Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китоби «Орзуи Ӯзбекистони Нав» ("Янги Ўзбекистон орзуси")-и сармуҳаррири рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» ва «Правда Востока», Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Салим Дониёров баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимону зиёиён, донишҷӯён ва дигар шахсиятҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Чорабинӣ аз ҷониби раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ифтитоҳ гардид.
– Роҳи интихобнамудаи Президенти мо Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистони Навро ба сӯйи ҳадафҳои бузург ва олиҷаноб мебарад, – гуфт Сироҷиддин Саййид. – Ҳама шароит ва имкониятҳои зарурӣ барои эҷоди самараноки аҳли қалам фароҳам оварда шудааст. Имрӯз эҷодкорону зиёиён вазифа ва масъулияти худро амиқ ҳис карда, ба шукуфоии Ватан саҳми муносиб мегузоранд. Китоби журналисти моҳир Салим Дониёров бо номи «Орзуи Ӯзбекистони Нав» бо мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва маводи таҳлилии, ҷавобгӯи ба талаботи замон сазовори эътибор аст.
Дар чорабинӣ директори генералии Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон, сенатор Абдусаид Кӯчимов, ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишер Навоӣ, академик Шуҳрат Сироҷиддинов ва дигарон дар бораи китоби нав маълумоти муфассал доданд.
Китоби «Орзуи Ӯзбекистони Нав» мақолаҳои таҳлилӣ ва мусоҳибаҳои муаллифро бо шахсиятҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Маводи мазкур дар давоми панҷ соли охир дар рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» нашр шудааст. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки китоб гӯё як санади хоси роҳи пешрафти Ӯзбекистони Нав мебошад. Инро дар чорабинӣ устодони рӯзноманигорӣ, нависандагон ва шоирон низ махсус таъкид карданд.
Дарҳақиқат, ҳангоми мутолиаи китоб, таърихи кӯтоҳ, вале пурифтихори Ӯзбекистони Нав ва таҳаввулоти тадриҷии ислоҳотҳо пеши назар меояд. Ҳар мавзӯи китоб бо забони самимӣ, равон ва содда, ҳамзамон бо назари журналистӣ таҳлил шудааст.
Журналисти шинохта, доктори фалсафаи илмҳои филологӣ ва дотсент Салим Дониёров соли 2010 ғолиби озмуни «Қалами тиллоӣ», соли 2020 соҳиби ордени «Меҳнат шуҳрати» ва соли 2025 бо унвони фахрии «Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ шудааст.
Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши аксҳои «Манзараҳои Ӯзбекистони Нав»-и аксбардори Иттиҳоди нависандагон Аҳмад Тӯра ташкил гардид.
Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.