Гӯё дирӯз буд. Ҷонибек дар ҳалқаи дӯстонаш, ҳамкасбонаш – аҳли адаби тоҷик нишаста, шеър мехонду фараҳманд буд, ки ӯро бори дигар суҳбати дӯстонаш насиб гаштааст.
Сад дареғо, монд аз задан ногоҳ,
Он диле, ки қурбони одам буд.
Рафт агар аз чашм, монд дар дилҳо,
Ҷонибеке, ки ҷони одам буд...
Муҳаммади Шодӣ.
Гӯё дирӯз буд. Ҷонибек дар ҳалқаи дӯстонаш, ҳамкасбонаш – аҳли адаби тоҷик нишаста, шеър мехонду фараҳманд буд, ки ӯро бори дигар суҳбати дӯстонаш насиб гаштааст. Шукр мегуфт, ки чунин устодони мушфиқу дӯстони меҳрубон дорад. Гаҳи шодиву тараб зери навои сурудҳои тоҷикӣ «дастафшону покӯбон мерақсид», гоҳи танҳоиву маҳзунӣ ба Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ, Бедилу Соиб рӯ меовард.
Ӯ на танҳо ашъори саропо панд, тараннуми дӯстию бародарӣ, меҳр ба зиндагӣ, балки дар дили дӯстон меҳре бузург гузошт, ки тасвири он бо сухан мушкил аст. Одамон ёди некашро дар дил доранд, ҳар гоҳе варо ба хотир оваранд, сар меҷунбонанду афсӯс мехӯранд: «Гӯё дирӯз буд».
Нахустин шеъри ӯ солҳои донишҷӯйиаш дар факултети таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» чоп гардида буд. Барои Ҷонибек пешаи шоирӣ на ҳавову ҳавас, балки қисмат ва сарнавишт буд. Тамоми навиштаҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Қарз», «Арзи дил», «Ифтихор», «Розҳо», «Зангӯла» ба тоҷикӣ, «Юрак тӯлқинлари» ба ӯзбекӣ аз чоп баромад. Дар нашриётҳои Тоҷикистон ду китоби нав шомили ашъори баргузидаи Ҷонибек Қувноқ зери таҳрири устодони сухан Саидалӣ Маъмур ва Лоиқ Шералӣ («Саховат», Душанбе, нашриёти «Адиб», соли 1998) ва Гурез Сафар («Чароғи сухан», Душанбе, нашриёти «Адиб», соли 2010) ба табъ расидааст.
Баргузидаи ашъори бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тайи солҳои гуногун интишорнамудааш чор-панҷ сол муқаддам бо ибтикори шогирдону дӯстонаш дар шакли китоби алоҳида бо номи «Ширу шакар» ба табъ расидааст.
Бино ба андешаи Ҷонибек, кас дар ҷодаи шоирӣ бояд табъи равону дили ғамхор дошта, шарики дарду ғами мардум бошад. Аз ин рӯ, аз ҳар сатри шеъри ӯ бӯйи ҷигари сӯхта ва қалби кабоб меояд:
Сухан гуфтам гаҳ аз неку гаҳ аз бад,
Гузаштам гоҳ аз садду гаҳ аз ҳад.
Суханҳои ман аз зангӯлаи дил –
Садои адлу инсофу муҳаббат.
Ҷонибек деҳқонзодаву фарзанди кӯҳистон буд ва овони хурдсолӣ мушкилоти шебу фарозро дарк карда буд. Гоҳо барои аз ғаму андӯҳи гарон гурехтан хаёлан орзуҳои бачагӣ мекард. Бачагиву деҳа дарди ӯро даво мебахшид.
Васфи манзараҳои дилфиреби зодгоҳаш – Фориш, сафои чашмаву рӯди кӯҳӣ ҳама вақт вирди забони ӯ буд:
Ман – Форишӣ, дар мағзи кӯҳ,
Кӯю дари аҷдоди ман.
Аз чашмаву кӯҳи баланд,
Чор унсури бунёди ман...
Охирин кори шоёни шоири шодравон Ҷонибек Қувноқ ба тоҷикӣ баргардонидани достони безаволи Мир Алишери Навоӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. Як пораи он дар моҳвораи «Садои Шарқ», баъди фавташ, чоп шуд (1991, рақами 1).
Дӯст ва бародари Ҷонибек Қувноқ, адиби Тоҷикистон Давлати Даврон дар китоби хотироти худ чунин навиштааст: «Ҷонибек ҷавон рафта бошад ҳам, дар дилу дида ва хаёли хешу ақрабо, дӯстону ҳамкасбон бо ҳамон ҷавонию зебоӣ зиндагии хешро идома медиҳад...».
Ёдномаи хешро бо порае аз шеъри «Ба ёди устод Ҷонибек»-и Абдулло Субҳон ба поён мерасонам:
...Рафтию монд зи ту ҳасратҳо,
Рафтию монд зи ту осоре.
Кош, борат расидӣ то манзил,
Зинда, эй кош, бидидам боре...
Собир Эргашев,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.