо як хонанда ба таври алоҳида кор мекунад. Масалан, дарсҳои иловагӣ, машқҳои хонагӣ, тайёрӣ ба олимпиада.

2. Таълими дифференсиалӣ (гу-рӯҳӣ). Хонандагон мувофиқи қобилият, шавқ ва сатҳи дониш ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд, вале ҳар як гурӯҳ барномаи мутобиқро  барои  худ доранд.

3. Таълими фардӣ дар синфҳои умумӣ. Ин шакли таълими инфиродӣ аз дарсҳои умумӣ, вале бо супоришҳои гуногун – ба як нафар осонтар, ба дигаре мураккабтар иборат мебошад. Аммо дар ин гуна ҳолатҳо омӯзгор барномаи ягона дорад, вале роҳҳои иҷро ва арзёбиро мутобиқ месозад.

4. Таълими онлайн ва фосилавӣ (индивидуалӣ бо технология). Бо истифода аз платформаҳои рақамӣ (масалан, Coursera, ZiyoNET, Khan Academy) ҳар як донишҷӯ дар вақти барои худ мувофиқ метавонад бо суръати дилхоҳ маводи таълимиро омӯзад.

Худ аз худ саволе ба миён меояд, ки ин намуди таълим чӣ афзалият дорад? Дар таълими инфиродӣ агар омӯзгор шахсияти ҳар як хонандаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад, дар онҳо рушди фикри мустақил ва эҷодӣ, ангезаи баланди омӯзишӣ пайдо мешавад ва ин барои дастгирии донишомӯзони дорои қобилияти махсус, баланд шудани сифати таълим ва натиҷагирии шахсӣ мусоидат менамояд.

Дар ин замина, дар ин намуди таълим баробари афзалиятҳо, мушкилиҳо ҳам вуҷуд доранд. Яъне омӯзгор дар вақти таълими индивидуалӣ бояд дар ёд дошта бошад, ки он вақт ва захираҳои зиёд талаб мекунад, ниёз ба омӯзгорони дорои маҳорати баланд дорад, дар мактабҳои серхонанда татбиқи он душвор мегардад, маводи таълимӣ бояд гуногун ва рангоранг бошад, зарурати истифодаи технологияҳои муосирро барои идоракунии раванд талаб мекунад.

Бояд гуфт, ки роҳҳои татбиқи муассири таълими индивидуалӣ аз таҳияи нақшаи инфиродии таълим (Individual Learning Plan) барои ҳар хонанда,  истифодаи тестҳо ва ташхисҳои психологӣ барои муайян кардани қобилияти онҳо, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ барои пайгирии пешрафти ҳар шахс, мусоидат ба худомӯзӣ ва худбаҳодиҳӣ, омӯзиши омӯзгорон дар самти методикаи таълими фардӣ, ҳамкорӣ бо волидон ва мутахассисони равоншинос иборат мебошад.

Таълими индивидуалӣ дар сиёсати таълимии Ӯзбекистон тибқи «Стратегияи миллии рушди таълим ва илм дар Ӯзбекистон то соли 2030» яке аз самтҳои маҳакӣ ва калидӣ ба шумор меравад. Ҳадаф аз он таҳкими имкониятҳои шахсӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии насли ҷавон мебошад. Бинобар ин, бо ин мақсад дар мактабҳо барномаҳои махсус барои хонандагони боистеъдод ва инчунин дастгирии шахсоне, ки ба кумаки иловагӣ ниёз доранд, амалӣ мегардад.

Таълими индивидуалӣ роҳи самарабахши баланд бардоштани сифати таълим ва рушди шахсият мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҳар як донишҷӯ мутобиқи қобилияти табиии худ рушд намояд. Омӯзгор дар ин раванд на танҳо манбаи дониш, балки роҳнамо, мушовир ва ҳамсафари илмии хонанда мешавад.

Дар ин замина метавон гуфт, ки  ҳар як шахс ҷаҳонеро дар худ дорад ва роҳи кушодани ҳамин ҷаҳонро маҳз омӯзгор бояд дарёбад.

Адҳам Боймуродов,

дотсенти кафедраи технологияҳои ахбор ва зеҳни сунъии ДДОЧ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: