Мақсади асосӣ – истеҳсоли моҳӣ ва гӯшти арзон

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ба маркази омӯзиши хоҷагии фермерии «Оқ Амур балиқлари», ки дар соҳили рӯди Дарғам бо корҳои ривоҷу равнақ додани моҳипарварӣ ва чорводорӣ аз наздик шинос шуд.

Таъкид намуд, ки ҳоло дар вилоят 459 хоҷагии моҳипарварӣ арзи вуҷуд дошта, ҳавзаҳои парвариши он 10 ҳазор гектар заминро ташкил менамояд.

Роҳбари вилоят дар вохӯрӣ бо фермерҳо ба сухан баромада гуфт, ки моҳипарварӣ низ яке аз ҳафт хазина буда, соҳаи мазкур бояду шояд ривоҷу равнақ ёбад, ки талаб ба луқмаи ҳалол сол то сол афзуда истодааст.

– Ҷамоати хоҷагии фермерии «Оқ Амур балиқлари» на танҳо дар Самарқанд, инчунин дар Ӯзбекистони Нав пешқадам мебошад, – иброз дошт Адиз Музаффарович, –  хоҷагии мазкур ният дорад, ки дар як сол 134 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол карда, ба дастархони мардум ва ошхонаву тарабхонаҳои вилоят ирсол намояд. Инчунин 27 тонна моҳичаҳои навъи гуногунро ба фермерҳои моҳипарварӣ фурӯшад.

– Боз як масъалаи муҳим, – илова намуд нотиқ, – ривоҷу равнақи чорводорӣ аст. Ҳоло дар вилоят 751 комплекси чорводорӣ мавҷуд, 1,8 миллион сар гову гӯсола ва гӯсфанд парвариш меёбад. Аммо нархи гӯшт дандоншикан. Ана барои чӣ мо ният дорем, ки дар солҳои 2026-2030  ба миқдори 2,5 триллион сӯм комплекси чорводорӣ сохта 12,5 ҳазор сар чорвои зотҳои ба истеҳсоли гӯшту шир мутобиқшударо аз кишварҳои хориҷӣ харид карда, се ҳазор нафар шахсро ба меҳнати фоидабахш банд созем.

Дар вохӯрӣ фермерҳо низ ба минбар баромада, барои ривоҷу равнақи моҳипарварӣ ва чорводорӣ таклифу пешниҳоди хешро гуфтанд.

Ба шахсони масъул вазифаи ба ҳисоб гирифтани таҷрибаомӯзӣ супурда шуд.

– Боиси хушнудист, ки камина се маротиба бо сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев вохӯрӣ карда, доир ба ривоҷу равнақи моҳипарварӣ маслиҳат ва кумаку ёрии беғаразона гирифтам, – иттилоъ дод сарвари корхонаи хоҷагии фермерии «Оқ Амур балиқлари» Илҳомҷон Ҳалимов. – Ана барои чӣ хоҷагии мо ба маркази тадқиқот ва  моҳипарварӣ табдил ёфт.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: