«Lex-Pro» – ғолиби ҷумҳурӣ

Чанде пеш байни талабагони тоифаи синнашон 14-18-сола таҳти унвони «Ҷавонон ва қонун» озмуни ҷумҳуриявии ҳуқуқшиносӣ ба амал омад.

Ба қарибӣ бо мақсади мустаҳкам кардани дониши ҳуқуқии ҷавонон, дар рӯҳи ҳурмату эҳтироми қонунҳо ва мавқеи шаҳрвандии фаъол тарбия намудани онҳо байни талабагони тоифаи синнашон 14-18-сола таҳти унвони «Ҷавонон ва қонун» озмуни ҷумҳуриявии ҳуқуқшиносӣ ба амал омад.

Дар он ҷамоаи «Lex-Pro»-и ноҳияи Қаравулбозори вилояти Бухоро, ки аз хонандагони болаёқати мактаби миёнаи рақами 1-уми ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тинчлик» созмон ёфтааст, бомуваффақият иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар ин комёбӣ саҳми Аълочии таълими халқ, ҷоизадори фонди вазир, соҳиби 70 фоиз музди иловагӣ, омӯзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқшиносии мактаби рақами як Меҳринисо Норова арзанда аст.

А.Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: