Ҷонибек Қувноқ 10 ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Ӯ маълумоти миёнаи нопурраро дар мактаби зодгоҳ ва маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби рақами 10 (ҳоло рақами 38) деҳаи Синтаб фаро мегирад.
Гулханиро ман надидастам ба чашми сар, вале,
Хонда ашъори варо бо чашми дил бишнохтам.
Фозилонро фозилу инсони комил будааст,
Дӯстиву ростиро чун кафил бишнохтам ...
Ин байтҳо ба қалами шоири зиндаёд Ҷонибек Қувноқ тааллуқ доранд, ки ба Ориф Гулхании Самарқандӣ бахшидааст. Моҳият ва мазмуни байтҳои болоиро имрӯз мо дар шахсияти шоири зуллисонайн, тарҷумон, рӯзоманигор, таъсисдиҳандаи барномаи «Рангинкамон»-и телевизиони марказии ҷумҳурӣ, муаллифи байтҳо Ҷонибек Қувноқ эҳсос мекунем. Дар ҳақиқат ҷамъияти бисёрнафараи тоҷикон ва аҳли Ӯзбекистон Ҷонибекро надидаанд, вале ӯро аз рӯйи осораш, ки имрӯз аз китобҳои таълимӣ то сангҳои сари қабри қабристонҳо фаро гирифтааст, мешиносанду медонанд. Толибилмон дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои таълимашон ба дигар забонҳои донишгоҳҳо ҳаёт ва эҷодиёти Ҷонибекро меомӯзанд. Бо ҳамроҳии гурӯҳҳои таълимашон ба дигар забонҳо доири ҳаёт ва эҷодиёти шоир тадбирҳо мегузаронанд. Шеърҳояш дар иҷрои ҳофизон тариқи садову симо суруда мешаванд. Бахшида ба зодрӯзи шоир ҳамасола дар мактаби рақами 13 деҳаи Порашти ноҳияи Фориш – зодгоҳи Ҷонибек тадбири бошукӯҳ баргузор мегардад. Дар он натанҳо ҳамдеҳагон, балки аз намояндагони ҳамаи деҳоти кӯҳпояи Нурато ва вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанду Сирдарё ва Тошканд иштирок мекунанд. Чунин тадбирҳоро ҳамасола Марказҳои миллӣ – мадании тоҷикони ноҳияҳову вилоятҳо низ баргузор менамоянд. Осори Ҷонибек байни мардум тарғибу ташвиқ карда мешавад ва он чун як манбаи ташаккулдиҳандаи маърифату маънавият, эҳсосоти хештаншиносиву худогоҳӣ дар хидмати мардум буд ва боқӣ хоҳад монд.
Ҷонибек Қувноқ 10 ноябри соли 1941 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Ӯ маълумоти миёнаи нопурраро дар мактаби зодгоҳ ва маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби рақами 10 (ҳоло рақами 38) деҳаи Синтаб фаро мегирад. Соли 1959 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм намудааст.
Ҷонибек ҷавон рафт, вале дар рушди адабиёти тоҷик нақши носутурданӣ гузошт. Нахустин шеъраш соли 1961 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп мешавад. Маҷмӯаҳои шеърии шоир ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ таҳти унвонҳои «Қарз» (Душанбе, «Ирфон», 1973), «Арзи дил» (Душанбе, «Ирфон», 1977), «Юрак тӯлқинлари» (Тошканд, «Ёш гвардия», 1977), «Ифтихор» (Душанбе, «Адиб», 1982), «Розҳо» (Душанбе, «Адиб», 1987), «Зангӯла» (Душанбе, «Адиб», 1990), «Саховат» (Душанбе, «Адиб», 1998), «Чароғи сухан» (Душанбе, »Адиб», 2010) ва таҷумаҳояш дар китобҳои алоҳидаву намунаҳои алоҳидаи ашъораш дар маҷмӯаҳои гуногун чоп гардида, ба дасти хонанда расидаанд.
Ҷонибек ҳамчун инсони комил ва шоири тавоно пули устувори дӯстӣ буд миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон ва мардуми тоҷику ӯзбек, рамзи дӯстии ду халқ буд. Шоири зуллисонайн, ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод кардааст. Ашъори адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ, осори адибони ӯзбекро ба тоҷикӣ бармегардонд. Ин иқдом, бешак, идомаи дӯстӣ ва ҳамфикрии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад.
Ҷонибеки Қувноқ дар шаклгирии муҳити адабиёти тоҷикии Ӯзбекистон саъю кӯшишҳои фаровон ба харҷ дода, дар тарбияи адибони ҷавон ва рӯзноманигорон саҳми арзанда дорад. Шоир ва рӯзноманигори моҳир бо адибон ва рӯзноманигорони ҷавон рӯ ба рӯ нишаста ва ё тавассути мактубҳо осори эҷодии онҳоро таҳлилу баррасӣ намуда, маслиҳатҳо медод. Дар тарбия ва ташаккули маҳорати шоирони тавонои имрӯзи Ӯзбекистон Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ва дигарон саҳм гирифтааст.
Шоир ва файласуфи шинохта Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар як ёдномааш аз Ҷонибеки Қувноқ менависад: «Мисли дирӯз, ҳанӯз дар ёдам ҳаст: моҳи декабри соли 1984 буд, амакам як дафтари машқи маро бо худ ба Тошканд бурда ва ба устод Ҷонибек Қувноқ, ки мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзномаи «Овози тоҷик», ки он вақтҳо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт, тақдим намуданд. Дере нагузашта дар торихи 5 январи соли 1985 ду шеъри ман бо номҳои «Роҳҳо» ва «Ба устод» дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба чоп расид ва аз ҳамон сол ба баъд мукотибаи ман бо устод Ҷонибек шурӯъ шуд. Дертар дар таърихи 29 сентябри соли 1990 як шеър ва ду ғазалгунаам ҳамроҳ бо аксам ва суханони худам таҳти унвони »Манам фарзанди он миллат...» ба чоп расидааст.
Тақрибан як моҳ нагузашта хабари вафоти устод Ҷонибекро яке аз дӯстонам ба ман расонд. Ҳамон як суҳбат, аввалин ва охирин дидор шуд...».
Директори мактаби рақами 13-уми ноҳияи Фориш, ҳамдеҳаи Ҷонибек Сарибой Ярашев зимни як суҳбат гуфт, ки мо синфи 10-умро хатм намудем. Фурқат Қувноқов – амакбачаи Ҷонибек низ ҳамроҳи мо буд. Чанд нафар маслиҳат карда хостем дар деҳа назди падару модар монда, ба онҳо кӯмак расонем.
Ҷонибек ҳар боре, ки ба деҳа меомаданд, ҳатман аз мактаб дидан мекарданд. Бо толибилмон во мехӯрданд, бо омӯзгорон суҳбат меоростанд. Имтиҳони охирин давом мекард. Ногаҳ Ҷонибек ба мактаб омаданд. Ҳолпурсӣ карданд, нақшаҳои ояндаамонро пурсиданд. Ману Фурқат, гуфтем, ки дар деҳа мемонем... Бо як табассуми ба худ хос гуфтанд, ки «хондан муҳим аст. Дар куҷо мехонед ихтиёр дар шумост. Ана, Самарқанд, ки маркази илму ирфон аст, ба мо наздик мебошад. Кӯшиш ба харҷ диҳед, то дониш талабеду бузургӣ омӯзед».
Пас аз ин гуфтугузор ман ва Фурқат ҳуҷҷатҳоямонро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд супоридем. Фурқат рӯзноманигориро ихтиёр намуду ман омӯзгориро. Ӯ дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» хабарнигор шуду ман дар мактаби зодгоҳ омӯзгор. Устод ба ояндаи ҷавонони деҳа бефарқ набуданд.
– Модари Ҷонибек – момои Оча Нурова табъи шоирӣ доштанд, – мегӯяд омӯзгори собиқадори бознишастаи мактаби рақами 13 Мақсад Маҳдиев. Падарам Маҳдимурод саркори даравгарон буданд. Аҳли деҳа нақшаи ғалладаравиро иҷро мекунанд. Момои Оча бадеҳатан мегӯянд:
Мавсими дарав омад, Ударникҳо баромад.
Маҳдимуроди биргадир,Биёю байроқата гир.
– Ҷонибек ҳангоми навҷавонӣ ҳамроҳи ҳамсолону ҳамдеҳагонаш ба ҳезумчинӣ мебаромад. Якҷоя бо тӯшаи роҳ ҳатман китоб дошт. Ҳини ҳезумчинӣ шеър аз ёд мекард, вақти истироҳат китоб мехонд. Дар роҳ бо ҳамроҳон байтбарак бозӣ мекард. Аз овони мактабхонӣ ба китобхонӣ ва шеъру шоирӣ шавқи зиёд дошт. Ва дар охир як дубайтии шодравон Холназар Худойназаровро (аз деҳаи Эҷ) ёдрас намуд Мақсад Маҳдиев, ки дар васфи Ҷонибек гуфтаанд:
Бар ду миллат ӯ бародар – дӯст буд,
Ҳамчу ҳомӣ ҳамдилу ҳам дӯст буд.
Гарчи қисмат умри кӯтаҳ дода буд,
Ӯ ба назму наср марди чуст буд.
Ҷонибек, ҳарчанд, умри кӯтаҳ дид, вале ӯ бо осору тарҷумаҳои мондагораш ба ду забон, чун инсони комил бо маърифату маънавияти волояш, бо гуманизми баланду қалби поки пурмеҳри инсониаш, бо табассуми латифаш дар қалби мардум мондагор мавқеъ пайдо кардааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».