Агар лифти бино вайрон аст...

Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳама гуна лифтҳои вайроншуда манъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, ба 6 844 лифте, ки аз санҷиши техникӣ нагузаштаанд, тамғақоғазҳо бо навиштаҷоти «Лифт аз санҷиши техникӣ нагузаштааст» часпонида шуданд.

Кумитаи бехатарии саноат, радиатсия ва ядро ҳамчун мақомоти ваколатдори идоракунии давлатӣ буда, татбиқ ва назорати сиёсати ягонаи давлатиро таъмин мекунад.

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбари Кумитаи бехатарии саноат, радиатсия ва ядро нишасти матбуотӣ таҳти мавзӯи «Чораҳои назоратӣ ва пешгирикунанда барои таъмини бехатарии саноатӣ дар шаҳри Тошканд» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбари шуъбаи ҳудудии кумита дар шаҳри Тошканд Олимҷон Ҷӯраев оиди корҳои дар соҳа анҷомдодашуда маълумот дод. Қайд гардид, ки кумита чораҳои назоратӣ ва пешгирикунандаро дар иншоотҳои зерин:  кранҳои истифодашаванда дар соҳаи сохтмон, анборҳои нигоҳдории маводи кимёвии заҳролуд, омодасозии аттраксионҳо барои мавсим, ширкатҳои хидматрасонии лифтҳо дар шаҳри Тошканд ба таври системавӣ амалӣ мекунад.

Аз аввали соли ҷорӣ шуъбаи ҳудудии шаҳри Тошканд чораҳои назоратӣ, тадбирҳои профилактикӣ анҷом дода, дониши кормандони корхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар натиҷаи чораҳои назоратӣ 1 145 ҳолати вайрон кардани талаботи қонунӣ ошкор гардидааст. Ба 135 нафаре, ки ба ин ҳолатҳо роҳ додаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

8 сентябри соли ҷорӣ дар майдони сохтмони манзили «Думбирабод Сити» дар ноҳияи Чилонзор садама рух дод. Крани борбардори ҶММ «Омега Агро Строй» фурӯ рафт ва як нафар ба ҳалокат расид, ду нафар ҷароҳати вазнин гирифтанд. Комиссияи махсуси тафтишоти мақомоти ваколатдор садамаро мавриди таҳқиқ қарор дод ва чораҳои дахлдор андешид.

Вазъи риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва ҳифзи меҳнати 263 аттраксион, ки дар 17 боғи фарҳангӣ ва фароғатии Тошканд насб шудаанд, низ мавриди назорат қарор гирифт. Муайян шуд, ки баъзе иншоотҳо шиносномаҳои техникӣ надошта, баъзеи дигар ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Аттраксионҳое, ки ба қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, то бартараф кардани камбудиҳо муваққатан аз шабакаи барқӣ ҷудо карда шуданд. Барои пешгирии қонуншиканиҳо дар истифодаи аттраксионҳо платформаи электронии назорати ҷамъиятӣ «attraksionnazorati» ба кор андохта шудааст.

Мутахассисони соҳа инчунин оид ба истифодаи лифтҳои биноҳои баландошёна маълумот доданд. Дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ, дар асоси дастурҳои Сарпрокуратура, ҳамаи лифтҳои биноҳои истиқоматии Тошканд тафтиш ва камбудиҳои ошкоршуда ислоҳ карда шуданд. Камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби ҳокимиятҳои ноҳиявӣ ба платформаи «Лифтҳои бехатар» ворид гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар 9 147 таҷҳизоти лифт 37 103 камбудӣ ошкор карда шуд.

Мувофиқи қоидаҳои қабулшуда, барои огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи ҳолати техникии лифтҳо ба кабинаҳои лифт стикерҳои сабз (коршоям), кабуд (қисман вайроншуда), зард (ноқис) ва сурх (барои истифода хатарнок) часпонида мешаванд. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳама гуна лифтҳои вайроншуда манъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, ба 6 844 лифте, ки аз санҷиши техникӣ нагузаштаанд, тамғақоғазҳо бо навиштаҷоти «Лифт аз санҷиши техникӣ нагузаштааст» часпонида шуданд.

Таваҷҷуҳи қатъӣ ва чораҳои системавии Кумитаи бехатарии саноат, радиатсия ва ядро дар шаҳри Тошканд нишон медиҳад, ки назорати давлатӣ ва пешгирии садамаҳо дар соҳаи саноат барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва таъмини амнияти техникии пойтахт яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: