Таҳти чунин унвон дар доираи сессияи 43‑юми конфронси генералии ЮНЕСКО бо мақсади арзёбии илмии таърихи сеҳазорсолаи шаҳри Самарқанд ва инъикоси густурдаи ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ анҷумани байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии археологҳои Ӯзбекистон-Фаронса, археологҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, олимони таърихшинос иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи анҷуман муовини директори Департамент оид ба масъалаҳои иқтисоди эҷодӣ ва сайёҳии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элмурод Наҷимов, директори Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Лазаре Элундау Ассомо, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев таъкид карданд, ки Самарқанд аз қадим ба ҳайси маҳалли пайвасти тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб, чун маркази маънавият ва маърифат, ки илму ҳунар, тиҷорату меъморӣ рушд кардааст, шуҳратёр гардидааст.
Зикр шуд, ки солҳои охир дар самти омӯзиши таърихи шаҳри қадимӣ ҷустуҷӯ ва таҳқиқотҳо гузаронида шуда, роҷеъ ба гузаштаи Самарқанд маълумотҳои нав ба даст омаданд, ки ин на танҳо барои омӯхтани таърихи ин шаҳр, балки барои омӯзиши фарҳанги шаҳрсозӣ ва таърихи давлатдории мардуми тамоми минтақа аҳамияти бузург дорад.
Дар конфронс муаррихон ва бостоншиносон таъкид карданд, ки натиҷаи таҳқиқоти археологӣ нишон медиҳад, ки аввалин маҳалли зисти одамон дар ҳудуди Самарқанд ба ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод рост меояд.
– Дар ҷараёни кофтуковҳои археологӣ дар Кӯктеппа, Афросиёб ва дигар ёдгориҳои Самарқанд иншоотҳои меъмории шаҳрии қадим, биноҳои хоҷагидорӣ ва динӣ, инчунин намунаҳои фарҳанги моддӣ ёфт шудаанд, – гуфт профессор Темур Ширинов. – Ин бозёфтҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Самарқанд ва атрофи он тамаддуни шаҳрӣ пайваста рушд кардааст. Аз ҷумла, Кӯктеппа, ки тақрибан 40 гектар масоҳат дорад, аз ҷониби мутахассисон ҳамчун як шаҳри дорои биноҳои монументалӣ ва деворҳои муҳофизатӣ эътироф шудааст. Дар ин ҷо биноҳои аз хишти хом сохташуда ва ибодатхона ёфт гардидааст.
Соли 1990 ҳангоми кофтукови 27-ум дар Афросиёб, бостоншиноси ӯзбек М.Тӯрабеков девори муҳофизатии аз хишт ва сафоли ранга сохташударо дарёфт кард. Баъдтар, бостоншиноси Фаронса Франс Грен сафолҳои рангаро, ки аз Афросиёб ёфт, ба асрҳои X–VIII пеш аз милод мансуб донист. Аммо дар ҷараёни таҳқиқот таҳти роҳбарии бостоншинос М. Исомиддинов девори бузурги муҳофизатиро, ки аз ғишти хом сохта шуда, беш аз 7 метр масоҳат дорад, пайдо кардем. Аз зери он боз як девори куҳнатари муҳофизатӣ аз сафоли ранга ва дар ҳамон андоза ёфт шуд. Баъд муайян карда шуд, ки ин маҷмааи археологии давраи Афросиёб ба асрҳои X–VIII пеш аз милод тааллуқ дорад.
Ҳамин тариқ, дар қишрҳои қадимтарини фарҳангии Кӯктеппа ва Афросиёб маҷмааҳои монанди якдигар, аз ҷумла, деворҳои муҳофизатии аз хишт сохташуда ёфт шудаанд.
Дар рафти муҳокимаҳо натиҷаҳои таҳқиқоте, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар ёдгориҳои археологии Афросиёб ва Кӯктеппа гузаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати идомаи чунин таҳқиқотҳои илмӣ таъкид гардид.
Директори Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО Лазаре Ассомо изҳор дошт, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих ва мероси фарҳангии Самарқанд бояд идома ёбад ва натиҷаҳои он ҳуҷҷатгузорӣ шаванд. Инчунин, пешниҳод намуд, ки соли 2026 дар шаҳри Самарқанд конфронси байналмилалии илмӣ оид ба мероси фарҳангӣ баргузор гардад.
Акбар АЛИБЕКОВ,
ходими хурди илмии Донишкадаи археологияи Самарқанд ба номи Яҳё Ғуломов