Аз таърихи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон

Иттифоқҳои касаба аз рӯзҳои аввали таъсиёбӣ то имрӯз ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ ва ҳимоятгари мардум ҷойгоҳи хоса доранд. Онҳо бо сиёсати иҷтимоиву меҳнатии давлат ҳамқадам буда, барои беҳдошти шароити кору зиндагии кормандон саҳми назаррас мегузоранд.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханронӣ дар вохӯрӣ бо фаъолон ва собиқадорони иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон таъкид намуд: «Ҳаёт ҳамеша як ҳақиқатро собит мекунад: бе омӯхтани амиқи таърих ояндаро наметавон бунёд кард. Аз ин рӯ, омӯхтани таърихи ҳар як муассисаву ташкилот, гиромидошти хотираи инсонҳое, ки дар онҳо заҳмат кашидаанд, ба насли оянда расонидани амалҳои неки эшон вазифаи ҳамаи мо мебошад.

Бо ин мақсад, натиҷаи таҳқиқоти олимон, собиқадорон ва фаъолони соҳа собит кард, ки ҳаракати иттифоқҳои соҳа дар кишвари мо соли 1905 ба вуҷуд омадааст».

Аз ин ҷараён сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳоле, ки иттифоқҳои касаба дар байни ҷомеа мавқеи муҳим пайдо мекунад, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба омӯзиши таърихи ташкилёбии он дар кишвар эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ба ин мақсад бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва ҳамкории Институти таърихи Академияи илмҳои Ӯзбекистон, Бойгонии миллии Ӯзбекистон, Бойгонии Девони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шуъбаи китобҳои нодири Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ, Осорхонаи таърихи Ӯзбекистон ва дигар муассисаҳои илмӣ бобати омӯзиши омилҳои пайдоиш ва таърихи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи давлатии таърихи Федератсияи Русия, воқеъ дар Санкт-Петербург, корҳои таҳқиқотӣ гузаронида, доир ба таърихи иттифоқҳои касабаи кишвар маводи зиёди таърихӣ гирд оварда шуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин иттифоқҳои касаба дар Амрико ва Англия дар шакли маҳфил, ҷамъомад ва иттифоқҳои хурд пайдо шудаанд. Пас иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва иттифоқҳои касабаи умумӣ таъсис ёфтаанд. Дар кишвари Туркистон низ ин ҷараёни таърихӣ такрор ёфтааст.

 Иттифоқҳои касаба аз рӯзҳои аввали таъсиёбӣ то имрӯз ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ ва ҳимоятгари мардум ҷойгоҳи хоса доранд. Онҳо бо сиёсати иҷтимоиву меҳнатии давлат ҳамқадам буда, барои беҳдошти шароити кору зиндагии кормандон саҳми назаррас мегузоранд. Ибтидои асри 20  роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Оренбург (Русия) сернуфустарин муассисаи Осиёи Миёна буд. Ғайр аз ин кормандони муассисаҳои алоқа бо муассисаҳои роҳи оҳан робитаҳои наздик доштанд. Онҳо аз вазъияти иттифоқҳои касабаи Русия хуб огоҳ буданд. Чунки байни коргарони роҳи оҳан ва шуъбаҳои алоқа ҳамеша равобит вуҷуд дошт. Бинобар ин, ҳаракатҳои нахустин барои муттаҳид ва ҳимоя намудани ҳуқуқи иҷтимоӣ ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ оғоз ёфтааст. Ба тезонидани ин ҷараён ҳаракатҳои коргарони Русия дар ибтидои соли 1905 бетаъсир набуд. Кормандони роҳи оҳан ва муассисаҳои алоқа ба ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии коргарони Русия дар робита  буданд. Албатта, ин ҷараён ба фаъолияти коргарони роҳи оҳани Осиёи Миёна ва муассисаҳои алоқа бетаъсир намонд. Зеро «ангур аз ангур гирад ранг, ҳамсоя аз ҳамсоя гирад панд», гуфтаанд.

Дар сарзамини Ӯзбекистон аввалин ташкилоти иттифоқи касабаро коргарони роҳи оҳан ва кормандони шуъбаҳои алоқа тирамоҳи соли 1905 ташкил кардаанд. Иттифоқи касабаи роҳи оҳани Осиёи Миёна, Оренбург – Тошканд ва муассисаҳои алоқа дар охири соли 1905 наздики 8 ҳазор нафар коргаронро муттаҳид менамуд. Ин санад дар рӯзномаи «Самарқанд» (Шумораи 116 аз 10 июни соли 1905) дарҷ ёфтааст. Дар рӯзномаи «Самарқанд» мақолае зери унвон «Иттифоқи хизматчиёни роҳи оҳан» чоп шудааст, ки аз ташкилёбии иттифоқи касаба дар Осиёи Миёна шаҳодат медиҳад. Ин далел бар он аст, ки имсол ба ташкил ёфтани иттифоқи касаба дар Ӯзбекистон 120 сол пур мешавад.

Иттифоқи касабаи навтаъсиси роҳи оҳани Осиёи Миёна аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳимояи манфиатҳои коргарон ва хидматчиёни роҳи оҳан шурӯъ кард. Аз 13 то 20 декабри соли 1905 Қурултойи якуми коргарону хидматчиёни роҳи оҳани Осиёи Миёна баргузор гардид. Дар он қарор қабул карда шуд, ки аз моҳи январи соли 1906 ба баъд барои коркунон ва хидматчиёни роҳи оҳан рӯзи корӣ ҳашт соат муқаррар карда шавад. 1 июли соли 1906 Оинномаи иттифоқи касабаи коргарон ва хидматчиёни роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Оренбург – Тошканд қабул гардид. Ин ҳуҷҷат имрӯз дар Осорхонаи таърихи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешавад.

Тибқи маълумоти осорхонаҳо 24 октябри соли 1905 ҷамъомади умумии коркунони шуъбаҳои алоқа ва телеграф баргузор мегардад. Ҷамъомади умумӣ оид ба таъсис додани шуъбаи Туркистонии иттифоқҳои касабаи коркунони шуъбаҳои алоқа ва телеграфро қабул мекунад ва барои пешбурди фаъолияти иттифоқи касаба аъзои кумита интихоб карда мешаванд.

Маълумоти мазкур шаҳодат медиҳанд, ки аввалин иттифоқҳои касаба дар кишвари Туркистон соли 1905 ташкил ёфтаанд. 11 ноябр, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон таъин намудааст, 120-солагии муассисаҳои иттифоқи касабаи кишвар ҷашн гирифта мешавад.

(Дар мақола санадҳо аз ҳисоботи ҷонишини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Ҳаётҷон Шарипов истифода шуданд.)

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: