Мо ба наздикӣ перомуни корҳое, ки Шӯрои маънавият ва маърифати вилояти Намангон таҳия ва иҷро мекунад, бо раиси он Мусохон Аппақов суҳбат оростем.
– Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар зиёда аз 70 идораю ташкилоти вилоят ва беш аз 350 маҳаллаи шаҳру ноҳияҳои он «Харитаҳои амалиёт» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор гирифтанд. Бо ҳамкории ташкилоти якчанд соҳаҳо зиёда аз 20 маротиба семинар, 3 бор конфронси илмиву амалӣ ва 1050 маротиба тадбирҳои маънавиву маърифӣ баргузор шуданд.
Дар мавзӯъҳои «Муттаҳид бошем, мо як халқем, як миллатем!», «Ӯзбекистони Нав – ҷамъияти бомаърифат», «Маънавият халоскори оламу одам аст», «Ҳар як пири нуронӣ ба 10 нафар мураббӣ», «Муносиби аҷдод бошем!», «Ҷавонон – бинокорони Ӯзбекистон Нав», «Сулҳ – неъмати олӣ» ва «Китобхони фаъол» чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Дар идомаи ҷашнвораи 64-умини байналмилалии «Фестивали гулҳо», ки аз 25 май то 13 июни соли ҷорӣ, тӯли 50 рӯз дар шаҳри Намангон баргузор гардид, зиёда аз 30 тадбири маънавию маърифӣ гузаштанд.
Дар тадбирҳое, ки дар мавзӯъҳои «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо!», «Иди гулҳо – иди амният», «Мо фарзандони як Ватанем!» якҷо бо марказҳои миллии тоҷик, корейс, қирғиз ва рус баргузор гардиданд, меҳмонони хориҷӣ низ фаъол иштирок карданд.
Ҳар рӯзи ҷумъа дар ҳокимият ва ташкилоту корхонаҳо соатҳои маънавият гузаронида мешаванд. Дар онҳо фаъолон дар мавзӯъҳои маънавию маърифатӣ баромад мекунанд.
Дар асоси нақшаҳои Маркази маърифат ва маънавияти ҷумҳурӣ, Вазорати таълими томактабӣ ва Ассотсиатсияи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавию тарбиявӣ лоиҳаҳо амалӣ мешаванд.
Бо мақсади баланд бардоштани маънавият, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ҳафтае як рӯзро «Рӯзи театр» эълон кардем ва дар он ташрифи кормандони ташкилоту корхонаҳо, сокинони маҳаллаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёна ва олиро ба роҳ мондем. Ғайр аз ин барои аҳолии ноҳияҳои дурдаст «Театри сайёр» ташкил кардем. Бо ҳамкории кумитаи иттифоқи касабаи вилоят ба ҷойҳои таърихию маданӣ ва зиёратгоҳҳои кишварамон сафарҳо ташкил карда шуданд.
Ҳангоми таътили тобистона дар мактабҳои миёна тадбирҳои «90 рӯзи зарбдор» ташкил ва ба онҳо омӯзгорону хонандагонро низ ҷалб намудем, фаъолон аз тарафи роҳбарони соҳаи маориф ва ташкилот рағбатнок карда шуданд.
Корҳои тарғиботиву ташвиқотиро барои пешбурди маънавияту маърифати аҳолӣ идома медиҳем.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.