Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ

  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ
  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ
  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ
  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ
  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ
  • Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ – ҷашни ваҳдату ҳамҷиҳатӣ

Имрӯзҳо дар қасрҳои фарҳангӣ, театр, толорҳои санъат, майдону хиёбон ва ташкилоту муассисаҳои саросари мамлакат ба муносибати 16 ноябр – Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ дар доираи “Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ” чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ ва илмиву амалӣ доир мегарданд.

Чорабинии нахустини ҳафта, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли ҳифзи муҳити зист ва «иқтисодиёти сабз» ташкил гардид, бо гузоштани гулчанбарҳо дар пояи монументи Истиқлол, воқеъ дар боғи “Ӯзбекистони Нав”-и шаҳри Тошканд оғоз ёфт.

Роҳбарият ва кормандони Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзии мамлакат, Кумита оид ба корҳои динӣ, фаъолони марказҳои милливу фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ, намояндагони конфессияҳои динӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва вакилони ҷамъиятӣ иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Пас аз роҳгардии фарохдилӣ ва гузоштани гулабандҳои тару тоза дар пояи ёдгорӣ, иштирокдорон дар боғи “Ӯзбекистони Нав” дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” бо ниятҳои нек ниҳоли чинор шинонданд.

– Дар марҳилаи нави рушди Ӯзбекистон таҳти ташаббуси Президенти мамлакат ҷиҳати таъмини фарохдилии динӣ, ҳамҷиҳатии миллӣ ва устувории иҷтимоӣ дар ҷомеа, инчунин, бозомӯзии амиқи мероси ғании илмиву маънавии донишманд ва мутафаккирони бузурги кишварамон, ки дар рушди илму фан ва фарҳанги ҷаҳон саҳми шоиста гузоштаанд, ислоҳоти густурда амалӣ мегардад, – гуфт муовини якуми раиси Кумита оид ба корҳои динӣ Д.Мақсудов. – Дар мамлакати мо намояндагони беш аз 130 миллату қавм ва 16 конфессияи динӣ аҳлона умр ба сар бурда, озодона тоату ибодат менамоянд. Имрӯзҳо дар мамлакат 2373 ташкилоти динӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумор 2174-то ташкилоти исломӣ ва 199-то созмони ғайриисломӣ мебошанд. Дар ҳашт соли охир ҷамъ 134 ташкилоти динӣ, аз ҷумла, 3 муассисаи таълими олӣ, 1 боргоҳи таълимии  миёнаи махсуси исломӣ, 105 масҷид ва 25-то ташкилоти динии ғайриисломӣ, ки ба конфессияҳои гуногун мансубанд, сабти ном гардиданд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонае мебошад, ки ба таҳкими муҳити таҳаммулпазирӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар мамлакат, рушди фазои эътимоди байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар ба намояндагони миллату қавмҳои гуногун, тарғиби фазилатҳои эҳтиром ва ваҳдат байни шаҳрвандон, тарбияи насли ҷавон дар руҳи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба истиқлол нигаронида шудааст.

***
Имрӯз тибқи барномаи ташкил ва баргузории  “Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ” дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Ӯзбекистон – кишвари фарохдил” кори худро оғоз кард.

Дар намоишгоҳ намояндагони ташкилотҳои мутасаддӣ, мусаввирони Академияи бадеии Ӯзбекистон, марказҳои фарҳангӣ ва дӯстдорони санъату ҳунар иштирок карданд.

Дар беш аз 100 расме, ки ба намоиш гузошта шудааст, чорабиниҳои таҳти ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзии мамлакат, марказҳои милливу фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ баргузоршуда, тарзи зист, фарҳанг ва арзишу анъанаҳои намояндагони миллат ва қавмҳои гуногун, ки дар мамлакат умр ба сар мебаранд, инъикоси худро ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳафта баргузории намоишгоҳи китобҳои шоиру нависандагони халқҳои бародар, конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Ӯзбекистон – кишвари фарохдил”, сӯҳбати гирди мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон – сафирони ташаммулпазирӣ” бо иштироки донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ӯзбекистон таҳсил мегиранд, инчунин, намоишгоҳҳои марказҳои миллию фарҳангӣ, супоридани нишони сарисинагии “Диний бағрикенглик”, барномаи консертӣ таҳти унвони “Оҳангҳои фарохдилӣ”, бозии зеҳнии “Заковат” ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар аст.

Илова бар ин, дар мактабҳои ҳамагонии мамлакат озмуни иншоҳо дар мавзӯи “Фарохдилӣ аз нигоҳи ман”, озмуни расмҳои беҳтарин таҳти унвони “Кишвари фарохдили ман!” ва “Ҷашнвораи таҳаммулпазирӣ”, ки шеърхониҳоро фаро мегирад, пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мекунем, ки  “Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ” то 15 ноябр идома меёбад.

Ф.ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: